БОЗИҲОИ ОСИЁ: назаре ба таърихи онҳо. Қисми 1

Август 28, 2018 17:16

ДУШАНБЕ, 28.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистони соҳибистиқлол дар қатори кишварҳои Осиё дар Бозиҳои тобистонаи ин қитъа аз соли 1994 инҷониб ширкат меварзад ва ба як қатор дастовардҳои варзишӣ ноил шудааст.  Азбаски имрӯзҳо  Бозиҳои 18-уми Осиё дар Индонезия идома доранд, шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Аловиддин БӮРИЕВ ба сафҳаҳои таърихи ин бозиҳо таваҷҷуҳ кард…  

Қисми 1

Бозиҳои Осиёӣ замоне ба таърихи кишварҳои Осиё ворид шуданд, ки Ҷанги дуюми ҷаҳон ба анҷом расид ва барои барпо кардани дӯстиву рафоқат миёни миллатҳо зарурати баргузор кардани чорабиниҳо, аз ҷумла мусобиқоти гуногуни варзишӣ ба миён омад.

Таҷрибаи гузаронидани олимпиадаҳо ва мусобиқаҳои варзишӣ дар ҷаҳон аллакай ба ҳукми анъана даромада буданд. Аммо Бозиҳои осиёӣ сарчашмаи худро аз мусобиқоти хурди байни се кишвар-Империяи Япония, Филиппин ва Чин, ки бо номи Бозиҳои Шарқи Дур-чемпионат ёд мешавад, гирифтаанд. Ин давлатҳо бо ташкили ин мусобиқоти варзишӣ ба ҷаҳониён нишон доданӣ буданд, ки онҳо бо ҳам ҳастанд ва алоқаҳои густурда доранд.

Аввалин бозиҳои Шарқи Дур-чемпионат дар шаҳри Манилаи Филиппин соли 1913 гузаронида шуд. Баъдан як қатор давлатҳои Осиё ба он ҳамроҳ шуданд. Соли 1938 замоне, ки Япония ба Чин ҳуҷум кард, бозиҳо ҳам қатъ шуданд.

Баъди анҷом ёфтани Ҷанги дуюми ҷаҳон як қатор давлатҳои Осиё мусатқил шуданд ва истиқлолиятро ба даст оварданд. Акнун яке аз воситаҳои таҳкими дустӣ ва якдигарфаҳмии давлатҳо, ин ташкили мусубиқаҳои варзишӣ ба шумор мерафт.

Моҳи августи соли 1948 дар ҷараёни Бозиҳои 14-уми Олимпӣ дар Лондон Кумитаи олимпии Ҳиндустон ба сарони ҳайати варзишии кишварҳои Осиё идеяи гузаронидани Бозиҳои осиёиро пешниҳод кард. Онҳо ин пешниҳодро ҷолиб дарёфта, таъсиси Федератсияи варзиши Осиёро маъқул шумориданд. Ҳамин тавр соли 1949 Федератсияи бозиҳои Осиё таъсис дода шуд. Муқаррар шуд, ки Аввалин Бозиҳои осиёӣ дар шаҳри Ню-Деҳлии Ҳиндустон баргузор мегардад.

Бозиҳои аввалини Осиё

Нахустин Бозиҳои Осиё аз 4-ум то 11-уми марти соли 1951 дар Ню-Деҳлии Ҳиндустон бо ширкати 11 давлат гузаронида шуданд. Дар барномаи бозиҳо рақобатҳо дар риштаҳои варзиши баскетбол, велосипедронӣ, варзиши сабук ва вазнбардорӣ, шиноварӣ, ҷаҳиш ба об, футбол ва тӯббозӣ дар об   интихоб шуданд.

Бозиҳои осиёиро Азиада ҳам ном мебаранд ва он  минбаъд ҳар чор сол гузаронида мешуд ва ба тобеияти Шӯрои олимпии Осиё, ки аз ҷониби Кумитаи байналмилалии олимпӣ танзим мешуд, шомил гардид. Дар ҳар як намуди варзиш ба ғолибон медалҳои тилло барои ҷои якум, нуқра барои ҷои дуввум ва биринҷӣ барои мақоми сеюм супорида мешаванд.

Бозиҳо бо ҳузури Кумитаи миллии олимпии кишварҳои аъзо гузаронида мешаванд. Парчами давлатии ғолибони мусобиқаҳо  дар варзишгоҳҳо барафрохта шуда, суруди миллиашон садо медиҳад.   Ҷадвали нишондиҳандаҳои дастовардҳо- медалҳо, ки ҷои давлатҳоро муайян мекунад, истифода мегардад.

Варзишгарони ҳамаи кишварҳое, ки ба қитъаи Осиё дохиланду пазируфта шудаанд, ба ғайр аз Россия ва Туркия, ки қисман ба Осиё шомиланд, инчунин Озарбойҷон, Гурҷистон, Арманистон, Кипр, Изроил ва қисмате аз Ҷумҳурии Мисри Араб дар он иштирок карда метавонанд.

Натиҷаи Бозиҳои 1-уми осиёӣ:

 

ҶОЙ ДАВЛАТҲО ТИЛЛО НУҚРА БИРИНҶӢ ҲАМАГӢ
1 Япония 24 21 15 60
2 Ҳиндустон 15 16 20 51
3 Эрон 8 6 2 16
4 Сингапур 5 7 2 14
5 Филиппин 5 6 8 19
6 Сейлон 0 1 0 1
7 Индонезия 0 0 5 5
8 Бирма 0 0 3 3
ҶАМЪИ МЕДАЛҲО 57 57 55 169

 

Август 28, 2018 17:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид
Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ду иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
Дар Тоҷикистон нахустин толори варзишии шамшербозии «Шеру Шамшер» ифтитоҳ шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-20) дар бозии даври дуюми марҳилаи интихобӣ тими Афғонистонро мағлуб кард
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Имрӯз дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо дастаи Афғонистон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол моҳҳои сентябр ва октябр дар сафар се бозии дӯстона баргузор мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 31 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
ФУТБОЛ. 31 август марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни мунтахабҳои ҷавонони то 20-сола оғоз мешавад
Сармураббии нави дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол таъйин гардид
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол бозии дуюми санҷиширо бо дастаи Лубнон мусовӣ анҷом дод