Дар Душанбе боз як гулгашти нав бунёд мегардад

Август 22, 2018 08:50

ДУШАНБЕ, 22.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хиёбони Ҳофизи Шерозии  пойтахт, дар назди Иттиҳодияи истеҳсолии «Нассоҷии тоҷик» боз як гулгашти нав бо фаввораҳои муосир  бунёд мегардад. Хабарнигори АМИТ «Ховар» Рухсораи НУР бо рафти корҳои  сохтмонӣ дар гулгашти мазкур шинос шуда, бо масъулин ҳамсуҳбат гардид.

Алҳол  дар  ин макон сохтмончиён корҳои  асосии бунёдиро  ба анҷом расонида, ба сафолакпӯш кардани роҳравҳо ва сабзазоркунии  гулгашт  машғул мебошанд.

«Мақсад дорем, то ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон навсозии фаввора ва  бунёди ин гулгаштро ба анҷом расонида, онро ба  сокинони пойтахт туҳфа намоем», — иброз дошт директори генералии «ИИ Нассоҷии тоҷик» Хушмаҳмад Ҷонмаҳмадов.

Ба иттилои Х. Ҷонмаҳмадов,  ин гулгашт аз ҷониби  «ИИ Нассоҷии тоҷик» сохта шуда,  масоҳати фаввораҳо 2630 метри мураббаъ  ва   гулгашт  2048 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

«Тибқи супориши Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ  дар бунёди фаввораҳо ва гулгашт мо аз масолеҳи хушсифати сохтмонӣ истифода кардем.  Дар бунёди он аз санги мармари ноҳияи Ванҷ ва гранити вилояти Суғд истифода бурдем. Акнун корҳои сабзазоркунӣ  оғоз гардида, дар он гулу бутта ва дарахтони ороишӣ  мешинонем. Ҳамзамон барои насби нишастгоҳҳо  ва чароғон кардани ин мавзеъ омодагӣ гирифта истодаем»,- илова кард Х.Ҷонмаҳмадов.

Воқеан ҳам бо бунёди боз як макони фарҳангию фароғатӣ симои пойтахти  мамлакат-шаҳри Душанбе боз ҳам зебову дилработар мегардад. Итминон дорем, ки он ба макони писандидаи сокинону меҳмонони пойтахт табдил меёбад!

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

Август 22, 2018 08:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд