Дар Душанбе вазъ ва дурнамои бахши хусусӣ баррасӣ шуд

Август 20, 2018 17:03

ДУШАНБЕ, 20.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ҳиссаи бахши хусусӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии /ММД/ мамлакат  аз 15% то 70 % афзудааст. Ин нукта  дар конференсияи илмию амалии  «Бахши хусусӣ: вазъ ва дурнамои рушд», ки имрӯз дар Душанбе доир гардид, зикр шуд.

Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз созмондиҳандагони конференсияи мазкур буда, ҳадафаш   баррасии  дурнамои рушди  дарозмудат ва устувори кишвар, самтҳои  калидии  ташаккул ва пешрафти  бахши хусусӣ мебошад.

Дар конференсия  намояндагони вазорату идораҳои марбутаи  мамлакат,  марказҳову пажӯҳишгоҳҳои  илмию тадқиқотӣ, донишмандону коршиносон  ширкат намуданд. Онҳо масъалаҳои марбут ба  вазъ,  тамоюл ва чолишҳо дар фаъолияти соҳибкорӣ, маъмурикунонии рушди  фаъолияти  соҳибкорӣ механизмҳои  дастгирии рушди  соҳибкорӣ, ислоҳоти иқтисодӣ ва  рушди фаъолияти соҳибкорӣ  ва дастрасӣ ба замин, маблағ ва иншоот барои   пешбурди фаъолияти  соҳибкориро  баррасӣ карданд.

Зикр шуд, ки  рушди соҳибкории хурду миёна яке аз самтҳои асосии  сиёсати иқтисодии Ҳукумати мамлакат буда, барои рушди ин соҳа аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, барномаҳои гуногуни давлатӣ таҳия ва қабул  гардидаанд. Назар ба андешаи иштирокдорони конференсия,  95 фоизи соҳибкорон  дар  бахши хусусӣ фаъолият дошта, дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар  соҳибкории  хурд дар мамлакат  80 фоиз афзудааст ва саҳми  бахши хусусӣ дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти миллии кишварамон назаррас мебошад.

Таъкид шуд, ки дар соли гузашта нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишвар дар сатҳи устувор нигоҳ дошта шуда, суръати рушди воқеии иқтисодиёт ба 7 фоиз ва ҳаҷми ММД ба 60 миллиард сомонӣ баробар гардид. Тибқи дурнамо, дар се соли минбаъда ҳаҷми ММД беш аз 30 фоиз афзоиш ёфта, то ба 82 миллиард сомонӣ расонида мешавад.

Ҳамзамон иштирокдорони конференсия роҷеъ ба самтгирии  стратегии рушди  бахши хусусӣ дар кишвар, соддагардонии  расмиёти танзими  фаъолияти соҳибкорӣ дар мамлакат,  ислоҳот дар соҳаи  санҷишҳои фаъолияти  субъектҳои соҳибкорӣ, раванди дастгирии  молиявии  фаъолияти соҳибкорӣ  тавассути ҷудо намудани қарзҳои  имтиёзноки давлатӣ, имтиёзҳои андозӣ  ба фаъолияти соҳибкорӣ  дар доираи  эълон гардидани  соли 2018 Соли рушди  сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, фаъолияти  мақомоти гумрук  дар пешбурди  механизмҳои  рушди соҳибкорӣ  ва самтҳои он табодули назар карданд.

 

Август 20, 2018 17:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд
Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Панҷакент оид ба омодагии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ машварат баргузор шуд
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Истаравшан намоиш-фурӯши либосҳои мактабӣ ташкил гардид
Муовини Президенти Шурои ҷаҳонии ҳунарҳои мардумӣ дар минтақаи Осиё-Уқёнуси Ором бо тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Бахшида ба 32-солагии Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Омодагӣ ба соли нави хониш дар ҷаласаи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баррасӣ шуд
Масъалаи ташкили ковишҳои бостоншиносӣ дар мавзеи «Дараи Алмосӣ» баррасӣ гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад