Дар Тоҷикистон ҷазо барои таблиғоти терроризм пурзӯр карда шуд

Август 6, 2018 14:19

ДУШАНБЕ, 06.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 4 августи соли равон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи тағйиру иловаҳоро ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷазоро барои бо истифода аз интернет ба амал овардани даъвати оммавӣ ҷиҳати содир намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ ва (ё) сафедкунии оммавии фаъолияти террористӣ пурзӯр мекунад, ба имзо расониданд.

Тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳкими мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм ворид карда шуданд.

Зери мафҳуми «сафедкунии фаъолияти террористӣ» дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳороти оммавӣ оид ба дастгирии амалҳои террористӣ ва  дастгрии ин идеология фаҳмида мешавад.

Баъди нашри Кодекси ҷиноятӣ дар таҳрири нав барои даъвати оммавӣ ба фаъолияти террористӣ ва (ё) сафедкунии оммавии фаъолияти террористӣ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 10 то 15 сол пешбинӣ шудааст.

Чанде пеш, лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятиро вакилони палатаи поёнӣ ва аъзои палатаи болоии Парлумони ҶТ ҷонибдорӣ ва тасдиқ намуданд.

Тавре зимни муаррифии лоиҳаи тағйиру иловаҳо дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ вакили МН  Бахтовар Сафаров зикр кард, таҷрибаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нишон медиҳад, ки барои баъзе аз корбарон шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо (мессенҷерҳо)  ба  майдони таблиғоти терроризм ва фаъолияти террористӣ мубаддал гаштаанд.

Дар таҷрибаи судии Тоҷикистон чанд ҳолате буд, ки корбарони шабакаҳои иҷтимоиро барои гузоштани «лайк» ё «класс» зери маводҳо террористӣ ва ё такроран интишор (яъне ба истилоҳ «репост») кардани  паёмҳои ташкилотҳо ва ҳаракатҳои фаъолияташон дар ҷумҳурӣ мамнӯъ паси панҷара равон мекарданд.

Мувофиқи маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон, бисёре аз тоҷиконе, ки ба Шарқи Наздик рафта, ба сафи ифротиён, аз ҷумла «Давлати исломӣ»* пайвастаанд, маҳз тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ҷалб гардидаанд.

Бояд зикр кард, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Кодекси ҷиноятиро дар таҳрири нав баъди 5 рӯзи ҳамлаи хунуни гурӯҳи ҷавонон ба сайёҳони велосипедрони хориҷӣ дар ҷануби Тоҷикистон ба имзо расониданд. Ҷинояти мазкур ҳамчун амали террористие, ки аз ҷониби аъзои ташкилоти террористӣ-экстремистии дар Тоҷикистон мамнӯи  Ҳизби наҳзат* содир шудааст, эътироф гардид.

 

 

______________________________

* Мамнӯъ дар Тоҷикистон

Август 6, 2018 14:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд
Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» барои гузаронидани мавсими сармо омода мебошанд