Фестивали тобистонаи Душанбе, «Ғизои болаззат», «Шаҳри афсонаҳо»…-дар Душанбе ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил мегардад
ДУШАНБЕ, 14.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, нақшаи чорабиниҳои мазкур бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ, ғоявию бадеӣ таҷлил намудани ин ҷашни бошукӯҳи мамлакат дар пойтахт ва дар ин замина баланд бардоштани ҳисси хештаншиносиву худогоҳии сокинони шаҳр роҳандозӣ мегардад.
Тибқи нақшаи чорабиниҳо, бахшида ба ин ҷашни фархунда дар пойтахт баргузории ҳар гуна барномаҳои фарҳангию фароғатӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ дар назар дошта шудааст. Баргузории Фестивали тобистонаи Душанбе, аз ҷумлаи ин барномаҳои фарҳангӣ маҳсуб мешавад. Фестивали мазкур 18 – 19 августи соли равон дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» — и пойтахт баргузор мегардад.
Дар Фестивал барои сайругашти оилавии шаҳрвандон тамоми шароит фароҳам оварда мешавад. Дар ин рӯзҳо тамоми тарабхонаҳои пойтахт таҳти унвони «Ғизои болаззат» хӯрок ва дигар маҳсулоти миллиро ба намоиш ва фурӯш мегузоранд.
Барои бачаҳо таҳти унвони «Шаҳри афсонаҳо» ҳар гуна барномаҳои фарҳангию фароғатӣ, аз ҷумла, бо иштироки ҳунармандони театрҳои пойтахт намоишҳои мазҳакавӣ ва ҳазлу шухӣ пешниҳод гардида, онҳо метавонанд дар ин ҷо аспсаворӣ намоянд.
Ҳамчунин дар Фестивали тобистонаи Душанбе баргузории барномаи фарҳангию фароғатӣ бо иштироки санъаткорони машҳури мамлакат дар назар дошта шудааст.








Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад






