Генерал Ториқ Маҳдӣ пешниҳодҳои худро барои ҳалли қазияи мубориза бар зидди терроризми Ихвон* ва ТТЭ ҲНИ* дар Миср ва Тоҷикистон пешниҳод намуд

Август 3, 2018 18:24

ДУШАНБЕ, 03.08.2018 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, 1-уми август дар толори Шӯрои мисрӣ оид ба корҳои хориҷӣ, воқеъ дар  шаҳри Қоҳира, пойтахти Ҷумҳурии Арабии Миср, Конференсияи илмӣ-тадқиқотӣ оид ба фаъолияти  «Ҳизби наҳзати исломӣ* ва «Ихвон-ул-муслимин*», ба кори худ шуруъ намуд. Чорабинӣ зери сарпарастии пажӯҳишгоҳҳои давлатии илмӣ-тадқиқотии Ҷумҳурии Арабии Миср – Шӯрои Миср оид ба корҳои хориҷӣ, Форуми мисрӣ дар масъалаҳои ВАО, Маркази тадқиқоти сиёсӣ ва хабарии «Ҳивор» ва Намоишгоҳи баҳрӣ доир карда мешавад.

Рӯзномаҳои Миср роҷеъ ба натиҷаҳои нахустини ин конференсия гузориши муфассал дарҷ намудаанд, ки тарҷумаи тоҷикии матни яке аз онҳоро пешкаши хонандагон менамоем.

Ҷаласаи аввалини конференсия, ки шоми рӯзи чоршанбе дар масъалаи «Миср ва Тоҷикистон дар мубориза бар зидди созмонҳои террористӣ. Омӯзиши тафсилии фаъолияти Ихвон* ва ҲНИ*» баргузор гардид, нишон дод, ки мубориза бар зидди ташкилотҳои террористӣ бояд дар чорчӯби кӯшишҳои муштараки байналмилалӣ, иттилоотӣ ва омӯзишӣ дар асоси фаҳми саҳеҳ роҳандозӣ гардад.

Бояд зикр намуд, ки муборизаи муҳимтарин ин марҳила —  танзими паём ва барномаҳои ВАО бо дарназардошти мушкилиҳо, чолишҳо ва душманигароиҳоест, ки ба сари ин ду кишвар омадааст, мебошад. Мақсади созмонҳои террористӣ барои ба зону шинондани кишварҳо, рахна задан ба ваҳдати миллӣ ва дар чорчӯби «ҷангҳои насли чорум» эълон намудани набардҳо бо муассисаҳои давлатӣ равона гардидааст.

Дар оғоз, собиқ сафири ғайри муқими Миср дар Тоҷикистон ва собиқ ёрдамчии вазири корҳои хориҷии Миср Иззат Саъд ҳамкориҳои Миср ва Тоҷикистонро дар соҳаи амниятӣ ва як қатор масъалаҳои дигар таъкид намуд.

Сафир Иззат Саъд илова намуд, ки конференсияи имрӯза бо ҷашни 25 солагии оғози муносибатҳои дипломатӣ миёни Миср ва Тоҷикистон рост меояд. Ӯ қайд намуд, ки минтақаи Осиёи Миёна ҷойгаҳи махсусе дар тамаддуни исломӣ ишғол намуда, 95 дарсади донишмандону фарзонагони тамаддуни исломӣ аз фарзандони буруманди ин минтақа мебошанд, на аз минтақаи Ховари Миёнаи арабӣ.

Ӯ қайд намуд, ки рӯйдодҳои 11-уми сентябр дар таърихи мубориза бар зидди терроризм марҳилаи муҳимеро эҷод намуд. Ин гуфтаҳо пас аз ҳамлаи артиши ИМА ба Афғонистон ва Ироқ дар минтақаи Осиёи Миёна ва Ховари Миёна ба хубӣ таҷаллӣ ёфт. Ӯ ишора намуд, ки туҳматҳои ба минтақа равонагардида кори золимонае буд, ки ба сабаби ҳамҷавории Афғонистон, заминаи муносибе дар минтақа барои фаъолияти террористон эҷод намуд. Махсусан сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Афғонистонро, ки 1400 км ташкил медиҳад, барои мисол зикр намудан мумкин аст. Бо вуҷуди пайравии халқҳои ин минтақа аз мазҳаби Имом Абу Ҳанафа, онҳо аз ақидаҳои тундгарои хориҷӣ дар эмин намондаанд.

Аз ҷониби дигар, Абдусалом ал-Хидровӣ, вакили Парламенти Миср ва роҳбари Маркази илмҳои сиёсӣ ва расонаии Ҳивор таъкид намуд, ки ТТЭ ҲНИ* давомдиҳандаи идеологияи гурӯҳи Ихвонул-муслимин* дар Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Аз ин ҷо иштироки Марказро дар рафти конференсия зарурӣ мешуморад. Ӯ ишора намуд, ки «террорист дин ва миллат надорад» ва ин ибораро президенти Миср Абдулфаттоҳ Сисӣ ва президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар рафти бештари суханрониҳои худ қайд менамоянд. Ӯ паёми хешро ба унвони мардуми шарифи Тоҷикистон равон намуда, таъкид намуд, ки бояд мардуми тоҷик ин дарсро хуб эҳсос намоянд. Бояд ҳаҷми хатари ТТЭ ҲНИ*-ро ба хубӣ дарк намуда, аз таҷрибаи Миср бо гурӯҳи террористии Ихвонул-муслимин истифода баранд.

Ҳамчунин генерал Ториқ Маҳдӣ — собиқи узви Шурои Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, собиқ директори Шурои милии ВАО, собиқ деректори радио ва телевизиони давлатӣ, директори Форуми мисрӣ дар масъалаҳои ВАО таъкид намуд, ки Форуми мазкур лоиҳаи фаҳмондадиҳиро дар якҷоягӣ бо сарвазири кишвар ба нақша гирифта, аз ҳама омилҳои бадро дар ҷамъият омили «шикасти рӯҳӣ» ном бурд. Натиҷаҳои «шикасти рӯҳӣ» ба нобоварии муҳаббат ба Ватан ва дар тавонмандии кишвар дар мубориза бар зидди терроризм шубҳа намуданро ном бурд. Ӯ гуфт, ки мо бояд аз таҷрибаи соли 1967 дар масъалаи муомила бо буҳронҳо дарс гирем.

Т. Маҳдӣ изҳор намуд, ки мо бояд воқеъиятро дар ақлҳои ҷавонон тағйир дода, андешаронии ҷанвононро мусбӣ гардонем. Ӯ дар гуфтаҳои худ таҷрибаи солҳои ҳафтодумро пеш назар оварда, ки дар он вақт фикру ақидаҳои такфирӣ роиҷ гарида буд. Вале хушбахтона, танҳо равшанфикрии ҷавонон онҳоро аз он мусибати калон наҷот дод.

Собиқ шаҳрдори вилояти Искандария ва Вилояти Водии ҷадид дар суханронии худ таъкид намуд, ки баъд аз маҳви терроризм, бояд асоси фикрии тундгароӣ аз байн бурда шавад. Бояд мубориза ҳамаҷониба сурат гирад.  Ҳамаи ислоҳоти давлат бояд дар чорчуби қонун амалӣ шаванд. Ӯ қайд намуд, ки дар ҳамкорӣ бо созмонҳои исломӣ ду лоиҳа татбиқ мегардад: Лоиҳаи аврупоӣ ва лоиҳаи амрикоӣ. Ва маҳз аз ин ҷо бархӯрди кайфияти муомала бо созмонҳо рӯйи саҳна мебарояд.

Т. Маҳдӣ изҳор дошт, ки паёми Форуми Миср оид ба васоити ахбори омма, ки хулосаи он дар масъалаи кори расонаҳо дар мубориза бо созмонҳои террористӣ рӯйи варақ оварда шудааст, роли дастгоҳҳои амниятиро дар ин соҳа хело муҳим қайд намуд. Ӯ ишора намуд, ки Дастгоҳи разведкаи амрикоӣ соли 2010 стратегияи ҳимоявиеро таҳрезӣ намуд, ки тамоми маълумоти бадастомадаро дар аввал таҳлили шомил намуда, баъдан ба хулосаҳои лозима мерасонад. Тағйироти имрӯзаи олам нерӯи суханро аз нерӯи тупу мушакҳо пурзуртар гардонидааст. Аз ин рӯ, бояд нақши ВАО дар мубориза бо ақидаҳои тундгаро ва террористӣ пурмусъулияттар қарор дода шавад.

Ӯ қайд кард, ки ҳадафи конференсия барои пайдо намудани ҳақиқат дар хабарҳо ва адои вазифаи моҳиронаи касбӣ дар пахши хабарҳо равона гардидааст. Аммо хабарҳои беасос ва дученака сабаби танқиду хатогирӣ гардида, ба эҳсосоти мардум рахна мезанад.

Вай афзуд: «Форуми мазкур иқдомҳо ва қарорҳои худро баҳри дигарандешӣ ва рушди сатҳи фикрронии ҷавонон ошкоро матраҳ намуда, таъкид намуд, ки Миср эҳтиёҷ ба ВАО-ест, ки тамаддуни кишварро ба оламиён муаррифӣ намояд”. Валекин имрӯзҳо ба сабаби гум кардани равиши ҳирфавӣ, шахсони тасодуфӣ дар риштаҳои гуогуни ВАО фаъолият намуда, бо пешрафти технологияи имрӯза ошно нестанд. Ҳалли ин мушкила танҳо дар бозгашти “боварӣ” дар намоишҳо ва барномаҳои телевизионӣ мебошад.

Ӯ таъкид намуд, ки дурнамои Форум кайфияти фаъолияти ВАО-и мисриро барои «мардуми хосс ва ом» дар мубориза бар зидди фаъолиятҳои тарсуи терроризм бар зидди Ватан, дар бар мегирад. Бо тасҳеҳи паёми ВАО ва дуруст ба роҳ мондани сиёсати расонаҳо, ки ба чолишҳои имрӯза ҷавобгӯ аст, Ватанро аз ҳар гуна хатарҳои шикасти сиёсию иқтисодию амниятӣ мераҳонад.

 

_______________________________________

* Мамнӯъ дар Тоҷикистон

Август 3, 2018 18:24

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ТОҶИКИСТОН! Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Роҳи оҳани Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши идона доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суди конститутсионии Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатиро таҷлил намуданд
Дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Беморхонаи марказии ноҳияи Муъминобод навсозӣ мегардад
Ҳамкорӣ дар соҳаи илму маориф байни муассисаҳои илмии Тоҷикистон ва Русия таҳким меёбад
Омодагии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба фасли зимистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«ҶАВОНОН-ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Дар шаҳри Бӯстон ҳамоиши ҷавонону варзишгарон баргузор гардид
Ғолибони Мусобиқаи гӯштингирӣ барои дарёфти ҷоизаи Саидмуъмин Раҳимов муайян шуданд