«ХУШ КЕЛИБСИЗ, АЗИЗ ДӮСТЛАР!». Ҳайати ҳунармандони Тоҷикистон иборат аз 170 нафар вориди Тошканд гардид

Август 15, 2018 18:54

ДУШАНБЕ, 15.08.2018./АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз ҳайати ҳунармандони  Тоҷикистон, ки дар чаҳорчӯби сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон дар пойтахти ин кишвари ҳамсоя ҳунарнамоӣ мекунанд, вориди шаҳри Тошканд гардид. Онҳоро бо садои дафу дойра, карнаю сурнай  ва нидоҳои «Хуш келибсиз, азиз дӯстлар!» истиқбол намуданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги ҶТ хабар доданд, ҳайати мазкур  аз 170 нафар ҳунармандон иборат аст. Аз ҷумла, ба ин ҳайат Хунарпешаҳои халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ Саидқул Билолов,  Давлатманд Холов, Адҳам Холиқов, сарояндагони ҷавону шинохтаи мамлакат, роҳбари бадеии ансамбли эстрадии «Ориё»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ Муҳаммадрофӣ Кароматулло, Таҳмина Ниёзова  ва дигарон шомиланд.

Барномаи «Шоми дӯстӣ» 17 август дар Кохи «Ӯзбекистон»-и Тошканд сурат мегирад.

«Ҳайати ҳунарӣ дар чор автобус аз Душанбе ба шаҳри Хуҷанд рафта, аз он ҷо тавассути гузаргоҳи сарҳадии Ойбек ба шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон раҳсипор гардиданд»,- гуфтанд ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.

Ёдовар мешавем, ки «Шоми дӯстӣ» барномаи консертие буд, ки бори аввал дар  чаҳорчӯби нахустин сафари  давлатии  Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев моҳи марти соли ҷорӣ  дар Кохи Борбади шаҳри  Душанбе бо ширкати шумораи зиёди ҳунармандони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор шуда буд.

Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 17 август  бо сафари дурӯза вориди Тошканд мешаванд. Ин ҳам нахустин сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишвари дӯсту ҳамсоя хоҳад буд.

 

Август 15, 2018 18:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон филми бо истифодаи зеҳни сунъӣ офаридаи коргардони тоҷик соҳиби ҷоизаи миллӣ шуд