Иштирокчиёни барномаи муштараки консертии «Шоми дӯстӣ» роҳ сӯи Ӯзбекистон пеш гирифтанд

Август 14, 2018 15:15

ДУШАНБЕ, 14.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз ҳайати ҳунарии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини аввали Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ибодулло Машраб барои иштирок дар барномаи муштараки консертии «Шоми дӯстӣ»-и шаҳри Тошканд ба роҳ баромаданд.

Тавре аз Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, барномаи муштараки консертии «Шоми дӯстӣ» бегоҳии 17 августи соли равон дар Кохи форумҳои «Ӯзбекистон» бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон сурат мегирад.

Ҳайати ҳунарӣ, ки ба он 170 нафар шомиланд, ба шаҳри Хуҷанд рафта, аз он ҷо тавассути гузаргоҳи сарҳадии «Фотеҳообод»- «Ойбек»  ба шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон раҳсипор мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, дар барномаи муштараки «Шоми дӯстӣ» ҳунарпешаҳои шинохтаи тоҷик, ба мисли Давлатманд Холов, Адҳам Холиқов, Саидқул Билолов, Таҳмина Ниёзова, Муҳаммадрафӣ Кароматулло ва ансамблҳои рақсиву эстрадӣ аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон иштирок намуда, фарҳанг ва санъати тоҷикро муаррифӣ мекунанд.

Август 14, 2018 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон филми бо истифодаи зеҳни сунъӣ офаридаи коргардони тоҷик соҳиби ҷоизаи миллӣ шуд