Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи натиҷаҳои музокироти сатҳи баланди Тоҷикистону Озарбойҷон

Август 10, 2018 12:22
10.08.2018, Озарбойҷон

 

Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма,
Хонумҳо ва ҷанобон,

Бароям гуворост, ки бо сафари расмӣ дар сарзамини дӯстонаи Озарбойҷон ҳузур дорам ва меҳмоннавозии самимонаи мардуми Озарбойҷонро эҳсос мекунам.

Озарбойҷон дар стратегияи сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар яке аз ҷойҳои муҳим қарор дорад ва мо ҳавасманди рушд ва таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Озарбойҷон  мебошем.

Имрӯз дар доираи муколамаи сиёсии мо оид ба масъалаҳои дуҷонибаи дорои хусусияти минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкори муфид ва мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.

Мо бо Илҳом Ҳайдарович дар мавриди истифодаи пурраи имкониятҳои мавҷуда барои ҳамкории зич дар тамоми соҳаҳо ҳамфикр будем.

Афзоиши гардиши мол байни кишварҳоямон ва густариши доираи ҳамкориҳоямон дар бахшҳои гуногуни иқтисодӣ дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошт.

Дар ин самт, мо нақши муҳими Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратиро ҳамчун механизми ҳамгироии мутақобилаи ду кишвар зикр намудем.

Мо дар мавриди он ки иҷрои амиқи созишномаҳои дар доираи Комиссия бадастомада ва татбиқи санадҳои байнидавлатии баимзорасида омили рушди минбаъдаи муносибатҳои иқтисодию тиҷоратии мо мебошанд, ҳамфикр будем.

Мо бар он назарем, ки мувофиқаҳои имрӯза ба рушди шаклҳои дарозмуддати ҳамкорӣ дар бахшҳои асосии иқтисодиёт чун саноат, энергетика, нақлиёт, аграрӣ ва сайёҳӣ мусоидат хоҳанд кард.

Изҳори назар карда шуд, ки барои афзоиши назарраси гардиши моли дуҷониба ва такмили сохтори номенклатураи молӣ ҷоннокгардонӣ ва беҳтар намудани ҳамкорӣ дар ҳама самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн зарур мебошад.

Зимни ин сафар мо корро оид ба таҳкими заминаи ҳуқуқии ҳамкории дуҷониба идома додем.

Санадҳое, ки имрӯз мо аз рӯи натиҷаи музокирот ба имзо расонидем, талаботи замон буда, тамоми соҳаҳои калидии ҳамкориро фаро мегиранд.

Зимни музокирот, ки дар фазои анъанавии ҳусни тафоҳум сурат гирифтанд, мо дурнамои ҳамгироиямонро дар доираи СММ, САҲА, ИДМ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони ҳамкории исломӣ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ низ муҳокима намудем.

Мо мушкилоти Афғонистонро муҳокима кардем, ки нисбат ба он кишварҳоямон мавқеи ҳамсон доранд.

Мо ҷонибдории худро ба ҳадафҳои барқарорсозии сулҳу субот дар Афғонистон тасдиқ намудем.

Ҳамчунин ҷонибдориамонро барои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ, идеологияи радикалии динӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва дигар чолишҳову таҳдидҳои амниятӣ баён намудем.

Мехоҳам махсус зикр намоям, ки доир ба ҳамаи ин масъалаҳо мавқеи мо ҳамсон аст, ки он заминаи мусоиди  ҳамкорӣ ва ҳамгироии зич дар ин самт мебошад.

Мо ҳамчунин доир ба равандҳои дар Қафқози Ҷанубӣ ҷараёндошта табодули афкор намудем.

Мо ба принсипи ҳалли мусолиматомези муноқишаҳо ва низоъҳои мавҷуда дар чаҳорчӯби меъёрҳои байналмилалии умумиэътирофшуда изҳори ҷонибдории қавӣ менамоем.

Муколамаи сиёсӣ ва дипломатӣ, ба назари мо, самарабахштарин роҳи ҳалли чунин мушкилоти мураккабест ба монанди мушкилоти Қарабоғи Кӯҳӣ.

Таваҷҷуҳи махсус ба рушди робитаҳои фарҳангӣ ва гуманитарӣ зоҳир карда шуд.

Муҳимияти густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, санъат, сайёҳӣ ва дигар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ таъкид карда шуд.

Дар маҷмӯъ мехоҳам изҳор дорам, ки мо аз муколамаи баргузоргардида қаноатмандем.

Мутмаинам, ки натиҷаҳои музокироти имрӯза кишварҳо ва халқҳои моро боз ҳам наздиктар менамоянд.

Онҳо барои ҳамгироии мутақобилаи муваффақона, ки тайи даҳсолаи охир сол ба сол бо мазмуну муҳтавои нави амалӣ пур мешаванд, шароити иловагӣ ва замина фароҳам меоваранд.

Бо истифода аз фурсати муносиб, мехоҳам таъкид намоям, ки Тоҷикистон аз ҷониби худ барои ҳамаҷониба рушд ва таҳким ёфтани муносибатҳои байнидавлатиамон ба манфиати халқҳоямон ҳамаи кӯшишҳоро ба харҷ хоҳад дод.

Мутмаинам, ки кори имрӯз аз ҷониби мо анҷомдода барои ба зинаи баланди афзоиш баровардани шарикии бисёрҷонибаамон мусоидат менамояд.

Барои идома додани муколамаи созандаи байнидавлатӣ, ман аз Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Ҳайдарович даъват ба амал овардам, ки дар фурсати барояшон муносиб бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оранд.

Бори дигар ба Шумо, муҳтарам Илҳом Ҳайдарович ва дар шахсияти Шумо мардуми бародари Озарбойҷонро барои меҳмоннавозии гарму самимӣ ва анъанавии озарбойҷонӣ изҳори миннатдорӣ менамоям.

Ташаккур барои таваҷҷуҳатон.

Август 10, 2018 12:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Подшоҳи Норвегия Хокон VIII барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Демократии Непал Рам Чандра Паудел барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҳафт иншооти соҳаи маорифро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 20-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони касбу кори гуногун, собиқадорони меҳнат ва як гурӯҳ собиқ вакилони иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олӣ мукофотҳои давлатӣ тақдим намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба таври фосилавӣ бо рафти корҳои ободониву созандагӣ дар деҳаи Ғиҷовак шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бинои муассисаи томактабии «Зирамоҳ»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба таври фосилавӣ 10 иншооти навро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара муассисаи таҳсилоти томактабии «Орзу»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара майдонҳои муосири варзишӣ ва бозии кӯдаконаро ифтитоҳ намуданд