Кӯдакони маъюб – дар оғӯши «Шоҳин»
ДУШАНБЕ, 31.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. 70 нафар кӯдаки маъюб, волидайни онҳо ва кормандони тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал аз ноҳияи Айнӣ муддати як ҳафта дар осоишгоҳи «Шоҳин»-и шаҳри Гулистон ба истироҳат фаро гирифта шуданд. Лагери истироҳатӣ барои кӯдакони маъюб бо намояндагии Ассотсиатсияи КАРИТАС Олмон дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ созмон доа шуд.
Дар маросими ифтитоҳи лагери истироҳатӣ намояндагони КАРИТАС, созмонҳои ҷамъиятии «АЗИТ», «ДАРО» ва осоишгоҳи «Шоҳин» зикр карданд, ки кӯдакони маъюб дар радифи кӯдакони солим ба хизматрасониҳои тандурустӣ, таҳсилотӣ, маишӣ ва ҳуқуқӣ дастрасии баробар доранд.
Зикр шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хоса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба некуаҳволии шахсони маъюб таваҷҷуҳи махсус медиҳанд ва баимзорасонидани Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи шахсони маъюб аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи марти соли 2018 шаҳодати гуфтаҳост.
Бояд тазаккур дод, ки кӯдакони маъюб, ки нуқсҳои биниш, шунавоӣ, нутқ, ҳаракат ва зеҳнӣ доранд,зарфи як ҳафта дар лагер хуб истироҳат карданд. Барномаи тафреҳӣ асосан аз машқҳои пагоҳирӯзӣ, расмкашӣ, ширешкорию гулдӯзӣ, мӯҳрабофӣ, кулолгарӣ, оббозӣ, шеъру сурудхонӣ, рақс, мусобиқаҳои варзишӣ ва бисёр чорабиниҳои дигари фарҳангию варзишӣ ва ҳунарӣ иборат буд.
Илова бар ин, дар соатҳои оромӣ барои волидайн машваратҳои равонӣ доир ба тарбияи дурусти кӯдакони маъюб гузаронида шуданд. Инчунин кӯдакони маъюб ҳозиринро бо ҳунарҳои дастони худ, қироати шеъру сароидани сурудҳо ва намоиши саҳначаҳо, ки ҳангоми буду бошашон дар лагери тобистона омода ва аз худ карда буданд, шод намуданд. Барои иштироки фаъолашон дар чорабиниҳо бо тӯҳфаҳо ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ шуданд.
Аз намояндагии Ассосиатсияи КАРИТАС ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҳамгироии кӯдакони маъюб ба ҷомеа, рушди малакаҳои кӯдакон, беҳтар намудани малакаҳои волидайн дар мавриди нигоҳубини кӯдакони маъюб ҳадафи асоси лагери тобистона буд, ки он дар доираи лоиҳаи «Дастгирии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар татбиқи барномаи тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал барои шахсони маъюб дар ноҳияи Айнӣ» созмон дода шуд.

















Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ тавр аз лӯбиё таом ва ё хӯриш омода намоем?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо






