Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 20, 2018 20:08

ДУШАНБЕ, 20.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. 20 август дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар кори маҷлис рафти иҷрои дастуру супоришҳои Президент, татбиқу дар амал ҷорӣ кардани қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рафти корҳои ободонию созандагӣ баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахустин сафари давлатии худро ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки бо натиҷаҳои неку назаррас ва бобарор барои рушду густариши муносибатҳои дӯстӣ, бародарӣ, ҳамкорӣ ва ҳамсоягӣ анҷом ёфт, натиҷагирӣ карданд.

Таъкид гардид, ки ин сафар бо натиҷаҳои пурсамар дар таърихи муносибатҳои ду кишвари ҳамсоя бо ҳарфҳои заррин навишта мешавад. Яке аз натиҷаҳои пурарзиш ба сатҳи шарикии стратегӣ баромадани Тоҷикистону Ӯзбекистон мебошад.

Сафарҳои давлатии ҷавобии сарони давлатҳо, имзои санадҳо, баргузории бизнес-форумҳо, намоишгоҳҳои маҳсулоти саноатии кишварҳо, барномаҳои фарҳангии шоми дӯстӣ дар ҳарду давлат, кушодани 16 гузаргоҳи сарҳадии байни ҷумҳуриҳо, барқарор кардани алоқаи ҳавоӣ, роҳҳои мошингузар, фаъолияти назарраси Комиссияҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва дигар омилҳо имкон фароҳам оварданд, ки халқи тоҷику ӯзбек боз ба ҳам оянд, рафтуомади хешутабориро мустаҳкам намоянд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба саноатчиён, тоҷирону соҳибкорон барои муаррифии намунаҳои беҳтарини молу маҳсулот, дастовардҳои саноатии кишвар дар намоишгоҳи «Дар Тоҷикистон истеҳсол шудааст» ва ба таҳиягарон, аҳли ҳунару санъати ҷумҳурӣ барои пешниҳоди барномаи бошукуҳу пурмазмуни консертӣ дар «Шоми дӯстӣ» миннатдории самимии худро иброз доштанд.

Бо дарназардошти муҳимияти натиҷаҳои сафар ва қабули санадҳои муҳими ҳамкорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба рушду таҳкими муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ва ба Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ супориш доданд, ки барои татбиқи санадҳои меъёрию ҳуқуқии имзошуда тадбирҳои амалӣ андешанд.

Супоришҳои дигар вобаста ба омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни умумимилии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ ва ободонӣ дода шуд.

 

Август 20, 2018 20:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон