МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТӢ: Зиёда аз 52 ҳазор нафар довталабон сазовори номи донишҷӯ гардиданд
ДУШАНБЕ, 09.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Корманди Федератсияи футболи Тоҷикистон Нуралӣ Хоркашев аз қабули духтараш Ҳусноро ба факултети ҳуқуқшиносии донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук пайғом дода, хушҳолии худро иброз намудааст.
Ӯ навиштааст: «Имсол духтари калониам Ҳусноро, ки донандаи хуби забони англисӣ мебошад, баъди хатми МТМУ № 59 шаҳри Душанбе бо касби 441 имтиёз ройгон, рӯзона ба факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шомил шуд. Хабараш дишаб тавассути СМС ба мо расид. Шукри Худованд ва сипоси бепоён ба Пешвои миллат, ки дари беҳтарин донишгоҳу донишкадаҳоро барои ҷавонони лаёқатманд боз кардаанд!»
Бояд зикр кард, ки натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии довталабон дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли равон 7 августи соли 2018 эълон карда шуд.
Тавре ёвари Директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдувосид Юлдошев иттилоъ дод, маълумоти муфассал дар бораи натиҷаи озмуни тақсимот барои ҳар як довталаб дар асноди инфиродиаш ҷойгир карда шуда, инчунин ба телефони мобилии ӯ, ки рақами он дар варақаи бақайдгириаш қайд гардидааст, паёмак (SMS)-и ройгон бо маълумоти мухтасар ирсол карда шуд.
Ба иттилои ҳамсуҳбат, тибқи эълони натиҷаҳои иштироки довталабон дар имтиҳонҳои мазкур аз 89 ҳазору 317 нафар довталабе, ки дар имтиҳонҳо иштирок доштанд, ба озмуни тақсимот 70 ҳазору 820 нафар (79,29 %) роҳ ёфта буданд. Шумораи умумии довталабони ба озмуни тақсимот роҳёфта 104,39 %-и шумораи ҷойҳои тибқи нақшаи қабули донишҷӯён ҷудогардидаро ташкил медиҳад.
Соли равон барои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тариқи имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ҳамагӣ 67 ҳазору 844 ҷой, аз ҷумла, 46 ҳазору 957 ҷой барои муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва 20 ҳазору 887 ҷой барои муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ҷудо гардидааст.
Инчунин ҳамсуҳбат зикр намуд, ки дар озмуни тақсимоти асосӣ 52 ҳазору 364 нафар довталабон сазовори номи донишҷӯ гардиданд. Аз ҷумла, 39 ҳазору 976 нафар ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва 12 ҳазору 388 нафар ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ба муассисаҳои таълимӣ дохил шуданд. Шумораи умумии дов-талабони дар озмуни тақсимот комёбшуда 73,94 %-и шумораи ҷойҳои тибқи нашаи қабули донишҷӯён ҷудогардидаро ташкил медиҳад.
«Барои довталабони ба озмуни тақсимот роҳёфтае, ки тибқи натиҷаҳои озмуни мазкур комёб нагардидаанд, озмуни тақсимоти такрорӣ доир карда мешавад. Озмуни тақсимоти такрорӣ низ дар асоси холҳои аз имтиҳонҳо бадастовардаи довталаб, яъне бе супоридани имтиҳон баргузор мегардад. Барои иштирок дар ин озмун довталабон бояд дар нуқтаҳои бақайдгирӣ аз нав ба қайд гирифта шаванд. Ҳангоми азнавбақайдгирӣ онҳо имкон доранд, ки дар доираи ихтисосҳое, ки тибқи онҳо ҷойҳои холӣ мавҷуданд, то 12 комбинатсияи ихтисосҳоро интихоб намоянд ва дар даври дуюми тақсимот, ки аз 24 то 27 август баргузор мегардад, ширкат намуда, сазовори номи донишҷӯ шаванд», — гуфт А.Юлдошев.








Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид






