Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ ба намояндагони Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Август 30, 2018 09:58

ДУШАНБЕ, 30.08.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар арафаи таҷлили ҷашни умумимиллӣ — 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ ходимони давлатӣ, намояндагони соҳаи илм, маориф ва фарҳанги Ӯзбекистони ҳамсояро бо мукофотҳои давлатии Тоҷикистон сарфароз гардониданд.

Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 2018 шахсони мазкур, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар таҳкиму тавсеа ва густариши муносибатҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ, робитаҳои фарҳангию башардӯстона, иҷтимоию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи самарабахши байни ду кишвар ба манфиати мардумони тоҷику ӯзбек саҳми босазо гузоштаанд, бо мукофотҳои давлатии   Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамин тавр:

Абдулло  Орипов — Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Абдулазиз Комилов — Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо Ордени “Исмоили Сомонӣ” дараҷаи II сарфароз шуданд.

Шавкат Ҳамроев — Вазири хоҷагии оби Ҷумҳурии Ӯзбекистон, бо ордени “Шараф” дараҷаи I, Зокирҷон Алматов — мушовири Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Абдуваҳҳоб Воҳидов — раиси маркази фарҳанги миллии тоҷики вилояти Самарқанд, Исмоил Ҷурабеков — мушовири Вазири хоҷагии оби Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Тухтамиш Тухтаев — мудири шуъбаи рӯзномаи “Овози тоҷик” ва Таваккал Чориев — профессори кафедраи таҳсилоти ибтидоии Донишгоҳи давлатии Бухоро, бо Ордени “Дӯстӣ” қадршиносӣ гардиданд.

Барои саҳми арзанда дар таҳкими муносибатҳои фарҳангӣ бошад, Шералӣ Ҷураев — ҳофизи муассисаи давлатии “Узбекконсерт” ва Мавлуда Халилова — ходими калони илмии шуъбаи “Устод — шогирд мактабӣ»-и Маркази миллии ӯзбекии санъати мақоми Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо унвони фахрии “Ҳунарпешаи  халқии Тоҷикистон”сарфароз гардиданд.

Боиси таъкид аст, ки соли 2018 барои халқҳои бо ҳам  бародари Тоҷикистон ва Ӯзбекистон соли воқеан таърихӣ гардид. Ба шарофати азму иродаи қавии роҳбарони ҳар ду давлат  тамоми маҷмӯи масъалаву мушкилоте, ки дар муддати зиёда аз ду даҳсола дар байни давлатҳои мо ба вуҷуд омада буданд, ҳаллу фасл шуданд.

Сарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва  муҳтарам Шавкат Мирзиёев тавонистанд ормонҳои чандинсолаи мардуми тоҷику узбекро амалӣ созанд.

Имрӯз Тоҷикистону Ӯзбекистон бо ҳам на танҳо дӯст,  балки шарики стратегӣ мебошанд ва ҳамкории ду кишвар ба дурнамои дарозмуҳлат нигаронда шудааст.

Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ ба намояндагони Ҷумҳурии Ӯзбекистон 30.08.2018

Август 30, 2018 09:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон