Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов

Август 18, 2018 09:28

ДУШАНБЕ, 18.08.2018 /АМИТ «Ховар»/. 18 август дар шаҳри Тошкент дар доираи сафари давлатӣ ҳамчунин мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов баргузор шуд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои рушду густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи феълии робитаҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карда, ба Абдулло Орипов — ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба рушд ва таҳкими робитаҳои миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон барои саҳми муносиб дар густариши муносибатҳои ҳамкорӣ баҳои арзанда доданд.

Сарвари давлат таъкид доштанд, ки дар ҷараёни мулоқоти сатҳи олӣ байни ду кишвар мушкилоти мавҷудаи масъалаҳои ҳамкорӣ ҳалли худро пайдо кард ва мо ният дорем барномаҳои минбаъдаи ҳамкориро бо наздиктарин ҳамсояамон дар шакли шарикии стратегӣ таҳия намоем.

Ҷонибҳо зимни мулоқот ҳамчунин масъалаҳои ҳамкорӣ дар самтҳои таъмини амнияти озуқаворӣ, рушди истеҳсоли саноатӣ, таҳкими робитаҳои бахши кишоварзӣ, тухмипарварӣ, чорводорӣ, паррандапарварӣ, истифодаи нуриҳои минералӣ дар бахши кишоварзӣ, ҳамкорӣ дар бахши туризм, дар соҳаи илму маориф, ҷудо кардани квотаҳо барои донишҷӯёни ду кишварро мавриди муҳокима қарор доданд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои мубрами мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ карда шуд.

Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов 18.08.2018

Август 18, 2018 09:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон