Нашри осори адибони тоҷик дар маҷаллаи «Jahon adabiyoti»-и Ӯзбекистон

Август 9, 2018 12:09

ДУШАНБЕ, 09.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Маҷаллаи адабию бадеӣ ва иҷтимоию  публиситии  Ӯзбекистон «Jahon adabiyoti» /Адабиёти ҷаҳон/, ки муассисаш Шӯрои маънавиёт ва маърифати Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Агентии матбуот ва ахбороти Ӯзбекистон ва Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон мебошад,  дар шумораи чоруми имсолаи худ дар зиёда  аз 70 саҳифа эҷодиёти шоирону нависандагони тоҷикро мунташир  сохтааст. Бояд зикр кард, ки  осори адибони тоҷик аз ҷониби мутарҷимони ӯзбек  аз забони тоҷикӣ ба ӯзбекӣ тарҷума шуда, пешниҳоди хонандагон ва аҳли илму адаби Ӯзбекистон  гардидааст.

Дар дохили муқоваи аввали  маҷаллаи «Jahon adabiyoti»  сурати поягузори адабиёти классикии тоҷику форс Одамушуарро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (858-941) ва дар муқоваи баъдӣ расми асосгузори адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ  ҷой дода шудааст, ки таҷассумгари чеҳраҳои барҷастаи адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик аст.

Дар маҷалла асари Нависандаи Халқии Тоҷикистон  Абдулҳамид Самад «Қанийди…»,  қиссаи «Қария»-и шоир, нависанда ва драматурги шинохтаи тоҷик Меҳмон Бахтӣ, инчунин  ашъори  шоирони маъруфи  тоҷик Мирзо Турсунзода, Муъмин Қаноат,  Атахон Сайфуллоев, Гулрухсор Сафиева, Бозор Собир, Гулназар, Ҳақназар Ғоиб,  Саидалӣ Маъмур, Зулфия Атоӣ, Аскар Ҳаким,  Низом Қосим, Раънои Зоирдухт, Аҳмадҷон Раҳматзод, Неъмат Оташ,  Саидамин  Ҷило ва Нурмуҳаммад Ниёзӣ чоп гардидааст.

Дар бахши  «GLOBUS» (Глобус)-и маҷаллаи «Jahon adabiyoti» роҷеъ ба таърихи муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон, илму фарҳанг,  робитаҳои мутақобилан судманди  Тоҷикистону Ӯзбекистон, хусусан сафари нахустини давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи ҷолиб дарҷ гардидааст.

 

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
Душанбе-Тошканд

Август 9, 2018 12:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд