Оғози сафари расмии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон

Август 10, 2018 10:03

ДУШАНБЕ, 10.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи 10 августи соли 2018 дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон дар шаҳри Боку музокироти сатҳи олии ду кишвар баргузор гардид.

Маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом дар назди Қасри Загулба баргузор шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев пешвоз гирифта, ба болои шоҳсуфаи ифтихорӣ даъват намуд.

Маросими истиқболи расмӣ бо сафкашии горди фахрӣ, гузориши фармондеҳи он, садо додани сурудҳои миллии ду давлат, гузаштан аз назди қатори сарбозон, арзи салом ба онҳо ва изҳори эҳтиром ба парчами давлатии Озарбойҷон, ҳамчунин шиносоӣ бо аъзои ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифт.

Оғози сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Озарбойҷон 10.08.2018

Август 10, 2018 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»