Сафари расмии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон

Август 9, 2018 18:23

ДУШАНБЕ, 09.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон сафар карданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, маориф ва илм, Прокурори генералӣ, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, раисони кумитаҳои бехатарии озуқаворӣ, телевизион ва радио, муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ – фармондеҳи қушӯнҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Август 9, 2018 18:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ оид ба тарғиби либоси миллӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Сафири Тоҷикистон дар Миср бо муовини раиси Иттифоқи журналистони африқоӣ-осиёӣ мулоқот кард
Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Намояндагони Бонки Осиёии Рушд бо фаъолияти гузаргоҳи «Фотеҳобод — Ойбек» шинос шуданд
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
Дар Манама ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Баҳрайн баррасӣ гардиданд
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид
Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст
Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» доир ба сарнавишти Борбади Марвазӣ филми ҳунарӣ ба навор мегирад
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд