Саттор Турсун: «Адибони тоҷику ӯзбек аз азал пайвандҳои ногусастанӣ доштанд»

Август 10, 2018 11:48

 ДУШАНБЕ, 10.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Аз 1-ум то 4-уми августи соли равон ҳайати 55-нафараи фарҳангиёну донишмандони тоҷик дар кишвари дӯсту бародари Ӯзбекистон қарор доштанд. Ин дидор дар арафаи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон сурат гирифт. Дар доираи ин сафар миёни фарҳангиёну донишмандони тоҷик ва ӯзбек вохӯриву мулоқот ва мизҳои мудаввар баргузор гардида, ҳамчунин ҳайати Тоҷикистон аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангии шаҳрҳои Тошканд ва Самарқанд дидан карданд. Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун ҳам шомили ин ҳайат буд ва пас аз бозгашт ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Ҷасур АБДУЛЛО дар бораи таассурот ва бардоштҳояш изҳори андеша намуд.

АМИТ «Ховар»: Аз ин сафар бо чӣ гуна таассурот баргаштед?

Саттор Турсун: Баъд аз он ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев зимни мулоқоти самимӣ дар Душанбе муносибати ду кишвари дӯсту бародарро ба сатҳи баланд бароварданд, ман аввалин маротиба ба Ӯзбекистон сафар кардам. Ин иқдоме, ки роҳбарони ду кишвар карданд, кори таърихӣ ва мӯъҷиза буд.

Вақте ҳайати Тоҷикистон ба сарҳади Ӯзбекистон расид ва дӯстони ӯзбек моро хеле самимона, бо садои карнаю сурнай пешвоз гирифтанд, эҳсос намудем, ки мардум пазмони бародарони тоҷикашон шудаанд. Онҳо бо меҳру муҳаббати хос ба мо менигаристанд. Вақте ба Тошканд расидем, бори дигар итминон ҳосил кардем, ки ин ҳама меҳру муҳаббат самимӣ аст. Ҳайати Тоҷикистонро дар сатҳи хеле баланд пешвоз гирифтанд.

Барномаи консертие, ки дар Тошканд барои мо таҳия намуданд, аз рӯйи нақшаи пешакӣ бояд якуним соат давом мекард, аммо он зиёда аз панҷ соат идома ёфт. Рафоқату муҳаббате, ки байни фарҳангиёни ду давлат мушоҳида мешуд, ҳадду канор надошт. Сарояндагони ӯзбек бо тоҷикӣ ҳам суруди зиёд хонданд, ки боиси ифтихори мо буд. Ман ба Ӯзбекистон зиёд сафар кардам, аммо ин сафар таърихӣ буд.

АМИТ «Ховар»: Ба сатҳи баланд баромадани муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон то кадом андоза ба рушди фарҳанг, илм ва адабиёт таъсир мерасонад?

Саттор Турсун: Дар пойдории муносибатҳои дӯстонаву бародарона нақши адибону фарҳангиён хеле муҳим аст. Барои аҳли илму адаб аслан миллат вуҷуд надорад. Бисёре аз олимону донишмандони тоҷик дӯстони худро, ки солҳо боз надида буданд, пайдо карданд ва равобатишонро аз нав барқарор намуданд. Ин барои рушди илму фарҳанги ду давлат хеле муҳим аст.

Нависандагону шоирони муосири ӯзбек Эркин Аъзамов, Усмон Азим, Сироҷиддин Саидов аз солҳои пеш бо аҳли адаби Тоҷикистон робитаҳои хуби фарҳангиву дӯстӣ доштанд. Вақте мо онҳоро зимни сафари охирини худ дидем, хеле шод шудем. Барои мо ҳатто забон мушкилӣ намеорад, зеро адибони тоҷик ӯзбекӣ ва адибони ӯзбек тоҷикиро мефаҳмиданд. Аз суҳбатҳо маълум шуд, ки адибони ӯзбек аксари асарҳои классикони тоҷикро хондаанд ва бо осори адибони муосири тоҷик низ ошноянд. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки адибони тоҷику ӯзбек аз азал пайвандҳои ногусастанӣ доштанд.

Ин гуна мулоқотҳо ғояҳои навро тавлид мекунанд ва барои эҷоди асарҳои мустаҳкамкунандаи равобити дӯстӣ сабаб мешаванд.

АМИТ «Ховар»: Дӯстии Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ барои ҳамаи мо маълум аст. Пас аз эҳёи дубораи муносибатҳои дӯстона оё намунаи дӯстии Ҷомиву Навоӣ пайдо мешавад?

Саттор Турсун: Дӯстии Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ ба достони алоҳида табдил ёфтааст. Аз адибони муосир дӯстии Мирзо Турсунзода бо Зулфия, Фотеҳ Ниёзӣ ва Ойбек, Раҳим Ҷалил ва Ғафур Ғулом беҳтарин намунаи робитаи адабии халқҳои тоҷику ӯзбек аст.

Устод Турсунзода байни адибони кишварҳои Осиёи Миёна аввалин шуда мукофоти ленинӣ гирифт. Вақте тариқи қатора ба Тоҷикистон бармегашт, бо роҳбарии Ғафур Ғулом ҳайате устодро аз қатора фароварда, чанд рӯз зиёфат медиҳанд ва мегӯянд, ки мукофоти шумо аз мо – ӯзбекҳо ҳам ҳаст.

Имрӯз ҳам бисёре аз шоирону нависандагони тоҷику ӯзбек бо ҳам робитаҳои адабиро ба роҳ мондаанд. Аз эҷодиёти ҳамдигар хабардор ҳастанд, мехонанд ва бо забонҳои худ тарҷума мекунанд. Масалан, ман ва Эркин Аъзамов ҳамеша аз ҳоли якдигар хабардор ҳастем ва осори ӯро ман ба тоҷикӣ ва ӯ ҳикояҳои маро ба ӯзбекӣ тарҷума намудааст.

Робитаҳои дӯстона аз рафтуомад сарчашма мегирад. Солҳои Шӯравӣ робитаҳо бисёр қавӣ буданд. Мутаассифона, як муддат ин робитаҳо ба таври сунъӣ камранг гаштанд. Аммо имрӯз бо шарофати хирадмандӣ ва иродаи мустаҳками сарварони ду давлат робитаҳо эҳё ва боз ҳам қавитар гардида истодаанд. Умед мекунем, ки дар оянда аз ин ҳам хубтар мешавад.

АМИТ «Ховар»: Рӯҳияи мардум чӣ гуна буд?

Саттор Турсун: Эҳсос мешуд, ки мардум воқеан хурсанд ҳастанд. Чеҳраи онҳо хандон буд, маълум буд, ки сахт пазмони бародари тоҷик шудаанд. Дар Самарқанд моро иҳота карда, суҳбатҳо мекарданд ва аз Тоҷикистон пурсон мешуданд. Вақте ҳангоми суҳбат дар хусуси ягон шиноси худ гап мекушодем, ҳатман ӯро пайдо карда назди мо меоварданд ва хурсандии моро дучанд менамуданд. Меҳру муҳаббат баръало мушоҳида мешуд.

АМИТ «Ховар»: Ба Самарқанд ҳам рафтед, ин шаҳри қадимаро чӣ гуна дарёфтед? Хона-музейи устод Айниро ҳам дидед?

Саттор Турсун: Самарқанд воқеан зебо шудааст. Он ҷо ягон  тоҷик худро бегона ҳис намекунад. Мавзеъҳои тарихӣ ва биноҳои қадима ҳар нафарро ба худ ҷалб менамояд.

Чанд сол пеш ба Бухоро рафта, аз Соктаре низ дидан кардам. Ба хонаи устод Айнӣ рафтам, аммо ростӣ каме ғамгин шуда будам. Зеро хонаи устод таъмирталаб шуда буд. Имсол вақте рафтам, хабар ёфтам, ки хонаи устод пурра таъмир шуда, ҳатто аз роҳи асосӣ то хонаи ӯ  роҳи васеъ кушодаанд.

Дар Самарқанд мо аз хона-музейи устод Айнӣ дидан кардем. Он ҷо ҳам таъмир шудааст ва ба мо гуфтанд, ки корҳои таъмирӣ идома дорад. Ин нишонаи дар сатҳи баланд қарор доштани муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон аст.

АМИТ «Ховар»: Нақши шахсият дар таърих бисёр муҳим аст. Сарварони ду давлат тавонистанд аз худ иродаи мустаҳкам нишон диҳанд ва тамоми санадҳои сунъиро барканор намоянд. Пас метавон гуфт, ки ин ду миллатро ҳеҷ гуна сад  наметавонад аз ҳам ҷудо намояд?

Саттор Турсун: Воқеан, шахсият метавонад корҳои бузурги таърихиро анҷом диҳад. Корномаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқи ин гуфтаҳо аст. Вақте Сарвари давлати мо роҳбарии ҷумҳуриро бар дӯш гирифтанд, дар хазинаи давлат як танга ҳам набуд, кишвар дар ҳолати ҷангзадагӣ қарор дошт. Аммо имрӯз давлати мо дар ҳоли рушд аст ва мо дар фазои сулҳу субот зиндагӣ карда истодаем.

Маҳз ҳамин сулҳу суботи давлат аст, ки имрӯз мо бо ҳар кишвар, аз ҷумла бо Ӯзбекистони бародар муносибатҳои дӯстонаро ба роҳ мондаем. Фикр мекунам, ки робитаҳои дӯстонаи роҳбарони ду давлат, хоҳишу иродаи ду сарвар қодир аст ҳар гуна садҳоро аз байн барад ва барои дарозмуддат заминаи муносибатҳои бародаронаро фароҳам орад.

АМИТ «Ховар»: Интизорӣ ва рӯҳия мардуми ӯзбек дар робита ба сафари дарпешистодаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон чӣ гуна аст?

Саттор Турсун: Дар ҳама мулоқоту суҳбатҳое, ки мо дар Тошканд ва Самарқанд доштем, мардум аз ин сафар сухан меронданд. Ҳама интизоранд, ки Пешвои миллати мо ба Ӯзбекистон сафар намоянд. Фикр мекунам муҳимтарин нукта маҳз ҳамин интизориҳои мардуми оддӣ аст. Зеро онҳо ба Сарвари давлати мо эҳтироми махсус доранд.

Август 10, 2018 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Бо Пешвои миллати фарҳангдӯст ва ҳунарпарварамон ифтихор дорем
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШҶӮЁН. Ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон таҳсили намунавӣ менамоянд
ИМРӮЗ-РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Имсол Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон раёсати Шурои иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказиро ба уҳда дорад
«ХОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ҳадафи озмун аз густариши эҳтиром нисбат ба арзишҳо, суннат ва адабу русуми миллӣ иборат аст
Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон: «Робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ густаришу равнақи бештар меёбанд»
Зебо Баротова: «Мехоҳам бо маблағи гранти президентӣ ба занони бешуғл ҳунар омӯзонаму онҳоро ба кор ҷалб намоям»
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲ. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар ҷаҳони муосир мавриди омӯзиши васеъ қарор дорад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Агар волидон то 3 моҳ барои кӯдак шаҳодатномаи таваллуд нагиранд, ҷарима пардохт менамоянд
Сафири Амрико дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер: «Давоми панҷ соли охир Тоҷикистон дар роҳи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ устуворӣ ва азми пойдор нишон дод»
Хуршед Файзуллозода: «Ҳадафи Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ вусъат бахшидани раванди амалӣ намудани «ҳукумати электронӣ» аст»
Мавзуна Чориева: «Аз варзишгарони тоҷик умеди зиёд дорем, ки дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд»
ТОҶИКИСТОНУ ЧИН ШАРИКОНИ ҲАМАҶОНИБАИ СТРАТЕГӢ МЕБОШАНД. Нашри мусоҳибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ВАО-и расмии Чин