«Ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли мушкилоти глобалӣ дар сатҳи байналмилалӣ»- конференсияи илмию назариявӣ

Август 9, 2018 16:56

ДУШАНБЕ, 09.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. «Ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли мушкилоти глобалӣ дар сатҳи байналмилалӣ»-таҳти ин  унвон  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи илмию назариявиро доир намуд. 

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе иттилоъ доданд, дар конференсия раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Зоир Раҳмонзода оид ба ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Тоҷикистон дар масоили оби ошомиданӣ ибрози назар кард.

Зикр гардид, ки Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», солҳои 2005 — 2015, Соли байналмилалии «Оби тоза», соли 2003, Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, соли 2013 ва ниҳоят Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028» аз муҳимтарин иқдомоти ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор мераванд.

«Маҳз аз ҳамин хотир ҷомеаи байналмилалӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси поягузори ҳама ташаббусу иқдомҳои байналмилалӣ дар соҳаи об эътироф кардааст. Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи об ҳамеша мавриди дастгирии ҷомеаи байналмилалӣ қарор гирифтаанд, ки ин иқдомҳо дар болоравии обрӯву эътибори Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ нақши муҳим бозидааст»,-гуфт номбурда.

Сардори раёсати захираҳои оби Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Тағоймурод Ғафурзода оид ба натиҷаҳои иқдомҳои Тоҷикистон,  сардори раёсати иттилоот, машварат ва таълими Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, коршиноси масоили экологӣ дар хусуси мушкилоти норасоии об дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон Ҳасан Асоев оид ба тартибу низом дар истифодаи ин сарвати табиӣ ва мақсаднок истифода бурдани об изҳори андеша намуданд.

Мудири шуъбаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Абдуалим Норасов дар мавзӯи «Нақши об дар беҳдошти муносибатҳои иҷтимоӣ ва рушди соҳаи сайёҳӣ» маърӯза намуд.

Мавсуф аз ҷумла зикр кард, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳалли масоили обро асоси татбиқи босамари ҳадафҳои рушди ҳазорсола, аз ҷумла энергетика, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, дастрасии умумӣ ба озуқаворӣ, таъмини амнияти санитарӣ ва дигар ҳадафҳои эълоншудаи глобалӣ номида, ҷомеаи ҷаҳониро ба таҳия ва қабули стратегияҳои мушаххаси маҳаллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ оид ба идоракунии заҳираҳои об даъват намуд. Ба ибораи дигар, Пешвои миллат пеш аз воқеъ гардидани буҳрони об дар ҷаҳон, масъалаи оқилона ва самаранок истифодабарии обро маҳз ба хотири раҳоии инсоният ва табиат ҳамчун ливо ва пайғоми сулҳ ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд.

 

Август 9, 2018 16:56

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ тавр аз лӯбиё таом ва ё хӯриш омода намоем?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд