Варзишгарони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо 4 медал ба Ватан баргаштанд

Август 28, 2018 16:08

ДУШАНБЕ, 28.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавонони  навраси тоҷик дар аввалин мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо миёни мактаббачагони солҳои таваллудашон 2002-2003, ки   дар шаҳри Орёли Россия баргузор шуд, чор медал-1 тилло ва 3 биринҷӣ ба даст оварданд.

Тавре аз Федератсияи дзюдои Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ, ки аввалин бор миёни мактаббачагон доир шуд, намояндагони 25 кишвар ширкат доштанд.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 9 паҳлавони наврас дар сабқати писарон намояндагӣ кард. Варзишгари навраси тоҷик Ғаниҷон Ғаниев дар рақобатҳо дар вазни 72 кг медали тилло ба даст овард. Се паҳлавони навраси тоҷик -Суннатуллои Мирзоалӣ (55 кг), Субҳиддин Халилзода (66 кг) ва Озодӣ Носиров (78 кг), ки ҷойҳои сеюмро гирифтанд, бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гардиданд.

Ба ин тартиб, дар ҳашт вазн миёни писарон варзишгарони Россия, дар як вазн намояндаи Кипр ва дар як вазни дигар гӯштингири Тоҷикистон ғолиб шуда, ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфтанд.

 

 

Август 28, 2018 16:08

Хабарҳои дигари ин бахш

«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид