ВАЗНИ ҶАЗО БАРОБАР БА ВАЗНИ ҶИНОЯТ АСТ. Кадом гурӯҳҳо, бо кадом мақсадҳо наврасону ҷавонони ҳаётнодидаро ба кӯйи ҷиноят тела медиҳанд?

Август 6, 2018 11:28

ДУШАНБЕ, 06.08.2018 /АМИТ «Ховар»/. Фоҷиае, ки 29 июли соли ҷорӣ дар яке аз дар шоҳроҳҳои мамлакат ба амал омад, мудҳиштарин амали террористӣ дар давоми ду даҳсолаи охир  ба шумор меравад, ки бар асари он 4 шаҳрванди хориҷӣ кушта шуданд.

Ҷинояти мазкур ончунон сокинони мамлакатро такон бахшид, ки давоми чанд соати аввал касе чизе гуфта натавонист: забонҳо лол, асабҳо карахт шуда буданд.  Вақте, бо гузашти чанд соат, маълум карда шуд, ки куштор аз тарафи ҷавонони 19-21 сола содир шудааст, на танҳо фаъолони ҷомеа, балки қариб аксари сокинони мамлакат дубора мот шуданд. Саволҳо пайи ҳам ҷавоб меҷустанд, ки кадом золим ин навҷавононро ба сӯйи ҷиноят равона кард, оё ин роҳгумзадагон дарк мекарданд, ки амали содиркардаашон боиси қаҳру ғазаби ҳамаи сокинони мамлакат мегардад, медонистанд, ки нафрати бепоён болои сари падару модар, хешовандону дӯстони хонадонашон меоранд? Медонистанд, ки кушта мешаванд? Медонистанд, ки қонунгузории мамлакат барои содир кардани амали террористӣ вазнинтарин ҷазоро таъин мекунад?

Барои ба ин саволҳо ҷавоб додан мебояд ба маълумоти мавҷуда таваҷҷуҳ карда шавад.

Тавре аз навори дар шабакаи умумиҷаҳонии Еuronews намоишдодашуда бармеояд, ронандаи автомошини сабукрав барқасдона, дидаву дониста, бо суръати баланд велесипедронҳоро пахш мекунад.

Дар сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон иттилоъ дода шудааст: «Гурӯҳи мусаллаҳи ҷинояткорон бо автомашинаи тамғаи «Леганзе» дар шоҳроҳи Кӯлоб-Душанбе бо суръати баланд ба 7 нафар сайёҳони хориҷӣ – шаҳрвандони Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Швейтсария, Нидерландия ва Франсия, ки бо воситаи велосипедҳо аз самти Кӯлоб ба самти шаҳри Душанбе ҳаракат менамуданд, ҳуҷум карданд. Пас аз онҳоро зада, аз по афтонидан, бо мақсади куштан бо олотҳои халандаю бурранда аз қабили кордҳои калон ва табарҳо ба узвҳои ҳаётан муҳими сайёҳон зада, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ расонида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Дар натиҷа 4 нафар сайёҳони хориҷӣ: Аустин Ҷей, Лаурен Анне Мунотз шаҳрвандони Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Воке Рен Виллем шаҳрванди Нидерландия, Хамел Маркус шаҳрванди Швейтсария ба ҳалокат расида, 2 нафари дигар Ким Айрис ва Дименд Мари Клер шаҳрвандони Швейтсария дар ҳолати вазнин ба беморхонаи ноҳияи Данғара бистарӣ карда шудаанд». Дар идомаи хабар гуфта шудааст, ки «Ҷинояткор Абдусамадов Ҳусейн Абдусамадович дастгир, ҷинояткори дигар Юсупов Аслиддин Садриддинович бинобар сабаби нишон додани муқобилияти мусаллаҳона безарар гардонида шуд. Инчунин, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва амалҳои тафтишӣ 4 нафар ҷинояткорон – Маҷидов Асомиддин, Сафаров Зафар, Юсуфов Ҷаъфариддин дар деҳаи Осмондараи ноҳияи Данғара аз тарафи гурӯҳи оперативӣ дарёфт гардида, бинобар сабаби ҳуҷуми мусаллаҳона бо олотҳои халандаю бурранда, аз ҷумла корд, табар, дост ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ номбурдагон дар ҷойи ҳодиса безарар гардонида шуданд. Ба гумонбарии алоқа ба ин гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ сокинони шаҳри Кӯлоб Шарипов Диловар, Назаров Ҷамшед, сокини ноҳияи Ҷайҳун Сайфиддинов Вайсиддин ва барои маблағгузорӣ намудани ин гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ бошад, сокини шаҳри Норак Ғаниев Кароматулло Исматуллоевич дастгир карда шудаанд. Ҳангоми пурсиш дастгиршуда Абдусамадов Ҳ.А. тасдиқ кард, ки ӯ роҳбари гуруҳи муташаккили ҷиноятии мазкур мебошад. Аз нишондоди Абдусамадов Ҳ.А. бармеояд, ки номбурда дар солҳои 2014-2015 чор маротиба ба шаҳрҳои Қум ва Мозандарони Ҷумҳурии Исломии Эрон рафта, таълими идеологӣ, ҳарбӣ-диверсионӣ гирифта, дар он ҷо бо аъзои фаъоли ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати ислом, ҷинояткори дар ҷустӯҷӯ қарордошта Убайдов Носирхӯҷа Аҳтамович бо тахаллуси «Қорӣ-Носир» вохӯрӣ намуда, бо роҳи додани байъат ба Ҳизби экстремистии наҳзати Ислом шомил гардидааст. Фармоишгари ҷиноят Убайдов Н.А., ки аз соли 1992 аъзои фаъоли ташкилоти экстремистӣ-террористии Ҳизби наҳзати ислом* мебошад, аз соли 2015 дар ҷустуҷӯи расмӣ (бо моддаи 187 КҶ) қарор дорад. Абдусамадов Ҳ.А. бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятию давлатии Тоҷикистон таҳти роҳбарии бевоситаи Убайдов Н.А. ҷинояти мазкурро бо бераҳмии махсус бо дигар шариконаш содир намуданд. Пас аз содир намудани ҷиноят онҳо мақсад доштанд, ки тавассути ноҳияи Панҷ ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон фирор намуда, ба гурӯҳҳои террористӣ пайваст шаванд.

Муайян гардид, ки бародари Абдусамадов Ҳ.А. Абдусамадов Бахтиёр Абдусамадович бо тахаллуси «Мулло Умар» аъзои ташкилоти террористии «Ҳаракати Исломии Туркистон»* ба ҳисоб рафта, айни ҳол барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористӣ-экстремистидошта адои ҷазои ҷиноятӣ дорад».

Тавре аз хабари муфассали Вазорати корҳои дохилӣ бармеояд, ҳамаи нишонаҳои бармалои фармоишгарони ҷинояти мазкур ошкоро нишон медиҳад, ки шамол аз куҷо мевазад.

Воқеан, дар гумон аст, ки ин ҷавонони 19-21 сола бо забонҳои русӣ, англисӣ, арабӣ ба таври комил балад бошанд. Пас, мантиқан, бо онҳо гуфтушунидҳо, таблиғу ташвиқ бо забони тоҷикӣ сурат гирифтааст. Дар натиҷаи амалиёти муташаккилонаи нерӯҳои ҳарбии эътилофи байналмилалӣ мавқеъ ва нуфузи ташкилоти террористии ба ном «Давлати исломӣ»  хеле коҳиш ёфтааст. Бинобар ҳамин дар гумон аст, ки маҳз дар ҳамин шабу рӯз мубаллиғони ин ташкилоти террористӣ бо навҷавонони тоҷик худашон бевосита масъалаи содир кардани амали террористиро дар ҳудуди Тоҷикистон, нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ тарҳрезӣ кунанд. Тавре аз шарҳи расмии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, «муайян гардид, ки фармоишгари ҷиноят Қорӣ-Носир  — ин Убайдов Носирхуҷа Аҳтамович мебошад, ки аз соли 1992 узви фаъоли ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ* буда, аз соли 2015 дар кофтукови расмӣ қарор дорад».

Дар наворе, ки сомонаи «Амак» пахш кардааст, дида мешавад, ки панҷ нафар навҷавонони тоҷик дар соҳили обанбори Норак, зери дарахте, ки дар он парчами сиёҳи ташкилоти террористии ба ном «Давлати исломӣ»* овезон аст, чорзону нишаста ба ин ташкилоти террористӣ байъат мекунанд. Ин ду ҳадаф дорад: ҳадафи «Давлати исломӣ»* ин аст, ки бо ин роҳ худро реклама кунад (дар чандин нукоти дигари олам ин ташкилоти террористӣ, ки баъди шикаст дар Сурия ва Ироқ қариб батамом пароканда гаштааст, аз ин васила кор бурдааст, то аз худ дарак диҳад). Ҳадафи ТТЭ Ҳизби наҳзати исломӣ* бо ин роҳ аз  тарси ошкор гардидани фаъолиятҳои террористии худ рӯйпуш намудани ин ҷиноят аст, ки худаш содир намудааст.

Муҳтавои маълумотҳое, ки зикр кардем, яқинан аз он шаҳодат медиҳанд, ки ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ* таҳти сарварии роҳбари фирории он Муҳиддин Кабирӣ ба таври гусутурда бо ташкилоти террористии «Давлати исломӣ»* шарикӣ ва ҳамкории бевосита дорад.

Вале як далели дигар низ вуҷуд дорад, ки бояд нододида гирифта нашавад. Дурӯғ аст, вақте ба мо талқин мекунанд, ки ҳамкории ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ* бо ташкилоти террористии «Давлати исломӣ»* ғайриимкон аст, зеро онҳо дар кишвари Сурия ба муқобили ҳамдигар меҷанганд. Бале, ин ду ташкилоти террористӣ бо дархосту талаби кишварҳои пуштибон ба муқобили ҳамдигар дар кишвари Сурия меҷанганд, вале ин ҷангҳои онҳо муваққативу фармоишӣ буда,  барои  бардоштани манфиатҳои молиявию тиҷоратӣ сурат мегиранд. Дар асл ҳардуи ин ташкилот ба тамоми давлатҳои дунявӣ, аз ҷумла бо Тоҷикистон ва  сойири кишварҳои мусулмоннишон душмании рӯирост доранд. Ҳам ташкилоти террористии «Давлати исломӣ»* ва ҳам ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ муқобили мавҷуд будани давлатҳои миллӣ ва дунявӣ дар кишварҳои мусалмоннишин буда, ҷонибдори ҳукмронии хилофати асримиёнагӣ мебошанд. Ин ду ташкилот бо баҳонаи ҷорӣ кардани исломи «пок» мехоҳанд занон сар то ба по сиёҳпӯш бошанд, аз ҷомеа дур ва дар кунҷи хона партофта шаванд, мардон то ба ноф риш монда, бо силоҳ ҳар нафареро, ки «мусулмон» нест дар пеши чашми омма қатл кунанд. Ба ибораи дигар, онҳо ҷонибдори ҷаҳолатпарастӣ- мракобесие ҳастанд!

Пурсида мешавад, ки  он сайёҳоне, ки бо велосипед сайр дошта, аз зебогиҳои офаридаи табиат ҳаловат мебурданд, пеши Худо чӣ гуноҳ доштанд, ки ин «дӯстдорон»-и Аллоҳ (калимае, ки аз ҳама бештар террористони одамкуш онро истифода мебаранд) онҳоро ба ин шеваи ҳайвонӣ ба қатл расониданд?

Вақте Сарвари давлат, Пешвои миллат изҳор карданд, ки ҳар нафаре, ки нисбат ба сайёҳон амали коррупсионӣ мекунад хоини Ватан аст, роҳбарони ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ* сайёҳони хориҷиро ҳадафи ҳамлаи ноҷавонмардона қарор доданд. Гумон доштанд, ки бо ин амали террористӣ дар миёни сокинони ҷомеаи Тоҷикистон тарсу ҳарос меафкананд. Аммо бараъкс, ин ҷинояти дар назди таърих фаромӯшнашаванда, ки ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ* содир кард, бори дигар чеҳраи манфури наҳзатро ба мардуми Тоҷикистон нишон дод.

Зимнан, бо дидани чеҳраи он навҷавононе, ки ба доми ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ* афтида, ҷони ширини худро дар як лаҳза қурбони нафси аждаҳохӯи наҳзат кардаанд, дили ҳар як тоҷикистонӣ меларзад, ҷигарҳо пур аз хун мегарданд. Тори анкабути наҳзат ноаён, вале ғофил метавонад навҷавони ҳаётнодидаро ба чанги худ бигирад.

Фоҷеае, ки рӯзи 29 июл рух дод, ҳар яки моро водор мекунад, ки на танҳо нисбат ба фарзандони худ, балки ба рафтору кирдори тамоми наврасону навҷавонон мунтазам, доимо, пайваста диққат диҳем. Нагузорем, ки онҳоро душманони давлату миллат, хоинони Ватан бо фанду фиреб туъмаи марги ахмақона кунанд!

 

Акрам САНГЗОДА,
шореҳи АМИТ «Ховар» 

 

 

_________________________________________

* Дар Тоҷикистон мамнӯъ эълон карда шудааст.

Август 6, 2018 11:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Сангвор 17 манзили истиқоматӣ супорида шуд
COP29 бо қадамҳои муҳим дар самти мубориза бо тағйирёбии иқлим ва лоиҳаи нави маблағгузорӣ ба анҷом расид
Мактаб–интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим ва Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони ноҳияи Ёвон бо гармӣ таъмин мебошанд
«БЕҲТАРИН ҲАМСАР». Дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Чӣ тавр ёварони овозӣ дар ҳолатҳои гуногуни зиндагӣ кумак мекунанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Бо сокинони Ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак доир ба шарҳи қонунҳои миллӣ вохӯрӣ баргузор шуд
«ВАРЗИШГАРОН – ПАРЧАМБАРДОРОНИ МИЛЛАТ». Таҳти ин унвон ҳамоиши варзишӣ ва барномаи фарҳангӣ баргузор шуд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Дар ноҳияи Шаҳринав тозакунии каналу заҳбур ва заҳкашҳо оғоз шуд
Парчами давлатӣ рамзи қудрату тавонмандӣ ва сарҷамъии миллат аст
Бунгоҳи тиббӣ ва бинои маъмурии Маркази миллии таълимӣ барои омодасозии наҷотдиҳандагони Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ ба истифода дода шуд