Зиёрати оромгоҳи нахустин Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов

Август 18, 2018 17:22

ДУШАНБЕ, 18.08.2018 /АМИТ «Ховар»/. 18 август дар доираи сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Тошкент ба шаҳри Самарқанд ташриф оварда, ҷойҳои таърихию муқаддаси ин шаҳри бостониро тамошо карданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Самарқанд Сарвари давлатро намояндагони воломақоми Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон истиқбол гирифтанд.

Ташрифи Сарвари давлат дар шаҳри Самарқанд аз зиёрати оромгоҳи нахустин Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон шодравон Ислом Каримов оғоз гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиеёв бо нишони эҳтиром ва қадршиносӣ дар назди марқади шодравон Ислом Каримов гулчанбар гузошта, бо дуову фотеҳаи нек руҳашро шод карданд.

Зиёрати оромгоҳи нахустин Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов 18.08.2018

Август 18, 2018 17:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сянро ба ҳузур пазируфтанд
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ