28 сентябр-Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории ҳорӣ: он зимни осеб расонидани ҳайвон ба инсон ба қайд гирифта мешавад

Сентябрь 28, 2018 11:56

ДУШАНБЕ, 28.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Чанде пеш дар яке аз сомонаҳои иттилоотӣ хабаре ба нашр расид, ки як нафар   сокини     собиқ совхози «50-солагии СССР»-и Ҳисор, соати тахминан 23:00-и шаби 4 август, вақте савори дучарха ба хонааш бармегашт, дучори ҳамлаи селаи сагони дайду шудааст.  Баъд аз бардоштани ҷароҳатҳои гуногун  ӯ дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.  Ҳамин тавр, 5 моҳ пеш дар ин минтақа як марди дигар низ дучори ҳамлаи сагон гардида, чанд муддат дар бемористон табобат гирифта буд.   Ба монанди ин боз чандин ҳолатҳои дигаре низ ҳастанд, ки одамон ба ҳамлаи сагони дайду ва гирифтори бемории ҳорӣ дучор гашта, осеб дидаанд.

 

Имрӯз, 28 сентябр – Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо бемории ҳорӣ аст ва шарҳи хабарнигори АМИТ «Ховар» Ибодат ДАВЛАТЗОДА ба ҳамин мавзӯъ бахшида шудааст.

Одатан  инсон баъд аз ҳамлаи  ҳайвоноти ваҳшӣ   ба бемории ҳорӣ ё худ ба бемории обтарсак  гирифтор мешавад.  Бемории ҳорӣ яке аз бемориҳои шадиди вирусие мебошад, ки  ба гурӯҳи ниҳоят хавфнок ворид шудааст. Дар ҳолати сари вақт муроҷиат накардани шахс ба муассисаҳои тандурустӣ  инсон ба ҳалокат мерасад.   Бо мақсади ҷалби ҳарчи бештари   ҷомеаи ҷаҳонӣ ба паҳншавии ин беморӣ  ва оқибатҳои  он аз соли 2007 ҳамасола 28 сентябр  дар тамоми ҷаҳон Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди бемории ҳорӣ (бешенства) таҷлил карда мешавад.

Ин рӯзро  Иттиҳодияи байналмилалӣ   оид ба назорати   бемории ҳорӣ   (Global Alliance for Rabies Control) таъсис дода, бо дастгирии як зумра  ташкилотҳои тандурустӣ он ҳамасола таҷлил карда мешавад. Таҷлилии ин сана ба  рӯзи вафоти  микробиологи  маъруф Луи Пастер, ки яке аз асосгузорони ваксина бар зидди бемории ҳорӣ мебошад,  бахшида шудааст.

Бино ба иттилои расмии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ,    ҳамасола  дар ҷаҳон беш аз 59 ҳазор нафар аз бемории ҳорӣ ба ҳалокат мерасанд, ки сабаби фавти бисёре аз онҳо ҳамлаи сагони дайду  мебошад.

Миёни мардум андешае мавҷуд аст, ки  «саг дӯсти вафодори инсон аст». Бале, дар бисёр ҳолатҳо чунин аст. Аммо вақтҳои охир садоҳое ба гӯш мерасанд, ки саге ба як нафар ҳамла кардасту дигаре аз ҷароҳатҳои гуногун баъд аз   ҳамлаи саг ба ҳалокат  расидааст.

Мо мавзӯи мазкурро пайгирӣ намуда,  дар мавриди вазъи ин беморӣ дар ҷумҳурӣ  бо мутахассисони соҳа  ҳамсуҳбат  шудем.

«Бемории ҳорӣ  дар вақти осеб расонидани ҳайвон ба инсон ба қайд гирифта мешавад. Ҳангоми ба ин ҳолат гирифтор шудан шахс новобаста аз сол   бояд ба   муассисаҳои тандурустӣ муроҷиат намуда, он ваксинаеро, ки барои пешгирии бемории ҳорӣ муқаррар  карда шудааст, гирад. Агар шахс   бепарвоӣ карда, сари вақт ба табибон муроҷиат накунад, мутаассифона, баъди пайдо шудани ҳолатҳои клиникии ин беморӣ   мо ба бемор аллакай кумак расонида наметавонем ва ин ба фавт оварда мерасонад», — зикр кард зимни суҳбат сардори Раёсати бемориҳои ниҳоят хавфноки Хадамоти санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Маҳмадалӣ ТАБАРОВ.

Бемории ҳорӣ на танҳо аз саг метавонад сироят шавад, балки аз гурбаҳо, чорвои калони шохдор, моли майда ба монанди гӯсфанд, буз, маркаб, ҳато кӯршапарак низ гузашта метавонад.  Тавре медонем, дар бисёр хонаҳо сагу гурба ва дигар чорвои хонагӣ мавҷуданд, ки одамон онҳоро нигоҳубин мекунанд. Аз ин рӯ, шахсоне, ки ба нигоҳубини ҳайвонот сару кор доранд, бояд ба духтурони ветеринар муроҷиат кунанд ва барои пешгирии ин беморӣ онҳоро бо эмкунии профилактикӣ фаро  гиранд.

Ба иттилои  М.Табаров,   мутаассифона, дар ҳафт моҳи  соли 2018 осебгирӣ аз ҳамлаи ҳайвонот дар байни шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон  зиёд ба қайд гирифта шудааст. Агар соли 2017  дар ҷумҳурӣ бемории ҳорӣ ҳамагӣ дар 5 ҳазору 630 нафар ба қайд гирифта шуда бошад, соли 2018   6 ҳазору  741 нафар шаҳрвандон аз ҳамлаи ҳайвонҳои дайду  осеб гирифтаанд, ки ин  шумора тамоюли зиёдшавӣ дошта, сабаби нигаронӣ мебошад.

Бояд гуфт, ки аз 6 ҳазор нафар осебдидагон 95 фоизашон эм карда шудаанд. Назар  ба солҳои қаблӣ аз рӯи ин ҳолат фавт камтар дида мешавад.  Агар соли 2017  8 нафар фавтида бошанд,  соли ҷорӣ 3 ҳолати  фавт ба қайд гирифта шудааст.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, баҳри кам кардани чунин ҳолатҳо  Хадамоти санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  пайваста бо аҳолии ҷумҳурӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор менамояд. Инчунин барои кам намудани шумораи сагҳои  дайду дар кӯчаҳои   ҷумҳурӣ   гурӯҳҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳру ноҳияҳо вобаста карда шудаанд. Дар  назди  ин мақомот    хоҷагиҳои коммуналию манзилӣ фаъолият мекунанд, ки онҳо ин вазъро назорат мекунанд.

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»  иттилоъ доданд, корхонаҳои хоҷагии манзилию коммуналии тобеи КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» дар маркази шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ гурӯҳҳои махсус ташкил карда, дар якҷоягӣ бо шуъбаҳои корҳои дохилӣ, ташкилотҳои санитарию эпидемиологӣ ва гурӯҳҳои дезинфексионии минтақавӣ оид ба безарар гардонидани сагҳои дайду ва дигар намуди хазандаҳои зараррасони сирояткунанда корҳои назаррас иҷро намуда истодаанд.

Бино ба иттилои манбаъ, давоми шаш моҳи соли 2018 аз тарафи корхонаҳои коммуналӣ, воқеъ дар шаҳру ноҳияҳо 2 ҳазору 779 сар саг ва 36 гурбаи дайду безарар гардонида  шудаанд, аз ҷумла дар вилояти Суғд — 1576,  вилояти Хатлон — 999,  ВМКБ — 200 ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ — 224 сар нобуд карда шудаанд. Ҳамзамон андешидани тадбирҳо дар ин самт идома дорад.

Дар натиҷаи қабули қарорҳои мувофиқ аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳру ноҳияҳо оид ба танзими шумораи чорвои калону майда  гардиши ин гуна чорво дар маркази шаҳру ноҳияҳо ба танзим дароварда шудааст, аммо масъалаи гардиши сагҳои дайду ва бесоҳиб  бинобар ҷой доштани баъзе масъалаҳо то ҳол ҳалли худро наёфтааст.

Тавре аз КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» хабар доданд, мушкилоти  асосӣ дар самти мазкур-ин пайдоиши сагҳои бесоҳиб,  беназоратии сагҳои хонагӣ, афзоиши саршумори сагҳо мебошад. Барои пешгирии ин ҳолат сохторҳои ваколатдори давлатиро зарур аст, ки барои бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ (паспортизатсия),  таъмини сагҳои хонаводаҳо бо гарданбандҳои рақамдор ва  гузаронидани мониторинги  танзими шумораи онҳо тадбир андешанд.

Аз натиҷаи назорати кормандони соҳаи коммуналӣ оид ба  пайдоиши сагҳои бесоҳиб маълум гардид, ки ҳамасола моҳҳои март-апрел дар кўчаҳои шаҳру маркази ноҳияҳо, назди партовгоҳҳои маҳаллаҳои  шаҳр  сагбачаҳо ва гурбаҳои бесоҳиб пайдо мешаванд. Ин баёнгари он аст, ки онҳо аз хонаҳои шаҳрвандон ва деҳаҳои наздик  ба шаҳр оварда, партофта шудаанд, ки ин амалт бояд пешгирӣ карда шавад.

Аз ин лиҳоз, ҷиҳати ба роҳ мондани корҳо дар самти танзими шумораи сагҳо дар хонаводаҳои шаҳрвандон, хусусан дар деҳот ва пешгирии кам кардани нобудшавии сагҳои бесоҳиб бояд ба воситаи рўзномаю маҷаллаҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, ҳокимиятҳои маҳалӣ дар байни аҳолӣ суҳбатҳои ташвиқотӣ  ташкил кунанд.

Ба гуфтаи мутахассисон, ба ин ҳолат бештар кӯдакон дучор мешаванд. Зеро онҳо бештар бо ҳайвонҳои  хонагӣ ё  дар кӯча бо ҳайвонҳои бесоҳиб бозӣ мекунанд.

Аз ин рӯ ҳар як падару модарро мебояд, ки фарзандҳои худро аз ин гуна бозиҳое, ки оқибаташ хатарнок аст, эмин доранд.

Кумаки аввалин ҳангоми ҷароҳат гирифтан он аст, ки сараввал бояд ҷои осебгирифтаро дар таги оби равон тоза шуста, бо маҳлули спиртӣ тоза кард. Баъд ба муассисаи тандурустӣ муроҷиат бояд кунанд.

Сентябрь 28, 2018 11:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 14 намоиш гузаронида шуд
Ҳавопаймои «Azerbaijan Airlines» дар наздикии шаҳри Актауи Қазоқистон суқут кард
Дар Душанбе масъалаи ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони маъюб баррасӣ шуд
«Рақам» барои Суғд. Чӣ тавр МегаФон Тоҷикистон интернети мобилиро дар минтақа рушд медиҳад?
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба 100-солагии мунаққиди тоҷик Соҳиб Табаров ҳамоиш баргузор шуд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон соҳиби 15 техникаи вазнин барои корҳои наҷот гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Роҳи деҳаи Сари Чашмаи ноҳияи Файзобод мумфарш карда шуд
Аёдати беморон ва дидорбинии собиқадорон амали хайр аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
То соли 2100 яхҳои Антарктида метавонанд чоряк ҳисса коҳиш ёбанд