ҲАМДУ САНО! Мақомсароёни тоҷик дар Шаҳрисабз ба гирифтани Шоҳҷоизаи Ҳамоиши байналмилалии мақом мушарраф гардиданд

Сентябрь 11, 2018 14:05

ДУШАНБЕ, 11.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати мақомсароён ва коршиносони тоҷик дар аввалин Ҳамоиши  байналмилалии санъати мақом, ки 6-10 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Шаҳрисабзи Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор шуд, ба гирифтани мукофоти асосӣ —  Шоҳҷоиза мушарраф   гардиданд. 

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳайати мақомсароёни Тоҷикистон дар  ҳамоиши мазкур бо истеъдод ва маҳорати мақомнавозӣ ва мақомсароӣ иштирокчиён ва доварони чорабиниро мафтун намуда, сазовори чунин баҳои баланд гардиданд.

Қобили  зикр аст, ки  ҳамоиши  мазкур бо дастгирии ЮНЕСКО ва  ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев баргузор гардид. Дар расми ифтитоҳи Ҳамоиш Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар радифи вазирони фарҳанги дигар кишварҳо ба Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода изҳори сипос намуд.

Дар форуми мазкур қариб 300 нафар мақомсароён, мутрибон, мусиқишиносон ва муҳаққиқон аз 73 давлати дунё ширкат варзиданд.

Директори Академияи мақоми Тоҷикистон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Абдувалӣ Абдурашидов ба ҳайати 11-нафараи ҳакамони  Ҳамоиш  шомил буд.

Дар доираи  Ҳамоиши байналмилалӣ  конфронси амалӣ дар мавзӯи «Санъати мусиқии мақом ва мавқеи ӯ дар тамаддуни ҷаҳонӣ», инчунин намоиши асбоби мусиқӣ ва маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, ки ба санъати мақом вобастаанд, ташкил гардид.

Сентябрь 11, 2018 14:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид