ҲАРЗАҲОИ БЕБУНЁДИ НУРИДДИН РИЗОӢ. Изҳороти ташкилоти ҷамъиятии фарҳангӣ-маърифатии ӯзбекзабонҳои вилояти Хатлон ба мардуми Тоҷикистон

Сентябрь 19, 2018 15:01

ДУШАНБЕ, 19.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Зимни суханронӣ дар ҷаласаи САҲА Нуриддин Ризоӣ-узви фаъоли ташкилоти экстремистии “Гурӯҳи 24” бидуни асос ва далел дар бораи «фишороварӣ» ва «зӯроварӣ» ба ақаллиятҳои миллӣ, аз ҷумла ба ӯзбекзабонҳо таваққуф намуд. Иддаоҳои Н. Ризоӣ аз иғвою туҳмат беш набуда, ҳадафи ӯ танҳо як чиз аст: бадном ва беобрӯ намудани Тоҷикистон ва рахна андохтан ба дӯстии мардуми тоҷику ӯзбек.

Тавре маълум аст, вақтҳои охир бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев муносибат ва равобити ду ҷумҳурӣ ва миллатҳои дӯсту бародар бештар таҳким ёфта, мушкилоти мавҷуда ҳалли худро пайдо карданд.

Дар доираи мулоқотҳои сарони ду давлат аз ҷониби Ҷумҳурии Ӯзбекистон бунёд гардидани бузургтарин беморхона дар ноҳияи Қубодиён, дар ноҳияи Спитамен сохта шудани мактаби замонавӣ барои ӯзбекзабонон ва аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Самарқанду Фарғонаи Ӯзбекистон бунёд гардидани ду мактаби бузургу замонавӣ барои тоҷикзабонон ба назар гирифта шудааст. Инчунин таъсиси боғи истироҳату фарҳангии ба номи Алишер Навоӣ шурӯъ гардид, ки дар ин боғ пайкараҳои ду фарзанди фарзонаи ду миллат-Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ гузошта мешаванд.

Кушода шудани сарҳадҳои байни ин ду ҷумҳурӣ, осон гардидани омаду рафти шаҳрвандони ду давлат, ба дидори ҳамдигар расидани сокинони Тоҷикистону Ӯзбекистон аз муносибатҳои нек ва ҳасанаи ин ду кишвару ду миллат гувоҳӣ медиҳад.

Бояд зикр кард, ки гӯё ба ӯзбекҳо фишор оварда шудан дар Тоҷикистон, ки Нуриддин Ризоӣ иддао дорад, як ҳарзаи бебунёд ва хушку холӣ мебошад. Дар мисоли вилояти Хатлон равшан метавон дид, ки тамоми ӯзбекзабонҳо аз ҳамаи имтиёзҳое, ки тоҷикон доранд, низ бархурдоранд. Садҳо ӯзбекзабонҳо дар мансабҳои роҳбарӣ фаъолият доранд, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо кор мекунанд. Озодона ба тиҷорат машғуланд ва ғайра. Дар аксари шаҳру навоҳии вилоят, хусусан дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷайҳун, Панҷ, Ёвон, Хуросон, Вахш, А. Ҷомӣ, Қубодиён, Шаҳритус ва ғайраҳо мактабҳои ӯзбекӣ амал мекунанд. Ба наздикӣ дар ноҳияи Носири Хусрав боз як мактаби ӯзбекӣ сохта шуд.

Дар баромади худ Н. Ризоӣ мехоҳад ҷомеаи ҷаҳонро ба иштибоҳ андозад ва даъво дорад, ки собиқ раиси ҷамъияти ӯзбекзабонони вилояти Хатлон Салим Шамсиддинов бинобар он, ки гӯё дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номзадии мухолифин ҷонибдорӣ кардааст, ғайб задааст ва то ҳол зинда будан ё набудани ӯ маълум нест.

Салим Шамсиддинов дар асл чун як нафари миллатгаро, шахсияте, ки байни тоҷикону ӯзбекон пайваста нифоқ бармеангехт, маълум буд. Ӯ ҳамеша ба он мекӯшид, ки ду миллати ба ҳам дӯсту бародар бо ҳам душман шавад.

Нуриддин Ризоӣ ва думравони вай нияти бади на танҳо байни тоҷикону ӯзбекон, балки байни худи тоҷикон тафриқа андохтан дорад. Аз ин рӯ даъво дорад, ки дар Тоҷикистон гӯё ба намояндагони Бадахшон низ зӯроварӣ зоҳир мегардад. Дар вилояти Бадахшон гӯё ягон корхонаи саноатӣ вуҷуд надорад. Чунин сафсата боиси тааҷҷубу таассуф мешавад. Бадахшониҳо дар қатори намояндагони дигар маҳалҳои кишвар барои ободонию пешрафти Ватан софдилона заҳмат мекашанд.

Сафари кории ҳамин шабу рӯз ба вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон анҷом додаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон гувоҳи равшани он аст, ки ин гӯшаи Ватан аз мадди назари роҳбарияти ҷумҳурӣ дур нест. Дар ҷараёни сафари кории Сарвари давлат дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Бадахшон чандин мактабҳо, иншооти мухталифи саноатӣ ва таъйиноти гуногун ба истифода дода шудаанд.

Тоҷикистон кишвари сермиллат буда, дар он намояндагони халқҳои қазоқ, қирғиз, туркман, рус, кореягӣ, немис ва ғайраҳо умр ба сар мебаранд. Онҳо дӯстонаю муттафиқона зиндагӣ мекунанд ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки барои онҳо шароити якхела муҳайё намояд ва фарҳанг, анъанаҳои миллӣ ва маданияту забони онҳо баробар рушд намояд.  Нуриддин Ризоӣ иброз дошт, ки гӯё дар Тоҷикистон тоҷикон 80 дар сад ва ӯзбекон 13 дар садро ташкил медиҳанд. Ин даъво низ нодуруст аст. Зеро теъдоди ӯзбекон дар Тоҷикистон қариб 18 дар садро ташкил медиҳад, ки онҳо барои пешрафти Ватани ягонаамон нақши бориз мебозанд.

Чанде пеш дар вилояти Хатлон баргузор гардидани фестивали фарҳангии ақаллиятҳои миллӣ шоҳиди ин гуфтаҳост. Дар Фестивал намояндагони ҳамаи ақаллиятҳои миллии сокинони вилояти Хатлон бо либоси миллӣ, сурудҳо ва рақсу бозиҳои миллии худ баромад карда, ба иштирокчиён таъомҳои миллии худро пешниҳод намуданд. Ин чорабинӣ, бешубҳа, барои боз ҳам устувортар гардидани дӯстии халқҳо такони қавӣ бахшид.

Хулоса, дӯстию бародарии сокинони Тоҷикистон, ки аз қаъри асрҳо меояд, басо қавӣ ва мустаҳкам буда, кӯшишҳои ҳар гуна «гурӯҳҳои 24» қудрат надорад, ки ба ин дӯстию бародарӣ латма бизанад.

Сентябрь 19, 2018 15:01

Хабарҳои дигари ин бахш

«ДӮСТ ОЯД, ГАРМ ДАР ОҒӮШ ГИР!». Ҷавонони фаъоли Тоҷикистон меҳмони ноҳияи Рӯдакӣ шуданд
Ғолибони даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» муайян шуданд
МОҲВОРАИ ҶАВОНОН. Вазъи фаъолияти шуъбаву бахшҳои кор бо ҷавонони муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ баррасӣ шуд
Дар шаш минтақаи Тоҷикистон сел ба амал омад
«ОИЛАИ НАМУНАВӢ». Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ин озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе ҳамоиши ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ҷумҳуриявии озмун доир мешавад
Рамзи Соли маърифати ҳуқуқӣ тасдиқ карда шуд
Дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин дар Рашт вохӯрии судманд доир гардид
Одатҳои бад яке аз омилҳои сар задани бемории саратон мебошад
Шумораи аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе беш аз 84,4 ҳазор нафарро ташкил медиҳад
Вобаста ба ҳамкории байналмилалӣ ва тамоюли иҷрои маҷбурии санадҳои судӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 47 шаҳрванди Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баргардонида шуд