«БА АМАЛҲОИ НОПОКИ ҲИЗБИ МАМНӮИ НАҲЗАТИ ИСЛОМӢ БЕТАРАФ НАБОШЕД!». Муроҷиати Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо
ДУШАНБЕ, 14.09.2018./АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар иртибот ба амалҳои дасисакоронаи ташкилоти террористию экстремистии «Ҳизби наҳзати исломӣ» изҳорот қабул намуд. Матни он чунин аст:
Кормандони соҳаи сайёҳии Тоҷикистон таъсиси «Паймони миллии Тоҷикистон»-ро, ки аз ҷониби як гуруҳи фитнаандозу хиёнаткор дар Аврупо таъсис дода шудааст, инчунин амалҳои номатлуби роҳбарони ташкилоти террористию экстремистии «Ҳизби наҳзати исломӣ» ва суханронии роҳбари он М. Кабириро дар конфронси Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), ки барои сиёҳ кардани халқу давлати Тоҷикистон равона гардид, қотеона маҳкум менамояд.
Маҳз аз ҷониби ҳамин гуна гуруҳҳои нопоку сияҳкор бо нияти ноҷавонмардонаи паст задани обрӯ ва коҳиш додани симои Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ 29 июли соли равон дар шоҳроҳи Кӯлоб – Душанбе як гуруҳи сайёҳони хориҷӣ, шаҳрвандони кишварҳои Аврупо ва Амрико ваҳшиёна ба қатл расонида шуданд.
Бо ин кирдори дасисаангези худ террористони «наҳзатӣ» мехостанд ба афзоиши ҷалби сайёҳон ба кишвари мо монеа эҷод намоянд. Вале, хушбахтона онҳо ба ҳадафҳои нопоки худ нарасиданд. Имрӯзҳо теъдоди сайёҳон аз кишварҳои гуногцуни олам, ки вориди Тоҷикистон мешаванд, торафт меафзояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст ва ягон қувваи нохалаф наметавонад дар ин роҳ монеа эҷод намояд.
Аз Созмони САҲА тақозо мегардад, ки ба амалҳои нопоку фитнаангези ҳизби мамнуъи наҳзат ва пайравони он бетараф набошад.








Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад






