«БА ҲИЗБИ НАҲЗАТ ВА ГУРӮҲИ 24 ҲАМРОҲ НАШАВЕД!» Муроҷиати узви собиқи «Гурӯҳи 24» ба ҳамватанон-шаҳрвандони Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 12.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Як узви собиқи «Гурӯҳи 24» (мамнуъ дар Тоҷикистон) Исмоил Холов бо нашри видеое дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» ҳамсафони собиқашро дар фиребу ҳуққабозиҳо маҳкум карда, бо муроҷиат ба шаҳрвандони Тоҷикистон ва муҳоҷирони меҳнатии дар хориҷи мамлакат қарордошта нисбат ба кардаҳои худ изҳори пушаймонӣ мекунад ва ба онҳо тавсия медиҳад, ки аз саргузашти ӯ ибрат гиранд ва ба доми тазвири ташкилоту гурӯҳҳои ифротӣ, аз ҷумла «Гурӯҳи 24» ва ҳизби наҳзат дода нашаванд.
Матн ва видеои ин муроҷиатро дар зер бо андаке таҳрир ба таваҷҷуҳ ва қазовати хонандагон ҳавола менамоем.
«Ба номи Худованди бахшандаву меҳрубон,
Ассалому алайкум, бародарони муҳтарам ва тамошобинони гиромӣ!
Ман Холов Исмоил Қурбонхон, зодаи ноҳияи Бохтар, собиқ фаъоли «Гурӯҳи 24» мебошам. Айни замон дар шаҳри Москва қарор дорам. Дар бораи ин гурӯҳ мехоҳам каме равшанӣ андозам.
Ман соли 2012 ба муҳоҷирати корӣ ба шаҳри Москва омада, дар кӯчаи Лубнинский зиндагӣ мекардам. Чанде баъд ба майдончаи футбол рафтем ва хостем футбол бозӣ кунем, баъди бозӣ шахсе худро ба ман Ҳусайн Ашӯров муаррифӣ кард. Ҳусейн маро гуфт, ки телефонатро ба ман бидеҳ туро ба «Гурӯҳи 24» шомил мекунам. Ман гуфтам ин гурӯҳ чӣ асос дорад ва чӣ корро иҷро мекунад? Ӯ гуфт, ки ин гурӯҳ хатоиҳои Тоҷикистонро ислоҳ мекунад. Ман телефони худро аз нодонӣ ба ӯ додам. Ӯ гуфт, ки ман радиои «Zello»-ро ба ту «скачать» (зеркашӣ) кардам. Бо инҳо ҳамсуҳбат шав, баъд мефаҳмӣ ин гурӯҳ чӣ мақсад дорад.
Ман аз нодонӣ тавассути радиои «Zello» бо онҳо суҳбат кардам. Онҳо ба ман савол доданд, ман ҷавоб додам. Дар бораи ришу сатру ҳиҷобу масҷиду ҳамин чизҳо саволҳо доданд. Ман гуфтам ҳо, мувофиқи Ислом хатост. Ман бо унҳо шомил шуда, ба гапҳояшон об медодам.
Ҳусайн Ашӯров пароли «Одноклассники»-и маро медонист ва чанде пас тақрибан мобайнҳои соли 2013 ё саршавии 2014 аз шаҳри Москва ғайб заду дар саҳифаи «Одноклассники»-и ман ҳар гуна фотошопҳо дар бораи раисҷумҳур мегузошт. Ман «успеть» (дарёб) накардам, ки онҳоро «удалить» (нест) кунам. Мақомоти Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ман «дело»-и (парвандаи) ҷиноятӣ кушод. Ман аз Ҳусайн Ашӯров, ки ҳоло «замначальники» (муовини роҳбар) «Гурӯҳи 24» мебошад, асоси инро пурсидам, ки барои чӣ ту маро дар назди ҳамватанон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бадном кардӣ, яъне маро сиёҳ кардӣ? Ӯ гуфт, ки ман туро «подставить» (фанд) кардам, то ки аз ин гурӯҳ набароӣ.
Баъдан милитсия маро боздошт кард. Ба ман гуфтанд, ки ту аз тарафи мақомоти Тоҷикистон дар «розыск» (ҷустуҷӯ) ҳастӣ. Моҳи… мобайнҳои соли 2015 маро ба зиндон бурданд. 27 декабри соли 2015 маро озод карданд, яъне шаш моҳ дар зиндон будам. Ҳатто ба зану фарзандҳо, ба оилаам ягон кумаке набуд аз ҷониби «Гурӯҳи 24». Баъди аз зиндон озод шудан инро фаҳмидам.
Баъд… ба «личка»-и (саҳифаи шахсии) Ҳусайн Ашӯров даромадам, гуфтам барои чӣ ту маро бадном кардӣ? Ман кори хуб доштам, аз пушти ту онро аз даст додам, ойлики хуб мегирифтаму зану фарзандҳоям гушнаву ташна набуданд.
… Ман гуфтам, ки тамом дар гурӯҳи шумо нестам, маро дигар азият надиҳед.
Ман соли 2015 аз зиндон баромадам ва аз корҳои худ пушаймон ҳастам. Ба ҳамватанони азиз тавсия медиҳам, ки ин кори ман ба ҳамаи шумо дарс аст. Ман фаҳмидам, ки фаъолияти «Гурӯҳи 24» ва ҳизби наҳзат — ҳамааш фиребу найранг буда, аз мо истифода мекунанд.
Шаҳрвандои муҳтарам, муҳоҷирони меҳнатии Россия ва Аврупо, шумо фикр накунед, ки ман ин «видео-обращения»-ро (муроҷиати видеоиро) маҷбурӣ кардам. На, ман ба хоҳиши худ, сидқан кардам, ки ба шумо дарси ибрат шавад».
https://m.facebook.com/story.php?story_fbid=1803498153102374&id=100003266213719








Ҳайати Тоҷикистон дар вохӯрии аъзои Комиссияи идоракунии лоиҳаи JDS иштирок намуд
23 МАЙ — РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН. Онҳо неруи асосии пешбарандаи ҷомеа ва омили муҳими суботи сиёсӣ мебошанд
Ҷамолиддин Абдуллозода дар ҷаласаи пленарии иҷлосияи 79-уми Маҷмаи умумиҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Дар Рашт ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Гулистон ҷиҳати пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ ҳангоми оббозӣ бо хонандагон ва сокинон вохӯриҳо гузаронида шуд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЧОЙ. Чаро дар садсолаи охир талабот ба он боз ҳам зиёдтар гардид?
ОГОҲӢ! Аз 21 то 25 май дар Тоҷикистон хатари сар задани сел ва баландшавии сатҳи оби дарёҳо пешгӯӣ карда мешавад
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистону Корея дар соҳаҳои гуногун баррасӣ гардид
МАВСИМИ ОББОЗӢ ФАРО МЕРАСАД. Қоидаҳои шиновариро риоя кунед!
Гиромидошти хотираи неки фарзандони фидокор ва сарсупурдаи миллат ҷузъи сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон аст
«МАН ЧӢ ГӮЯМ ВАСФИ ИН ОЛИҶАНОБ…». Андешае дар ҳошияи ташаббуси наҷиби Пешвои миллат оид ба эҳёи хотираи таърихӣ ва бозгашти хоки рамзии фарзандони бузурги тоҷик ба оғӯши Ватан
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Форуми байналмилалии «Занон ва об» баргузор мешавад






