БАҲСИ КИТОБХОНӢ. Кадоме беҳтар: китобҳои чопӣ ё электронӣ?

Сентябрь 15, 2018 11:23

ДУШАНБЕ, 15.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Мутолиаи китоб фарҳанги моро васеъ ва ақлҳоро комил мегардонад. Шахсе, ки китоб мехонад, дар зиндагӣ ҳамеша муваффақ аст ва дар ҷомеа мақоми худро меёбад.  Имрўз дар баробари китобҳои чопӣ (коғазӣ) китобҳои электронӣ низ ба майдон омадаанд, ки ҷавонони мо аз он бештар истифода мебаранд. Китобҳои электронӣ низ баробари китобҳои чопӣ ба хонанда илм меомӯзанд. Вале бисёриҳо ба он назаранд, ки бо рушд ва таҳаввулоти аз меъёр зиёди интернет китоб салобату маҳбубияти хешро аз даст хоҳад дод. Барои фаҳмидани он ки ин андеша то чӣ андоза дуруст аст, мухбири АМИТ «Ховар» Зарангези ЛАТИФ бо мутахассиси Маркази тоҷикшиносии Китобхонаи миллии Тоҷикистон Сайдакбар АБДУЛАЗИЗЗОДА суҳбат орост.

АМИТ «Ховар»: Ҳамчун мутахассиси соҳаи китобшиносӣ мегуфтед, ки тафовут миёни китобҳои чопӣ ва электронӣ дар чист?

С. Абдулазиззода: Воқеан, инсон он вақт аз илм хуб баҳравар мешавад, ки дар назди устоди худ таълиму тадрис бигирад. Устод ба шогирд дар фаъолияти илмиаш ҳамеша китобҳоеро тавсия медиҳад, ки барои ӯ зарур ва муфид бошанд. Бояд зикр кард, ки бо пайдо гардидани интернет имрӯз тамоми намуди китобро метавон аз он дастрас намуд, вале китобхонӣ ва донишандӯзӣ ягона роҳ ва равишест, ки инсонро ба қуллаҳои баланди эҷодиву илмӣ  мерасонад. Имрӯз дар фаъолияти корӣ аён гардидааст, ки нисбат ба китобҳои оммавӣ мутолиаи китобҳои электронӣ  зиёдтар ба чашм мерасад. Мо дар ин масъала бо хонандаҳо таҳқиқоти аҷибе гузарондем, ки мавриди тазаккур аст.

Як  синфро, ки иборат аз сӣ нафар хонанда буд, барои мутолиаи як ҳикоя интихоб намудем. Барои хондани ин ҳикоя понздаҳ нафари онҳоро ба нусхаи чопӣ ва понздаҳ нафари дигарро ба нусхаи электронӣ дар як муҳити орому осоишта сафарбар кардем. Пас аз хондани ҳикоя мо аз ҳар ду гурӯҳ натиҷагирӣ намудем. Фикру андеша ва фаҳмиши онҳоро муқоиса кардем. Таҳқиқот нишон дод, ки хонандаҳои нусхаи чопӣ бисёр ҳозирҷавоб будаанд. Бадоҳатан тавзеҳу тавсифи маънои ҳикояро хуб баён менамуданд. Пас аз ин тадқиқот маълум гардид, ки хондани нусхаи чопӣ барои хонанда рӯҳу илҳом ва нақши асосиро барои дар хотираи инсон боқӣ мондани маълумоти зарурӣ мебозидааст.

Аз тадқиқоти мазкур хулоса кардам, ки хондани нусхаи электронӣ он қадар ба зеҳну ақли инсон маълумоти кофӣ ворид карда наметавонистааст, чунки ҳангоми хондани китобҳои электронӣ дар компютер ҳушу хаёли инсон ба дигар барномаҳо (бозиҳо, видеоҳо, суратҳо, интернет, телефонкунӣ) ё дигар машғулиятҳое, ки истифодаи онҳо дар компютер ё телефон дар вақти мутолиа ва аз худ намудани мавзӯъ нолозим ҳастанд, банд мешавад. Инчунин хонанда вақти пурарзишу гаронқадри худро бо ҳар гуна ҳаракатҳои фиребдиҳанда ва бесуд сипарӣ мекунад.

Мусаллам аст, ки хонанда китобҳои электрониро зуд ва бе заҳмату машаққати зиёд ба даст меорад, бинобарин ба қадру қимати он кам мерасад. Хушбахтона, имрӯз дар тамоми гӯшаву канори кишвар китобхонаҳои зиёд вуҷуд доранд, ки хонанда метавонад дилхоҳ китоби зарурии худро дастрас карда, мутолиа намояд, вале ҷавонон роҳи осони корро ҷуста, рӯ ба китобҳои электронӣ меоранд. Хушбахтона,  бо ҳиммати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ҷумҳурӣ бинои боҳашамати Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо тамоми шароити зарурӣ ба истифода дода шуд, ки дар даврони Истиқлолият барои мардуми тоҷик туҳфаи арзишманд маҳсуб мешавад. Имрӯз хонанда метавонад аз махзани ин китобхона маводи заруриро тавассути шабакаҳои интернетӣ ё китобхонаи электронӣ ҷустуҷӯ карда, дастрас намояд.

АМИТ «Ховар»: Чунин мешуморанд, ки истифодаи зиёди компютеру телефон ба саломатии инсон зарар дорад. Ба андешаи Шумо мутолиаи китобҳои электронӣ ба саломатии инсон чӣ таъсир мегузорад?

С. Абдулазиззода: Китобҳои электронӣ ба саломатии инсон зараровар буда, бинобар ин ҷавонон бояд пайваста ба мутолиаи китобҳои чопӣ эътибори ҷиддӣ диҳанд, аз имконияти фароҳам овардашуда самаранок истифода баранд. Зеро хондани китобҳои чопӣ барои инсон рӯҳу илҳоми тоза бахшида, ӯро аз тез мондашавӣ  нигоҳ медорад.

Гузашта аз ин, коршиносон исбот кардаанд, ки мутолиаи аз меъёр зиёди китобҳои электронӣ ба рӯшноии чашм ва майнаи сар зарари зиёде мерасонад, чунки инсон дар иҳотаи мавҷҳои электронӣ қарор мегирад. Китобхонӣ дар як- ду соат хотима наёфта, мо вақти тӯлонӣ  зери таъсири мавҷҳо қарор мегирем. Дигар ин ки зимни аз нусхаҳои электронӣ истифода бурдан маънои он дар хотираи инсон хуб нақш намебандад ва аз меҳнатамон ҳосили начандон зиёд хоҳем бардошт.

Вақте ки инсон аз компютер ва телефон китоб мехонад ё ин ки менависад, ҳарду тавассути ангуштон идора карда мешаванд. Ба гуфтаи табибон, аз ҳама ҷойи тозаву тезҳаракати хуни мо дар сари ангуштон аст. Махсус ба ин андеша диққат кунед, ки табибони дунё тамоми намуди хунро аз ҳамин ҷо ташхис ва муайян мекунанд, чунки хуни бадани инсон доимо тавассути дастону пойҳо ҳаракат мекунад. Дар компютер ва телефон нурҳои магнитии зарарноке  вуҷуд доранд, ки ҳангоми истифода нурҳояшон бо гардиши хуни заҳрнок  ба тамоми узви бадани инсон тоб хӯрда, ба майнаи сар таъсир мерасонанд. Баъдан, ҳуҷайраҳои майнаи сарро хароб карда, он қисмати ҳуҷайраҳоро, ки барои муҳофизати инсон мавҷуданд, карахт карда, инсониятро ба фаромӯшхотирӣ оварда мерасонад.

 

Имрӯз зиёд фаромӯшхотир шудани мардум аз истифодаи тӯлонии техникаҳои муосир мебошад. Ман ҳеҷ гоҳ зидди истифодаи ин техникаҳо нестам, аммо инсон бо ақлу заковат ва фаҳмиши баланд бояд дидаву дониста, худро ба вартаи ҳалокат набарад ва аз ҳама чиз бо меъёраш баҳраҷӯйӣ кунад.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки имрӯз хотираи марди 50- сола аз ҷавони 25- сола беҳтар аст, чунки аксарияти калонсолон аз ин гуна техникаҳо кам баҳраманд мебошанд. Бояд зикр кард, ки ин зиёнро танҳо тавассути варзиш, аз ҷумла, машқи бадан, давидан, паридан, ҷаҳидан ва дигар намудҳои варзишӣ метавон аз худ дур кард, аммо, мутаассифона, қисмате аз зарарҳо ҳаргиз бартараф намешаванд.

АМИТ «Ховар»: Барои роҳи ҳалли ин мушкилӣ чӣ бояд кард?

С. Абдулазиззода: Ба андешаи мо, хонанда ё истифодабаранда бояд барои ҷустуҷӯйи сарчашма ва маъхазҳои зарурӣ ба ин техникаҳо муроҷиат кунад ва вақте ки пайдо кард, дарҳол рӯ ба китоб биоварад. Дар сурати пайдо гардидани нусхаҳои анъанавӣ ё ба истилоҳ чопӣ боқимондаи иттилоотро аз китоб хонда, маълумот гирад.

АМИТ «Ховар»: Ба падару модарон чӣ тавсия медиҳед, оё истифодаи компютер ва китобҳои электронӣ ба хурдсолон мумкин аст?

С. Абдулазиззода: Хуб мешуд, волидайн ба фарзандони худ аз синни 15-16 иҷозати истифодаи ин таҷҳизотро диҳанд, чунки ин гуна таҷҳизот ба чашму дил ва асаби онҳо таъсири нурҳои худро мерасонад. Мусаллам аст, ки ақлу ҷисми кӯдак бисёр латифу нозук ва тез қабулкунанда мебошад.

 

Моддаҳои заҳрнок ба ҷисми кӯдакон зуд  ворид мегарданд, аз ин рӯ онҳоро бояд эҳтиёт кард. Аммо таъсири он ба ҷисми калонсолон оҳиста-оҳиста мерасад. Тарзи дурусти истифодаи компютерро ба фарзандон бояд омӯхт, зеро мутахассисони варзида дар ин маврид чунин пешниҳод кардаанд, ки риояи он ҳангоми истифода хеле зарур ва ҳатмӣ мебошад:

— ҳангоми истифода бурдани комютер на камтар аз 70 см дуртар аз назди он  бояд қарор гирифт;

— баъди ду-се соат истифода кардани компютеру телефон, на камтар аз ним соат ба варзиш бояд машғул шуд;

— дар як рӯз ҳадди ақал 200 гр ҷурғот ё ғизоҳои ширӣ нӯшидан лозим аст;

— ҳар рӯз як-ду соат ба варзиши бадан машғул бояд шуд.

Табибон пайваста тавассути воситаҳои ахбори омма оид ба зиёни он  таъкид мекунанд, ки дар баробари истифода кардани ин таҷҳизот аз зарари он низ огоҳ бошанд.

Хуллас, китоби чопӣ аз мо на техника ва на барнома талаб мекунад. Тарзи мутолиаи он низ одӣ буда, ба кас рӯҳу илҳом мебахшад. Пас, бикўшед, ки рў ба китобҳои чопӣ оред.

Барҳақ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «Китоб ҳамчун шиносномаи ҳар як халқу миллат барои поку бегазанд нигоҳ доштани забони модарӣ ва рушди он, таҳкиму тақвият ёфтани ҳувияти миллӣ ва худогоҳиву худшиносии ҳар як фард нақши бузург дорад».

Ҳамчунин бояд зикр кард, ки агар ба ҷадвали пешрафтатарин кишварҳо назар кунем, мебинем, ки онҳо аз ҳама бештар китобҳои чопӣ мутолиа мекунанд. Далели ин гуфтаҳо шумораи зиёди нафаронест, ки дар  Амрико, Чин ва дигар кишварҳо ба мутолиаи китобҳои чопӣ машғуланд.

Зарангези ЛАТИФ,

АМИТ «Ховар»

Сентябрь 15, 2018 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш

ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Тандиси биринҷии чеҳраи Президенти Тоҷикистон ба Осорхонаи миллӣ супорида шуд
АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ. Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон фестивали муд баргузор мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТЕАТР. Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон барои пешрафти санъати касбии театрӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Суғд Фестивали вилоятии гулҳо доир мешавад
КОНИ ЛАЗЗАТ ВА ХОНИ НЕЪМАТ. Хабарнигори АМИТ «Ховар» оид ба таомҳои наврӯзӣ дар Бадахшон маълумот ҷамъоварӣ намуд
НАВРӮЗ-МАҲБУБТАРИН ҶАШНИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН. Суратгузориш аз таҷлили бошукуҳи ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи оммавӣ, илмӣ-техникии шуъбаи Академияи илмҳои Русия дар минтақаи Сибир Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Оши бурида дар Наврӯз ҳамчун рамзи умри дароз ва ҳаёти хушбахтона омода мешавад
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ЭҲЁ. Ин ҷашни ҷаҳонӣ бунёди маънавии миллати тоҷик мебошад
МАЗМУНҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР АШЪОРИ АҲДИ КЛАССИКИИ ФОРСУ ТОҶИК. Андешаҳои адабиётшинос дар хусус
НАВРӮЗ ДАР ЗАРАФШОН. Он бо «тухмҷангак»-и кӯдакон оғоз мегардад