БАДАХШОН-МАҲЗАРИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Таассуроти ходими адабии АМИТ «Ховар» аз сафари Бадахшон
ДУШАНБЕ, 08.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, густариш ва ҳифзи онҳо – ду масъалаест, ки имрӯз дар мадди аввали назари сиёсати дохиливу берунии Ҳукумати Тоҷикистон ва Президенти кишварамон қарор дорад. Инҳо масъалаҳое ҳастанд, ки якдигарро комилтар кардаву ба ҳамдигар неру мебахшанд. Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани соли равон аз ҷониби Пешвои миллатамон ҳадафҳои бузургро пайгирӣ менамояд, ки ба ободиву ғановати иқтисодӣ ва некӯаҳволии мардуми кишвар, хусусан баланд бардоштани сатҳи иқтисодиву мадании халқамон равона шудаанд. Бадахшони Тоҷикистон, воқеан сарзаминест, ки беҳтарин маҳзари ин рушду ин густариш буда метавонад ва он ҳам ба шаш ваҷҳ.
Аввалан, ин сарзаминест, ки ҳар гӯшаву канори нозанинаш аз лиҳози нотакрорӣ, покию ҷолибияти табиат нотакрор буда, бо зуҳуроти табиати зинда ва биҳиштосо зебо, бо обҳои зулолу намои кӯҳҳои сарбафалаку барфпӯш ва этнографияи беамсолаш таваҷҷуҳи оламиёнро ба худ мекашад.
Сипас, Бадахшон, ки кӯҳҳои сабафалакаш Боми ҷаҳон ном гирифтаанд, дар ҷаҳон яке аз машҳуртарин қитъаҳои кӯҳнавардӣ ва алпинизми байналмиллалист, ки фатҳи қуллаҳои беҳамтои онро ҳар кӯҳнавард барои худ шараф меҳисобад ва машҳуртарин алпинистҳои олам дар орзуи фатҳи онҳо мебошанд. Қуллаҳои сарбафалаки Боми ҷаҳон ҳамасола теъдоди зиёди кӯҳнавардонро ба сӯи худ мекашанд.
Сеюм, Бадахшон ҳамон сарзаминест, ки дар он нодиртарин ҳунарҳои мардумӣ, одоб, анъана суннату маросимҳои халқӣ то имрӯз бе осеб омада расидаву ба шакли комил маҳфуз мондаанд. Дар ин ҷо ҳам маҳсули ҳунарҳои мухталиф ва рангоранги дастӣ, либос, анвои таомҳои бешабеҳи миллӣ ва ҳам суннату ойинҳои зеботарину ҷолибтарин дида мешаванд, ки барои ҳар як нафар мусофири хориҷӣ хеле ва хеле таваҷҷуҳангез мебошанд.
Чаҳорум, Бадахшони мо яке аз қадимтарин сарзаминҳои таърихиест, ки ҳар сангу бораи он аз таърихи пур аз қиссаву ривояти инсоният ҳикоят мекунад. Дар ин ҷо мавзеъҳои дидании таърихие ҳастанд, ки аз асрҳои сангиву биринҷӣ, аз замонҳои давлатдории Ҳахоманишиён, Кӯшониёну Ҳайтолиён ва аз таърихи навини мардуми ин диёр ҳикоятҳои ҷолиб мекунанд. Аллакай аз онҳо ҳамарӯза садҳо нафар сайёҳон аз тамоми гӯшаҳои дунё дидан доранд ва теъдодашон сол то сол меафзояд.
Панҷум, маҳз аз дохили ҳамин сарзамини таърихӣ “Роҳи бузурги Абрешим”, роҳи ҳаракати роҳибони буддоӣ ва фиристодагони сиёсӣ мегузашт, ки барои сайёҳон ва таъриху бостоншиносони дунё хеле ҷолиб аст.
Ниҳоят, шашум, ин сарзамин аз ҷиҳати зуҳури чашмаҳои шифобахшу табобатӣ ва захираи сангҳои қиматбаҳо ҳамто надорад, ки низ ҳамарӯза теъдоди муштариёни он аз тамоми гӯшаҳои олам дар ҳоли афзудан аст.
Тамоми ноҳияҳои Бадахшон метавонанд намунаи беҳтарин барои ҳалли ин мавзӯъ, яъне рушди сайёҳӣ ва ҳифзи ҳунарҳои мардумӣ бошанд. Аммо имрӯз мо аз ҳудуди ноҳияи Ишкошим раҳсипорем, ҷониби чашмаи машҳури Бибӣ Фотимаи Заҳро раҳ пеш гирифтаему раҳ ба раҳ шоҳиди онем, ки чӣ қадар теъдоди зиёди сайёҳони хориҷӣ савори дучарха, мототсикл, мошинсавор ва ҳамчунин пойи пиёда ин роҳи тӯлонии кӯҳистонро тай мекунанд, то ин ки ба мавзеъҳои дилхоҳи худ бирасанд ва муроди дил ҳосил кунанд.
Бибӣ Фотимаи Заҳро-эъҷози табиат
Аввалан, ин чашмаи беназир танҳо бо як дидан инсонро мафтуни худ месозад, зеро хеле покиза, серун, зебо ва сарсабзу хуррам аст. Эъҷози якум ин аст, ки агар дар ҳама ҷо оби гарм аз замин фаввора зада барояд, дар ин ҷо об аз боло, аз остини кӯҳи баланд мерезад, остине, ки табиат ба он ранг ва нақшу нигори бешабеҳ бахшида ва ин боиси пайдо шудани ривоятҳои аҷибу шунидании зиёде гардидааст. Оби гарму шифобахш аз ду остини кӯҳи баланд рехта, ҳавзеро ташкил додааст, ки ба он мардум ба нияти шифо ворид мешаванд. Ба назар чунин мерасад, ки аз осмонҳо Худованди муттаол бо дастони худ аз зарфе бузург ин оби шифобахшро ба дӯши ҳоҷатмандон мерезад. Дар канори дохили ин чашма як мӯрии шабеҳи танӯрае ҳаст, ки ҳар кас тавонад вориди он шавад, ба орзуву нияте, ки дорад, хоҳад расид. Хусусан, занону мардони безурёт пас аз ғусл дар ин чашма соҳиби фарзанд мешаванд. Аммо ин ҳанӯз танҳо яке аз хосиятҳои ин чашмаи муқаддас аст.
Кайҳост аз ҷиҳати илмӣ собит гардидааст, ки чашмаи Бибӣ Фотимаи Заҳро барои муолиҷаи бемориҳои зиёд, аз ҷумла, бемориҳои узвҳои ҳозима (илтиҳоби меъда, захми меъда, кулинҷи музмин, газаки доимии ҷигар, санги гурда ва маҷроҳои талхагузар); бемориҳои узвҳои такя ва ҳаракат (яъне илтиҳоби бандҳо, тарбод, касалиҳои устухону тағоякҳо, илтиҳоби устухону мушакҳо, шахшавии бандҳо, касалии резиз (устухоншикан) дар ҳолате ки ҷарроҳиро талаб накунад ва бемориҳои мухталифи занона судманд аст.
Аз хусуси фарзанд ёфтани одамони безурёт дар ин чашма метавон мисолҳои зиёде овард. Нақл мекунанд, ки як хонуми японӣ, ки солҳои зиёд бефарзанд буд, пас аз муолиҷа бо обҳои ин чашмаи шифобахш ба кишвари худ баргашта, соҳиби фарзанд мешавад. Ӯ пас аз чанд сол бо ҳамон фарзанд бори дигар ба зиёрати ин чашмаи муқаддас меояд.
Тозатарин далел ин аст: соли гузашта хонуме бо номи Янон аз Германия, ки солҳо бефарзанд буд, пас аз чанд рӯзи муолиҷа дар оби чашмаи номбурда, ба ватан баргашта, соҳиби фарзанд шуд ва ба тариқи фейсбук бо миннатдорӣ аз ин хусус хушхабар фиристод. Чунин далелҳо аз сокинони хориҷӣ зиёданд, аммо дур намеравем.
Дар худи ҳамин даргоҳ ду нафаре ҳастанд, ки пас аз муолиҷа бо оби чашма соҳиби фарзанд шудаанд. Аз ҷумла, Холумбек Сияпаров, ки сокини деҳаи Ямчун буда, дар шаҳри Ӯши Қирғизистон ронанда шуда кор мекард, 18 сол бефарзанд буд ва ҳеҷ муолиҷае барои фарзандоршавии ӯ мусоидат накард. Танҳо баъди шифои чашмаи Бибӣ Фотимаи Заҳро соҳиби фарзанд гардид ва он қадар ихлос ба ин мавзеъ баст, ки акнун дар даргоҳи ҳамин чашма кор мекунад ва барои ободонии он самимона саҳм мегузорад.
Нафари дигар низ, ки ҳоло дар ин истироҳатгоҳ ба ҳайси муҳофиз кор мекунад, Икромиддин Алиназаров аз деҳаи Вичкут аст, ки 22 сол бефарзанд буд. Муроҷиати ӯ ба ҳама дармонгоҳҳо натиҷа надод. Аммо маҳз ба шарофати чашмаи Бибӣ Фотимаи Заҳро соҳиби ду фарзанд гардид. Увайдуло Мирматов, ки дар Руссия зиндагӣ ба сар мебарад, дар он ҷо ба қимати 19 ҳазор доллар муолиҷа кардаву фарзанд наёфт. Ӯ низ ба шарофати ин чашмаи муқаддас соҳиби фарзанд шуд. Мисолҳо хеле зиёданд. Аммо охирин далел ин аст, ки чанде пеш, дар мавсими ҳаминсола зане, ки ҳамроҳи шавҳар аз шаҳри Конибодом омада буду солиён бефарзанд буд, дар замони ҳамроҳи шавҳар дар ин ҷо муоина гирифтан оқибат ҳомиладор шудаву бо қаноатмандӣ ба хона баргашт.
Банда дар тӯли як ҳафта мушоҳида кардам, ки теъдоди хеле зиёди хориҷиён ба ин ҷо меянд. Танҳо дар мавсими ҳаминсола, ки аз 22 март оғоз ёфтааст, то 15 август 750 нафар номнавис шудаанд ва агар ба назар гирем, ки баъзан бе номнавис ҳам медароянд, қариб ҳазор нафар сайёҳи хориҷӣ дар ин муддат аз ин чашма баҳраманд гардидаанд.
Метавонем чанде аз онҳоро ном барем: Лиза аз Германия, Гамерон аз Австралия, Ким аз Корея, Арманда аз Португалия, Педуле аз Тайван, Алекс аз Франсия, Ингел аз Италия, Лан Лио аз Чин, Лиза аз Амрико, Бар Маар аз Исроил… Ва лаҳзае, ки ин номҳоро бо мутасаддии қабулгоҳи чашма Файзиддини Қурбоншоҳ номнавис мекардем, хонуме ворид шуд бо номи Кеприн, ки аз Гонконг будааст. Ҳамчунин муштариёни ин чашмаи муқаддас аз кишварҳои дигар, мисли Испания, Англия, Швейтсария, Норвегия, Словакия, Ҳолландия, Япония, Эрон, Россия, Руминия, Украина, Қирғизистон ва дигар манотиқи дунё имсол дар обҳои шифобахши чашмаи Фотимаи Заҳро муолиҷа гирифтаанд.
Ватани чашмаҳои шифобахш
Мо дар хусуси як чашмаи Бибӣ Фотимаи Заҳро сухан кардем, ҳол он ки дар Бадахшон чунин чашмаҳо хеле зиёданд ва машҳуртарини онҳо Гармчашмаву чашмаи Авҷанд. Ин чашмаҳо ҳамарӯза муштариёни зиёдеро қабул мекунанд ва дар онҳо шароити мувофиқ барои зиндагӣ ва муолиҷа аз бемориҳои гуногун фароҳам оварда шудаанд. Ҳар яки ин чашмаҳо хусусияти хоси худро дорад. Масалан, Гармчашма бидуни он ки бемориҳои зиёдеро шифо мебахшад, бо он машҳур аст, ки беҳтарин табобатгоҳ барои бемориҳои пӯст мебошад ва онҳое ки аз обҳои ин чашмаи худодод шифо ёфтаанду ба он ихлос бастаанд, беҳисобанд. Ё худ чашмаи Авҷ, илова ба он ки ба бисёр бемориҳо давост, хусусияти хосаш ин аст, ки ба чашм биноӣ мебахшад ва нури чашмро афзун месозад. Нақл мекунанд, бемороне бар ин чашма бо асобағал омадаву бе он баргаштаанд.
Илова ба ин чашмаҳои машҳур, чашмаи оби нарзани Сист, чашмаҳои шифобахши маъдании Чурш, Жунт, Хосгуне, Андароб, Баршор, Обигарм, Абхарв, Зерев, Удит, Даршай, Наҳрхун, Сиришитхарв, Ростошитхарв, Вранг, Сурхчашма, Ширгин, Зонг, Ичиклик, Харгушӣ… дар ин диёри худодод ҷориянд, ки таркиби онҳо ва хусусиятҳои шифоияшон омӯхта шудаву ҳар яке ба дарде давоянд. Аз ҷиҳати монандӣ ба обҳои шифобахши дигар мамолики дунё чашмаҳои ноҳияи Ишкошим ба чашмаҳои машҳури олам- Пятигорск, Железноводск, Кисловодск (Украина), Есентукӣ, Шовӣ Ҷагверӣ, Боржомӣ, Зваре (Гурҷистон), Вюксек, Харканд (Венгрия), Севан, Дилиҷон, (Арманистон), Слеачи (Чехия), Исиқсу (Озарбойҷон) ва ғайра наздиканд.
Маъмурияти чашмаи Бибифотимаи Заҳро, ки имрӯз Муассисаи давлатии Истироҳатгоҳи табобатии собиқадорони ҷангу меҳнат номида мешавад, расман аз соли 1996 ба фаъолият шурӯъ кардааст ва дар оғоз 8 кати хоб дошт. Банда, ки соли 1998 бо ҳайати Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ба Бадахшон сафар кардаву аз ин чашма низ дидан карда будам, чун ба ин мавзеъ расидем, аввал бовар накардам, ки ин ҳамон макону ҳамон чашма аст. Дар ин мавзеи он вақтҳо тиҳӣ аз долу дарахт ва хеле хароб, ки танҳо бо як латтапорае даромадгоҳи чашма пӯшида мешуду ба ҷуз як бинои кӯчак танҳо барои хоби чанд нафар бе ягон шароит, чизе дигар набуд, имрӯз боғҳои мӯҳташами бузург бо гулгаштҳои сабзу хуррам, ҳафт бинои дуошёнаи барҳаво бо шароити зарурӣ дар ҳудуди 5 гектар бино ёфтаанд, ки бидуни шубҳа аз баракати Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон буда, маҳсули заҳматҳои ҷоннисоронаи фарзандони ин диёр бо сарварии директори он Ҳақназар Самадов, ёвари чолоки ӯ Мунаввархон Аламхонов ва дигарон мебошад, ки бо муҳаббат ва завқи хосса тайи чанд сол ин ҷо заҳмат кашиданд. Овардаву нишондани 40 ҳазор бех ниҳол дар ин мавзеи замини сангзору қумзо ва парваридану сабз кардани ин ҳама долу дарахт ва сабзазору гулзор кори осон набуд. Хусусан, овардани масолеҳи бинкорӣ ба ин гӯшаи хеле дурдаст, ки нархи он як бар даҳ гарон меафтод ва сохтани ин ҳама биноҳои замонавӣ, муҷаҳҳаз кардани онҳо бо мебел ва ҷиҳозоти имрӯзии сантехникӣ, гузаронидани қубурҳои об ва ободии худи қабулгоҳи чашма, ки имрӯз муштариёнро метавонад аз тамоми гӯшаҳои дунё дар сатҳи баланд қабул кунад, сазовори офаринҳост.
Албатта, ин ҳама кору пайкор ва ободӣ бе дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия ва хусусан, таваҷҷуҳи Сарвари ободгару ободидӯсти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон номумкин мебуд. Шоистаи таҳсин аст, ки бо дастгирии ҳукуматҳои вилоят ва ноҳия ва маъмурияти чашма дар наздикиҳои чашма аз ҷониби соҳибкорон боз панҷ меҳмонхонаи хусусӣ бо ҳама шароит бунёд гардидаанд, ки аксари муштариён ва хусусан муштариёни хориҷӣ маҳз дар онҳо буду бош мекунанд. Ба назар чунин мерасад, ки онҳо қаноатманданд. Ҳамчунин боиси хурсандист, ки раиси ноҳия Зикрихудо Самадов зуд-зуд аз ин мавзеъ ва дигар мавзеъҳои таърихиву сайёҳии ноҳия хабар мегирад ва ба ободонии онҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.
Қалъаи таърихии Ямчун
Барои расидан ба чашмаи Бибифотимаи Заҳро пас аз паймудани 180 км роҳ аз шаҳри Хоруғ, аз деҳоти поён бояд тӯли 10 – 11 км ағбаякеро ҳам боло баромад. Қариби расидан ба чашма дар рӯ ба рӯи шумо қалъаи таърихии қадимие ба чашм мехӯрад. Аввалин таассурот ин аст, ки бинанда ба шигифт меояд, ки чӣ гуна дар қуллаи баланди кӯҳ, дар канори ҷарҳое, ки роҳи солим надоранд, тавонистаанд ин қалъаро дар он замонҳои қадим бунёд созанд, зеро қалъаро аз чор сӯ нишебии сангзор иҳота мекунад ва дар замонҳои қадим роҳи даҳлези сангӣ онро ба деҳаи Ямчун, ки дар поёни қалъа аст, мепайвастааст, ки бо мурури замон аз байн рафта. Қалъаи Ямчун мутааллиқ ба асри яки пеш аз мелод буда, қалъаи Қаҳ-қаҳа, ки низ дар сари роҳ, поёнтар дар деҳаи Намадгут бунёд гардидааст, мансуб ба асри сеюми пеш аз мелод аст ва қадимтарин ва мӯҳташамтарин иншооти меъморӣ дар Бадахшони қадим ба шумор мераванд. Мегӯянд, масолеҳи бинокории қалъаи Ямчунро одамон дар он замони дур дасти ба даст дар тӯли фарсахҳо бар ба бар истода, ба ин баландӣ расонидаанд. Вазифаи ин қалъа ва қалъаҳои дигари сари “Роҳи абрешим”, аз ҷумла қалъаи Қаҳ-қаҳа ва дигарон таъмини бехатарии ин сарзамин ва ин роҳи ҳаётан муҳим будааст.
Аз хусуси қалъаи Ямчун ва дигар қалъаҳои Бадахшон маълумоти фаровоне дар китобҳои бостоншиносӣ ва таърихӣ ҳаст, ки ба оварданашон ҳоҷат нест. Мо дар ин мақола аз Китоби раҳнамо “Ишкошим” (Душанбе,нашр.”Нодир”, с.2011), ки маълумоти фаровон ва нодир оид ба ин сарзамин дорад ва мақолаи номзади илмҳо, мӯҳтарам А.Мирбобоев дар ин китоб истифода намудаем, ки аз ин сипосгузорем.
Он чӣ таваҷҷуҳи моро ба худ ҷалб кард, ин аст, ки дар муддати ним соате, ки банда аз ин қалъа дидан мекардам, се гурӯҳи сайёҳони хориҷӣ пайи ҳам, бо вуҷуди душворгузар будани роҳе, ки ба қалъа мебарад, ба тамошои қалъа мешитофтанд. Ва аслан давоми рӯз қариб ҳеҷ гоҳ ин қалъаро тиҳӣ аз тамошобинон, хусусан сайёҳони хориҷӣ намебинед.
Боиси хурсандӣ ва сарфарозии мост, ки чанде пеш бо дастгирии Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ЮНЕСКО қалъаи Ямчун ба феҳристи ёдгориҳои таърихии дунё дохил гардид. Агар қалъаи мазкур бо дастгирии Сарвари тоҷикон ва ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ тармиму бозсохт гардад, воқеан яке аз мӯъҷизаҳои таърихии халқи мо аз нав эҳё хоҳад шуд, ки шоистаи таҳсин ва ифтихори мо хоҳад буд.
Дар Ишкошим теъдоди қалъаҳо бо ин ду қалъае, ки ном бурдем, хотима намеёбад. Дар ин саф метавон Қалъаи Ишкошим, Дидорқалъа, Даркэшт(Рен), Кофарқалъа, Зангибор, Гӯристон, Рубоби корвонсарой, тақвими сангӣ ва ғайраҳоро ном бурд. Мо аминем, ки сиёсати эҳёгарии Пешвои миллатамон то ба ин мавзеъҳо низ хоҳад расид.
Шоҳроҳи абрешим дар замонҳои мозӣ аз ҳудуди ноҳияи Ишкошим мегузашт. Аз ин роҳи тиҷорат на фақат тоҷирон, ҳамчунин сайёҳону ҷаҳонгардон, донишмандону зоирон ва дигар намояндагони қишрҳои ҷомеаи даврони бостон низ равона буданд ва бад-ин васила равобити фарҳангҳо ва тамаддунҳои гуногун сурат мегирифт. Аз ин роҳ зоирони буддоӣ аз Чину Таббат ба зиёрати маконҳои муқаддас ба Вахон меомаданду мӯбадони Зардуштӣ барои тарвиҷи таълимоти худ гоҳ ба Шарқу гоҳ ба Ғарб раҳсипор мегардиданд. Ин роҳе буд, ки дар густариши таълимоти исломӣ дар минтақа нақш бозидааст.
Ишкошим қадимтарин маҳалли истиқомати тоифаҳои мухталифи ориёист, ки истилоҳи аслияш “Сакошим” аст, ки маънои ватани сакоиҳоро дорад. Шоҳроҳи Абрешим аз ин қаламрав мегузашт ва қалъаҳои қадимаи дар сари ин шоҳроҳ сохташуда ҳам кафолати бехатарии ин сарзамин ва ҳам ин шоҳроҳро таъмин менамуданд.
Ҳудуди имрӯзаи Ишкошим аз минтақаҳои Ғорон, Ишкошим ва Вахон иборат аст, ки сарнавишти таърихии печида дорад.
Сокинони канораҳои ин қитъаи роҳи Абрешим тавонистанд дар тӯли қарнҳо ҳувияти эронӣ ва ориёии худро маҳфуз доранд ва дар ташаккули миллати тоҷик ҷойгоҳи хосса дошта бошанд. Дар ин кишвар сангнигораҳои қадимае мавҷуданд, ки ба асри биринҷӣ тааллуқ доранд.
Ноҳияи Ишкошим аз ноҳияҳои бисёрзабонаи на танҳо Бадахшон, балки тамоми Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ҷолиб аст, ки ҳама забонҳое, ки дар қаламрави ноҳия истифода мешаванд, ба гурӯҳи эронии шохаи ориёии оилаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ мансубанд, ки гувоҳи дар асл эронитабор ва ориёӣ будани сокинони ноҳия мебошанд.
Марко Поло аз аввалин сайёҳоне буд, ки аз Бадахшон дидан кард ва маълумоти ҷолиб аз ӯ мондааст. Бостоншинос А.Д.Бобоев қадимтарин мадфанҳои Вахон-Чилхона, Ямчун ва Ричифро ба асри сеи пеш аз мелод мансуб дониста, зикр кардааст, ки таърихи ин давраи Вахон ба империяи Ҳахоманишиҳо иртибот дорад. Абӯрайҳони Берунӣ дар бораи лоҷварде, ки аз кӯҳи Ғорон канда мешавад, иттилоъ дода, зикр кардааст, ки дар Варзафанд, дар масофаи серӯза аз Бадахшон, дар мавзеи Вахон маъдани лаъл воқеъ аст. Донишманд ва сайёҳи араб Алмақдисӣ дар ёддошташ аз вилояти Бадахшон ва Вахон ёд кардааст. Манобеи Чинӣ аз қадимтарин сарчашмаҳои хаттӣ мебошанд, ки дар бораи Вахону Ишкошим маълумот додаанд. Аммо қадимтарин ва мӯътамадтарин манобеи таърихӣ китоби муқаддаси “Авесто” мебошад, ки дар он маълумоти фаровон дар бораи минтақаи болооби рӯди Панҷ дода шудааст. Ин маълумоти таърихӣ барои он оварда шуданд, ки дар онҳо воқеан аз замонҳои қадимтарин таваҷҷуҳи сайёҳонро ба худ ҷалб кардани ин сарзамин нишон дода шавад. Зеро имрӯз ҳам ин қаламрав яке аз беҳтарин ва дурахшонтарин минтақаҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар дунёст, ки аз тамоми ҷаҳон сайёҳонро ба сӯи худ мекашад.
Вахон-сарзамини қадимаи тоҷикон
Аз манобеи таърихӣ бармеояд, ки дар аҳди қадим мустақилияти сиёсии ҳокимони Вахон бештар будааст. Мавҷудияти роҳҳои тиҷорат бо кишварҳои ҳамсоя барои Вахони даврони қадим мавқеи хуби иқтисодию сиёсӣ ба вуҷуд оварда буд ва пайомадҳои хуберо дар бар дошт. Ин шоҳроҳи бузург, ки як хати он аз Вахон мегузашт ва аз Тошқурғони Чин ба воситаи ағбаи Кулма, Қизилработ ва Зоркӯл ба Лангар (Кихн) мерасид ва аз он ҷо ба тариқи гузаргоҳи Ишкошим ба Афғонистон мерафт, на танҳо роҳи тиҷорат буд, балки роҳи ҳаракати роҳибони Буддоӣ ва фиристодагони ҳукуматҳо ё намояндагони дипломатӣ низ буд. Аз ин рӯ қитъаи роҳи Вахон дар таърих бо номи “Роҳи бузурги буддоӣ” низ маъруф аст. Ҳамин роҳ дар давраи Кӯшониён аҳамияти хосса касб кард ва дар тӯли қариб панҷ аср аз хатҳои муҳими робитаи байни Шарқу Ғарб маҳсуб мешуд. Пас аз инқирози давлати Кӯшониён дар асри чор аҳамияти стратегии худро аз даст дод.
Вахон исми як қаламрави бузурги таърихии Ватани мост ва пешниҳодҳое ҳастанд, ки номи таърихии Вахон барқарор карда шавад. Ин пешниҳод ба сиёсати ватандӯстонаи Сарвари кишвари мо — зинда кардани номҳои таърихӣ ва мавзеъҳои бостонӣ хеле созгор аст ва мо умедворем, ки номи Вахони таърихӣ ба таври расмӣ барқарор карда мешавад. Хусусан, ки то соли 1947 Вахон номи ноҳия дар Бадахшон будааст.
Уфуқҳои тозаи рушди сайёҳӣ дар Бадахшон
Даврони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон имконияти наверо ба рӯи сокинони Бадахшон боз кард. Кумакҳои бесобиқа ва маблағҳои зиёде, ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон бо раҳнамоӣ ва таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои миллат барои Бадахшон ҷудо мешавад, дар як муддати кӯтоҳ симои вилоятро ба куллӣ дигар намуда, шароит ва сатҳи зиндагии ин мардуми кӯҳистони ватанро боло бардошт. Дар ин радиф яке аз хизматҳои муҳими Ҳукумати тозаистиқлол бо сарварии фарзанди сарсупурдаи миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон даъват намудани Пешвои исмоилиёни ҷаҳон Аълоҳазрат шоҳзода Шоҳкарим Алҳусайнӣ Оғохони ҷаҳорум буд, ки бори аввал дар таърих сокинони ноҳия тавонистанд бо Пешвои рӯҳонии худ дидор ба амал оранд. Пешвои исмоилиён низ саҳми арзанда ва бузурги худро дар эҳёи навини Бадахшон мегузорад.
Да ноҳияи Ишкошим бо барномаи инкишофи минтақаи кӯҳистони хазинаи Оғохон ва дигар ташкилотҳои дохиливу байналмиллалӣ сохтмонҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии зиёде сомон гирифтаанду идома доранд. Тайи солҳои истиқлолият беш аз сад иншоот сохта ё таъмиру барқарор шудаанд, ки ба ин мактабҳо, бунгоҳҳои тиббӣ ва дигар муассисаҳо дохил мешаванд. Фаъолияти соҳибкорӣ дар заминаи барномаи стратегии хусусигардонӣ амалӣ мегардад. Соҳаи кишоварзӣ соҳаи афзалиятнок маҳсуб ёфта, яке аз бахшҳои муҳими он чорводорӣ мебошад. Бо дастгирӣ ва иштироки бевоситаи Президенти Тоҷикистон ҳангоми сафари корӣ ба ноҳия заминҳои зиёди бекорхобида ба гардиши кишоварзӣ дароварда шуданд. Дар натиҷа ҳаҷми маҳсулоти ғаллагӣ ва картошка беш аз сад фоиз афзуд.
Таъсиси минтақаи озоди иқтисодӣ дар Ишкошим, ки дар Барномаи давлатии рушди кишвар тарҳрезӣ шуда, дар ояндаи наздик сомон хоҳад пазируфт, яке аз иқдомоти хирадмандонаи Сарвари давлат Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Зимни мулоқот бо намояндагони ҷомеа, ҳангоми ифтитоҳи бинои нави деҳаи Вранг Пешвои миллат иброз доштанд: “Ҳадафи бунёди ин минтақаи озоди иқтисодӣ суръатбахшии рушди ноҳия, фароҳамории шароити мусоид барои ҷалби сармоягузории дохилию хориҷӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, ҷалби техника ва технологияи муосир, зиёд шудани маҳсулоти содиротӣ, махсусан сангҳои гаронбаҳо ва ороишӣ ва ҳалли дигар масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ мебошад”.
Ишкошим имрӯз яке аз минтақаҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар ояндаи кишвар, ободу шукуфоии он нақши боризе дошта метавонад. Қалб аз ҳама, таҷрибаи таърихии ҳамчун яке аз дарвозаҳои шарқии кишвар истифода намудани қаламрави он, ки замоне дар Шоҳроҳи Абрешим чунин нақш дошт, уфуқҳои навинеро дар инкишофи иқтисодӣ ва иҷтимоии ин сарзамин боз мекунад. Бо ташаббуси Ҳукумати кишвар дар ду нуқтаи сарҳадии ноҳия кӯпрукҳое дар байни Тоҷикистону Афғонистон ба истифода дода шудаанд, ки дар инкишофи тиҷорати байналмиллалии наздисарҳадӣ омили муҳим маҳсуб мешаванд.
Президенти кишвар дар суханрониҳои худ борҳо ҳамин мавқеи стратегии ноҳияро дар рушду нумӯи кишвар зикр карда, дар оянда ба минтақаи транзитӣ ва тиҷорати байналмилалӣ, саёҳату туризми байналмилалӣ табдил ёфтани онро борҳо таъкид намудаанд.
Ҳамчунин дар ояндаи наздик аз тариқи ағбаи байни Афғонистону Покистон бунёди шоҳроҳи байналмилалӣ дар назар гирифта шудааст, ки дар оянда кишвари моро бо роҳи баҳрӣ васл хоҳад кард ва ин ҳама бунёдкориҳои нав, пеш аз ҳама, сатҳи зиндагии мардуми Бадахшонро баланд хоҳанд бардошт.
Бо нияти беҳбудии кор
Бо вуҷуди афзоиши теъдоди муштариён дар чашма имрӯз мушкилоти зиёде рӯ ба рӯи маъмурияти он истодаанд, ки ҳалли фаврии он ба манфиати кор хоҳад буд. Маъмурияти чашма асосан ба маъюбон ва пиронсолони бозмондае, ки тавассути роҳхатҳо ба ин ҷо меоянд, хизмат мерасонанд ва аз буҷаи давлат маблағгузорӣ мешавад. Сайёҳони хориҷӣ ва муштариёни дигаре, ки ба ин ҷо меоянд, ҳама дар панҷ бинои хусусие, ки дар атрофи чашма сохта шудаанд, иқомат мекунанд, аз буду боши онҳо ба хазинаи маъмурияти расмии чашма, қариб ки даромади чашмрас ворид намешавад ва маблағе, ки муштариён барои истифодаи чашма месупоранд, ҳам аз ҷониби муштариёни маҳаллӣ (ду сомонӣ) ва ҳам аз ҷониби сайёҳони хориҷӣ (10 сомон) хеле ночизанд.
Гумон намекунам, ки дар чунин чашмаҳои ҳамшабеҳ дар хориҷа чунин маблағи ночиз, хусусан аз хориҷиён бигиранд. 10 сомонӣ, яъне каме бештар аз як доллар. Ҳол он, ки дар кишварҳои дигар ин нархҳо ба куллӣ дигаранд. Масалан, дар шаҳри Удони Япония чашмаест шифобахш, ки барои ду соати истифода аз он 15 доллар мегиранд. Барои сайёҳоне, ки ба ин ҷо меоянд, як йогурт 35 доллар ва ғизое, ки аз оши туруш (ба тариқи японӣ аз биринҷ омода мешавад) ва як пора мурғ иборат аст, 30 доллар қиммат дорад. Ҳол он ки дар Тоҷикистони мо метавон ба ҷойи йогурт ҷурғоти тозаву шифобахшу лазиз ё айронҳои ҷолибро ба сайёҳон пешниҳод кард, ки манфиаташ ҳам бештар аст. Дар ҳар маҳалли кӯҳистони мо, модарони тоҷик анвои хеле зиёди хӯрокҳои сабуки миллӣ, аз ҷумла хӯрокҳое, ки аз масолеҳи ширӣ: мисли ширбиринҷ , қурутоб, ширчой, ширкаду ва ғайра, ё аз масолеҳи мевагӣ, мисли ғӯлингоб, ҳелоб, шакароб, обҷӯшҳои гуногуни мевагӣ, обҷӯшҳои бешабеҳеро, ки аз анвои зироату сабзавот омода мешаванду ранги барангу лазизтар аз ҳамдигар ва аз ҳама муҳимаш, аз ҷиҳати экологӣ тозаву манфиатбахшанд, метавонанд ба меҳмонон пешниҳод кунанд. Мардуми ҳунарманди тоҷик, хусусан, модарони азизи мо даҳҳо намуд анвои ҳалвову атола омода мекунанд, ки ҳар яке ҳам бо лаззат ва ҳам бо манфиатбахш будан шоистаанд. Ва таҷриба нишон медиҳад, он хориҷиёне, ки боре таъми чунин ғизоҳоро чашидаанд, ҳамеша онро суроғ мекунанд. Масалан, аз сафири Япония дар Тоҷикистон Ҳазиме Китаока ҳикоят карданд, ки чун боре дар мавзеи Ҳафткӯл аз оши омоч ва нони қаламаи тоҷикӣ чашидан кард, ҳар боре, ки ба хонааш меҳмон ояд, хоҳиш мекунад, ки аз Панҷакент барои меҳмонҳои ӯ аз ин хӯрокиҳои миллии тоҷикӣ бифиристонанд. Ва ин ҳама метавонад ҳам ба сайёҳони хориҷӣ хуш ояд ва ҳам манбаи хуби даромад ба муассисаҳое гардад, ки дар ин соҳа фаъолият мебаранд.
Ин суханҳоро барои он мегӯям, ки маъмурияти чашмаи Бибӣ Фотимаи Заҳро имрӯз барои ба чашма бурдану овардани муштариён, хусусан калонсолон ақаллан як микроавтобус надорад. Аз ду мошини куҳани сабукрави корхона яке ба куллӣ корношоям ва дигаре фартут гаштаву ба мушкил корбурд мегардад. Барои таъмиру тармими пайвастаи осоишгоҳ, харидани ҷиҳози нав, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ низ маблағ даркор аст, ки танҳо аз даромади соф, аз ҳисоби муштариён метавон онро пайдо кард. Гумон мекунам, нарху навои хизматрасонӣ дар чашма, хусусан барои хориҷиён аз рӯи инсоф бояд аз нав таҷдиди назар шавад.
Ба ғайр аз ин дар кишварҳои дигаре, ки сайёҳӣ дар он ҷо рушд кардааст, як унсури ҷолиби дигар харидани ҳадяҳоест, ки маҳсули дастони ҳунармандони маҳаллист ва ягон ҷолибияти миллӣ дорад. Маҳсули ҳунарҳои дастони косибону бофандагон ва дигар ҳунармандони тоҷик метавонад бидуни шубҳа, дар ин бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир бошад. Яъне ба роҳ мондани фурӯши чунин ҳадяҳо дар мавзеъҳои зарурӣ низ аз манфиат холӣ нест. Гумон мекунам, ки рушди сайёҳиро ҳамрадифи ҳунарҳои мардумӣ овардани Пешвои миллатамон низ беҳадаф нест.
Рушди сайёҳӣ ва ҳифзи ҳунарҳои мардумӣ дурнамоест, ки моро ба дастоварду пирӯзиҳои тоза дар замони соҳибистиқлолии кишварамон раҳнамост. Аз ҷониби Пешвои миллатамон пайгирӣ намудани ин ҳадафи дар оянда самарабахш беҳуда нест. Имрӯз дар ҷаҳони муосир баъд аз нафт ва маводи доруворӣ даромад аз сайёҳии байналмилалӣ ҷои сеюмро ишғол намуда, 30 фоизи садорати хизматрасониро ташкил мекунад. Соли 2015 дар сатҳи ҷаҳон ташрифи байналмиллалӣ 46 фоиз афзоиш ёфта, ба 1,2 миллиард ташриф расид, ки даромади умумии он ба мамлакатҳо ба 1,5 триллион доллари амрикоӣ баробар гардид. Дар ҷаҳон 9 фоизи ҷойҳои корӣ ба соҳаи сайёҳӣ, ба сифату шуғлҳои хизматрасонӣ, кору молрасонӣ рост меояд. Дар мисоли танҳо як ноҳияи Бадахшон- Ишкошим мо дидем, ки чӣ қадар имкониятҳои зиёд ва заминаҳои асосноке барои рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар кишвари мо вуҷуд доранд. Айнан ҳамин гуна метавон тамоми гӯшаҳои Тоҷикистони азизи моро бо мардуми ҳунарманд ва табиати беамсолаш ба маҳзари рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ табдил дод ва барои ин тамоми заминаҳо дар ин сарзамини бостонӣ, файзбору ҳунархез мавҷуданд.
Мо аминем, ки таҳти сарварии хирадмандонаи Пешвои ватандӯстамон дар як муддати кӯтоҳ Тоҷикистони биҳиштосои мо ба яке аз кишварҳои пешсафи дунё дар ин соҳаи барои кишвари мо ҳаётан муҳим табдил меёбад ва ба ин васила сатҳи зиндагии халқи заҳматдӯст, некманиш ва фарҳангбунёдамон ба маротиб боло хоҳад рафт.
Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон,
дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ,
ходими адабии АМИТ “Ховар”
(Дар таҳияи ин мақола мавод аз китоби “Ишкошим” (Душанбе, нашр.”Нодир”, с.2011) ва мақолаи номзади илми филология А.Мирбобоев истифода шудаанд).