Боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ ҷилои тоза касб намудаанд

Сентябрь 21, 2018 11:41

ДУШАНБЕ, 21.09.2018. /АМИТ «Ховар»/.  Пешвои миллат ба масъалаи сабзу хуррамгардонии симои кишвар диққати махсус зоҳир намуда, ба масъулин пайваста дастур медиҳанд, ки барои ободии бештар ва сарсабз гардонидани боғҳои мамлакат саъй намоянд.

Бояд гуфт, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои созандаву пайгиронаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои охир симои зоҳирии мамлакат боз ҳам зебо гардида, ҷиҳати беҳсозии сатҳу сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагиву фароғат ба сокинону меҳмонон тадбирҳои амалӣ татбиқ мегарданд. Инчунин дар ин давра  инфрасохтори боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва маконҳои сайру саёҳатии мамлакат ба маротиб беҳтар гардонида шуд.

Дар робита ба ин  масъала мухбири АМИТ «Ховар» Зарангези ЛАТИФ бо сардори Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон ҒУЛОМЗОДА суҳбат намуд.

Дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат дар саросари кишвар боғҳои фарҳангу фароғатӣ, гулгашт ва майдончаҳои зиёди варзишӣ бунёд ва навсозӣ гардиданд, ки феълан сокинони ҷумҳурӣ аз онҳо ба таври васеъ истифода мебаранд.

Ба гуфтаи Қурбон Ғуломзода, боғ яке аз муассисаи фарҳангӣ буда, мақсад аз фаъолияти он фароҳам овардани шароити мусоид баҳри қонеъ гардонидани ниёзҳои маънавӣ ва зебоиписандии аҳолӣ, ташкили самарабахши истироҳату фароғатӣ аҳолӣ, такомули фаъолияти иҷтимоӣ ва эҷодии шаҳрвандон мебошад. Инчунин  таъмини муҳити зист ҳамчун ҳудуди табиии шаҳрсозӣ ба хотири фароҳамсозии фазои боҳаловати равонӣ ва экологӣ барои сокинону меҳмонони маҳал ва ҳифзу барқарорсозии низоми экологӣ равона гардидааст.

Номбурда иброз дошт, ки туфайли ташаббуси бевоситаи Вазорати фарҳанг ва дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ дар соҳаи фарҳанг ҳамасола дигаргуниҳои куллӣ ба амал меоянд. Бунёду таъмири як қатор муассисаҳои фарҳангӣ, аз қабили клубу китобхонаҳо, боғҳои фарҳангӣ —  фароғатӣ, мактабҳои мусиқӣ ва театрҳо шаҳодати ин гуфтаҳост.

Бояд зикр намуд, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон 66 адад боғҳои фарҳангӣ – фароғатӣ мавҷуданд, ки аз ин шумора 12 адад дар шаҳри Душанбе, 19 адад дар вилояти Суғд, 20 адад дар вилояти Хатлон, 2 адад дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 13 адад дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мебошанд.

Дар боғҳои мазкур 1137 нафар кормандон фаъолият доранд, ки аз ин шумора 45 нафар дорои  маълумоти олии тахассусӣ, 100 нафар олии умумӣ, 280 нафар миёнаи махсус ва 712 нафар маълумоти миёнаи умумӣ доранд.

Дар боғҳои мазкур 2965 адад курсиҳои нишаст, 148 адад аттраксион, 75 адад чархофалак, 30 адад лимпопо, 8 адад дастгоҳи тақвияти овоз, 35 адад нақлиёти хизматӣ, 18 адад мизи саққо (билиард) мавҷуданд.

«Фаъолияти хизматрасонӣ, ободонӣ ҷиҳати истироҳату фароғати шаҳрвандон дар боғҳои фарҳангӣ — фароғатии шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб, Данғара, Ҷ.Балхӣ, Ҳамадонӣ, Шаҳритус, Ҷайҳуни вилояти Хатлон, боғҳои ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд, ба номи Сайфиддини Исфарангии шаҳри Исфара, Панҷакент, ноҳияи Спитамени вилояти Суғд, боғҳои шаҳри Душанбе, шаҳрҳои Ваҳдат, Турсунзода, Ҳисор, Роғун ва ноҳияҳои Рашту Файзобод беҳтар буда, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои мазкур ва соҳибкорони маҳаллӣ аттраксионҳои замонавӣ, аз қабили арғунчаку чархофалак, лимпопо, дастгоҳҳои бозиҳои компютерӣ, мизҳои саққову тенниси рӯимизӣ таъмин ва шароити мусоид фароҳам гардиданд, ки ба кас истироҳату фароғати арзанда муҳайё месозанд»,- гуфт ҳамсуҳбати мо.

Ба андешаи Қурбон Ғуломзода, пештар ҳам боғҳои фарҳангӣ — фароғатӣ ҳамчун ҷойгоҳи истироҳату фароғати шаҳрвандон ободу серодам буданд, вале бо вазидани насими тозаи истиқлолият ва дастгирию пуштибонии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боғҳо рангу ҷилои тоза касб карданд. Бунёди боғҳои фарҳангӣ — фароғатӣ, ки бо тарҳи замонавӣ дари худро ба рӯи шаҳрвандон ва меҳмонон боз намуд, яке аз ин бунёдкориҳост.

Роҳбарият ва мутахассисони соҳаи фарҳанг аз шароити муҳайёгаштаи замони истиқлолият самаранок истифода намуда, корҳои зиёдеро дар ободонӣ, харидории арғунчаку чархофалакҳо ва дигар таҷҳизоти замонавӣ барои ҷиҳозонидани боғҳои фарҳангӣ – фароғатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба сомон расониданд.

Зикр шуд, ки таваҷҷуҳи дигари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фарҳанг дар баргузории барномаҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва муассисаҳои таълимӣ бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ, барномаҳои ширу шакар, шаби эҷодӣ, муаррифии эҷодиёти адибони ҷавон, намоиши асарҳои рассомон, барномаҳои ҳаҷвнигорӣ ва пешниҳоди асарҳои композиторон дар мавзеъҳои фарҳангиву фароғатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар рӯзҳои истироҳатӣ ба назар мерасад, ки боиси сарбаландии мост.

Мавриди зикр аст, ки имрӯз ба ҳар куҷое, ки назар накунем, ободӣ мебинему ҷилои тоза. Вазорати фарҳанг, ки яке аз шохаҳои тақдирсози миллат маҳсуб меёбад, пайваста дар талоши он аст, ки пайи иҷрои дастуру супоришҳои давлату ҳукумат камари ҳиммат баста, тавассути корхонаву муассисаҳои фарҳангӣ, барномаҳои хубу ҷолибу тарбиявӣ, ки дар баланд бардоштани маданияти мардум, бедор намудани завқи зебоиписандӣ, ватандӯстию меҳнатдӯстӣ ва бунёдкориву созандагӣ дар ниҳоди ояндасозони миллат нақши калидӣ доранд, мусоидат намоянд.

Сентябрь 21, 2018 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш

«ДӮСТ ОЯД, ГАРМ ДАР ОҒӮШ ГИР!». Ҷавонони фаъоли Тоҷикистон меҳмони ноҳияи Рӯдакӣ шуданд
Ғолибони даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» муайян шуданд
МОҲВОРАИ ҶАВОНОН. Вазъи фаъолияти шуъбаву бахшҳои кор бо ҷавонони муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ баррасӣ шуд
Дар шаш минтақаи Тоҷикистон сел ба амал омад
«ОИЛАИ НАМУНАВӢ». Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ин озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе ҳамоиши ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ҷумҳуриявии озмун доир мешавад
Рамзи Соли маърифати ҳуқуқӣ тасдиқ карда шуд
Дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин дар Рашт вохӯрии судманд доир гардид
Одатҳои бад яке аз омилҳои сар задани бемории саратон мебошад
Шумораи аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе беш аз 84,4 ҳазор нафарро ташкил медиҳад
Вобаста ба ҳамкории байналмилалӣ ва тамоюли иҷрои маҷбурии санадҳои судӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 47 шаҳрванди Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баргардонида шуд