Дар ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии «Библиомарафон» Шоҳҷоиза насиби Мубина Маҳкамова гардид
ДУШАНБЕ, 5.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Библиомарафон» таҳти унвони «Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ» муайян гардиданд.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дирӯз дар бинои Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бахшида ба таҷлили Рӯзи китоб ҷамъбасти «Библиомарафон» таҳти унвони «Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ» баргузор гардид. Дар он ба як гурӯҳ хонандагони макотиби кишвар, ки дар даврҳои озмун маҳорати баланди китобхонии худро нишон доданд, мукофоту туҳфаҳо супорида шуданд.
Муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зевар Давлатзода ҳозиринро бо Рӯзи китоб табрик гуфта, китобро беҳтарин ҳамдаму ҳамрози инсон шуморид. Мавсуф ғолибони озмунро бо мукофотҳои Вазорат қадрдонӣ намуд.
Аз ҷумла, тибқи баҳогузории ҳакамон Шоҳҷоиза насиби Мубина Маҳкамова аз шаҳри Конибодом гардид. Ҷойи якум ба Мижгона Давлатова аз шаҳри Хоруғ, ҷои дуюм ба Робия Қодирова (Кӯлоб), Шаҳрибону Абдуллоева (Турсунзода) дода шуда, се нафар — Фарзона Сафарова (Бохтар), Шукронаи Тоҳир (Душанбе), Манижа Каримзода (Ҳисор) бо ҷойи сеюм қадрдонӣ гардиданд.
Ҳамчунин ба як гурӯҳ хонандагони мактабҳои кишвар барои иштироки фаъолонаашон ифтихорномаҳо супорида шуданд.
Ёдовар мешавем, ки озмун бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни муҳассилини муассисаҳои таълимию хонандагони китобхонаҳои шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ сурат гирифт.
Мақсади озмун аз ҷалби кӯдакону наврасон ба мутолиаи китоб, эҳёи суннатҳои китобдӯстиву китобдорӣ, бедор намудани майлу рағбат ба эҷодиёт, тарбияи насли наврас дар заминаи арзишҳои миллию умумибашарӣ, худшиносиву ватандӯстӣ, нангу номуси миллӣ, зебоипарастиву меҳнатдӯстӣ ва пешгирии ҳама гуна зуҳуроти номатлуб ва тарғиби тарзи ҳаёти солим иборат буд.








Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид






