ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ОЛТОЙ АНҶУМАНИ 3-ЮМИ АССОТСИАТСИЯИ ДОНИШГОҲҲОИ ОСИЁ БАРГУЗОР ШУД. Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон президенти Ассотсиатсия интихоб гардид
ДУШАНБЕ, 22.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттлоъ додем, 20 сентябр дар Донишгоҳи давлатии Олтой (Россия) Анҷумани 3-юми Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Осиё баргузор шуд, ки дар кори он намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии Арманистон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Муғулистон, Россия ва Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» гузориш медиҳад.
Иҷрокунандаи вазифаи муовини Раиси Ҳукумати кишвари Олтой Надежда Капура аз номи Ҳукумати кишвари Олтой ва аз номи губернатор Виктор Томенко аъзои Ассотсиатсияро хайрамақдам гуфта, зикр кард, ки роҳбарияти кишвари Олтой ба рушди тамоми равандҳои ҳамгироӣ дар соҳаи маориф, илм ва технология ҳамаҷониба мусоидат мекунад.
«Ҳукумати минтақа барои ҳамкории байналмилалӣ, мубодилаи фарҳангӣ, интиқоли таҷрибаҳои байналмилалӣ шароити мусоиди баланд фароҳам меорад, — зикр кард ӯ. – Ҳамин тариқ, ба шарофати ҳамкории муштараки мо бо донишгоҳҳои минтақа эътибори муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар миёни довталабони хориҷӣ меафзояд. Аз соли 2012 инҷониб шумораи донишҷӯёни хориҷӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвари Олтой қариб се баробар афзудааст».
Ба гуфтаи Надежда Арсентевна, имрӯз дар донишгоҳҳои Олтой тақрибан 3500 донишҷӯ — шаҳрвандони Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Чин, Ҳиндустон, Сурия, Германия ва дигар давлатҳо таҳсил мекунанд. Донишгоҳи Олтой, ки дар он Ҷаласаи умумии Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Осиё баргузор гардид, маркази пуриқтидори илмию таълимӣ дар Сибир мебошад, ки зиёда аз 70 000 мутахассисонро барои соҳаҳои гуногуни иқтисод, маориф ва фарҳанги тамоми кишвар омода менамояд.
Зикр гардид, ки Донишгоҳи давлатии Олтой тавонист мавқеи пешсафиро дар фазои таълимии кишвар нигоҳ дорад ва ба таври назаррас обрӯву нуфузи донишгоҳҳои Олтойро дар сатҳи умумироссиягӣ бардорад. Имрӯз дар назди Донишгоҳи давлатии Олтой, ки дорои мақоми донишгоҳи такягоҳӣ мебошад, муҳимтарин вазифаҳо марбут ба рушди босифат на танҳо дар таҳсилоти классикӣ, балки дар технологияҳои муосир, ба монанди биотехнология, биотиб, соҳаи технологияи иттилоотӣ ва иқтидори рекреатсионӣ гузошта шудаанд. «Чорабинии баргузоршаванда, бешубҳа, ба фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳкими дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ, беҳтар намудани робитаҳо дар соҳаи таҳсилоти олӣ мусоидат хоҳад кард», — гуфт Н. Капура.
Намояндаи президенти Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Осиё, ректори Донишгоҳи миллии АвруОсиё ба номи Л.Н. Гумилев Ерлана Сиддиқова, муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ ва инноватсияи Донишгоҳи миллии АвруОсиё Баубек Сомжурек анҷуманро ифтитоҳ намуда, ба ректори Донишгоҳи давлатии Олтой Сергей Землюков барои идеяи таъсиси ассотсиатсия ва фаъолияти чандсола ҷиҳати таҳкими ҳамкории байни муассисаҳои таҳсилоти олии Осиёи Марказӣ изҳори миннатдорӣ намуд. Эстафетаро аз Донишгоҳи давлатии Олтой қабул карда, Донишгоҳи миллии АвруОсиёи Қазоқистон ташаббуси Донишгоҳи давлатии Олтойро дар баргузории шумораи зиёди чорабиниҳои байналмилалии ҷавонон дар доираи ассотсиатсия, ки ба таҳкими ҳамкорӣ миёни донишгоҳҳои ҳафт кишвар мусоидат карданд, дастгирӣ намуд.
Бино ба иттилои Баубек Сомжурек, дар давоми панҷ сол Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Осиё қобилияти ҳаётӣ ва самаранокии кори худро нишон дод. Ассотсиатсия аз ҷониби намояндагони 28 донишгоҳи Россия ва Осиё таъсис дода шуд ва имрӯз шумораи донишгоҳҳои иштирокдори он ба 70 адад расид. Дар байни онҳо на танҳо донишгоҳҳои пешрафтаи Осиё, балки донишгоҳҳои қисмати осиёии Россия, аз ҷумла, Донишгоҳи федералии Қазон (Приволжск) ва Донишгоҳи давлатии Уқёнуси Ором низ мебошанд.
«Имрӯз Донишгоҳи давлатии Томск низ ба Ассотсиатсия шомил шуд. Тайи солҳои фаъолият Ассотсиатсия нишон дод, ки донишгоҳҳои Осиё, ки аз рӯи иқтидори таълим ва таърихи рушди худ ба ҳам наздиканд, барои ҳамгироии мутақобила талош мекунанд. Дар кори муштарак ҳам муаллимон ва ҳам донишҷӯён ҳавасманданд. Натиҷаи ин ҳамкорӣ лоиҳаҳои муштарак, барномаҳои таълимӣ ва мубодилаи илмӣ мебошанд. Масалан, аксарияти кишварҳои Осиёи Марказӣ нақша доранд, ки ба соҳаи кишоварзӣ биотехнология ворид намоянд, ки таҳия онҳо яке аз лоиҳаҳои афзалиятноки донишгоҳи такягоҳии мо мебошад. Дар ин, фикр мекунам, яке аз самтҳои самараноки ҳамгироии мутақобила миёни донишгоҳҳои ассотсиатсия вуҷуд дорад», — зикр намуд ректори Донишгоҳи давлатии Олтой, муовини президенти Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Осиё Сергей Землюков зимни суханронӣ дар ифтитоҳи анҷуман.
Дар анҷуман стратегияи рушди Ассотсиатсия барои солҳои наздик ва тадбирҳои баланд бардоштани нақши муассисаҳои таҳсилоти олии Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Осиё дар ҳамкории байналмилалӣ баррасӣ гардиданд.
Ба иштирокдорони анҷуман ҳамчунин маҷалла-ахборномаи илмии Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Осиё «Ҷомеа ва амнияти ҷамъиятӣ», ки консепсияи рушди он барои муҳокимаи умумӣ пешниҳод гардидааст, намоиш дода шуд.
Масъалаҳои асосии рӯзномаи анҷуман қабул ва тасдиқи аъзои нави Ассотсиатсия, инчунин интихоби президент ва муовинони он буданд.
Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода якдилона президенти Ассотсиатсия интихоб гардид. Намояндагони 6 кишвар муовинони президенти Ассотсиатсия интихоб шуданд: аз Россия — ректори Донишгоҳи давлатии Олтой Сергей Землюков, аз Қазоқистон — ректори Донишгоҳи давлатии техникии Шарқ- Қазоқистон ба номи Д. Серикбаев Жасулан Шаймардонов, аз Арманистон — ректори Донишгоҳи славянии Россияву Арманистон Армен Дарбинян, аз Қирғизистон — ректори Донишгоҳи славянии Қирғизистону Россия ба номи Б.Н. Елсин Владимир Нифадев, аз Чин — ректори Донишкадаи забонҳои хориҷии Хэйлунтсзян Лю Ин ва аз Муғулистон — ректори Донишгоҳи давлатии Ховд Бавуу Нямдорҷ.
Зимни анҷуман ба ҳамаи намояндагони тозаинтихоб шаҳодатномаҳои ба кор шурӯъ кардан супорида шуданд ва дар консерти тантанавӣ ба Муҳаммадюсуф Имомзода хусусиятҳои асосии президенти Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Осиё – солномаи Ассотсиатсия, ки дар он таърих, парчам ва нишонаи он – киштии бодбондор дарҷ гардидаанд, тақдим карда шуд. Ректори Донишгоҳи давлатии Олтой С.В. Землюков зимни супоридани киштӣ ба капитани нави Ассотсиатсия ҳангоми шино «дар обҳои пурталотуми фазои таълимии Осиёи Марказӣ» барору комёбиҳо таманно намуд.
Кори Анҷумани 3-юми Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Осиёро консерти тантанавӣ бо иштироки коллективҳои эҷодии донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Олтой ва шаҳри Барнаул хотима бахшид.