Дар Душанбе ҳаққи хизматрасониҳои таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ва қабули рафъи партовобҳо тибқи нархномаҳои нав ба роҳ монда мешавад

Сентябрь 17, 2018 11:20

ДУШАНБЕ, 17.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» ҳаққи хизматрасониҳои таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ва қабули рафъи партовобҳоро тибқи нархномаҳои нав, ки бо шуъбаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мувофиқа гардидааст, барои аҳолӣ ва ташкилотҳои ғайрибуҷетӣ аз 15 октябри соли 2018 ва барои ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ аз 1 январи соли 2019 ба роҳ  мемонад. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расид.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ  «Ховар» хабар доданд,  тибқи қарори мазкур Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» вазифадор гардидааст, ки барои беҳбуд бахшидан ба вазъи таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, кам намудани талафоти он ва қарзҳои дебиторӣ, дар таҳрири нав бастани шартномаҳои хизматрасонӣ бо муштариёнро вобаста ба тағйироти баамаломада дар нархҳои хизматрасонӣ, беҳтар намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва наздик намудани робита бо муштариён ҷиҳати пардохти пурраву саривақтии ҳақки хизматрасониҳо, коркарду амалӣ намудани усулҳои наву замонавии пардохти ҳаққи хизматрасониҳо, насб намудани ҳисобкунакҳои обӣ, инчунин чораҳои зарурии ивазнамоии қубурҳои фарсудашудаву ба сатҳи корношоямӣ расидаро дар доираи нақшаи чорабиниҳои алоҳидаи корхона роҳандозӣ намояд.

Дар қарори мазкур ҳамчунин омадааст, ки Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе»  насби ҳисобкунакҳои обиро то охири соли 2018 ба 55 фоиз, то аввали моҳи майи соли 2019 то 70 фоиз ва то моҳи ноябри соли 2019 ба беш аз 85 фоиз таъмин намуда, ҳисоббаробаркунӣ бо аҳолиро аз рӯи нишондоди ҳисобкунакҳои обӣ, ки сарфи воқеии оби истеъмолшуда ва қабули рафъи партовоб аз тарафи муштариёнро  нишон медиҳад, ба роҳ монад.

 

Сентябрь 17, 2018 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад