Дар иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе масъалаи омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019 баррасӣ гардид

Сентябрь 24, 2018 13:30

ДУШАНБЕ, 24.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум доир гардид. Дар кори иҷлосия Раис ва муовинони  Раиси шаҳр, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, муассисаву корхонаҳои назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, инчунин намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, иҷлосия таҳти роҳбарии Раиси маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ сурат гирифт.

Пас аз интихоби котибот ва ҳайати таҳририяи иҷлосия вакилон рӯзномаи кори онро тасдиқ намуданд, ки ба он 3 масъала, аз ҷумла, ҳисоботи муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр ҷиҳати омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019 дар пойтахт ва ҳисоботи муовини Раиси шаҳр  оид ба вазъи рушди сайёҳӣ дар пойтахт, ҳамчунин  тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе ворид гардид.

Дар оғози кори иҷлосия муовини Раиси шаҳри Душанбе Фарух Ҷумазода доир ба омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019 ҳисобот дод.

Зимни баррасии масъалаи мазкур Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз ҷумла, зикр кард, ки  имсол  сард омадани зимистон пешгӯӣ гардидааст. Аз ин рӯ Раиси шаҳр  таъкид дошт, ки  тамоми сохторҳои марбутаи пойтахт бояд барои бемушкилӣ паси сар намудани он ҳамаҷониба омодагӣ гиранд.

Дар ин робита Раиси шаҳр ба масъулин   барои  сари вақт омода намудану  таъмини фаъолияти мунтазами тамоми иншооти хоҷагиии халқи пойтахт дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019  супоришҳои қатъӣ дод.

Раиси шаҳр ба  роҳбарони ниҳодҳои марбутаи пойтахт  доир ба омода ва пайваст намудани биноҳои истиқоматӣ, иншооти   пойтахт ба системаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе, таъмини мунтазами аҳолӣ бо барқ, фаъолияти мунтазами нақлиёти ҷамъиятии шаҳр, омодасозии пурраи муассисаҳои давлатии истифодаи роҳҳо, анҷом додани корҳои таъмири асосӣ ва ҷории роҳҳои автомобилгард,  омода намудани низоми обпартоии шаҳр, таъмини муътадил ва босифати оби нӯшокӣ, захираи кофии маводи сӯзишворию ангишт ва назорати генераторҳои барқӣ дар муассисаҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳангӣ   дастуру супоришҳои мушаххас дода,  онҳоро  вазифадор кард, ки  ҷиҳати иҷрои   корҳои зикршуда  тадбирҳои  зарурӣ андешанд.

Раиси шаҳр ҳамчунин масъулини сохторҳои марбутаи пойтахтро ҷиҳати пешгирии болоравии нархи молу маҳсулоти ниёзи аввалия, захираи кофии он барои давраи зимистонгузаронӣ ва таъмин намудани бозори истеъмолии сокинон дар мавсими сармо муваззаф кард.

Сипас ҳисоботи муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ оид ба вазъи рушди сайёҳӣ дар пойтахт шунида шуд.

Дар вақти муҳокимаи масъалаи мазкур Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати татбиқи барномаву нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар самти рушди  соҳаи сайёҳӣ ба масъулини соҳа  барои иҷрои сари вақт ва босифати  онҳо супоришҳои қатъӣ дод.

Ҳамчунин дастур дода шуд, ки баҳри рушди хизматрасонии инфрасохтори сайёҳии пойтахт, аз ҷумла, барои таҳияи харитаи сайёҳӣ, пешниҳоди рӯйхати ҷойҳои сайёҳат ва ташкили курсҳо ҷиҳати омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ, сифатнок ба роҳ мондани хизматрасонӣ ва муоширати хуб ба меҳмонону сайёҳон дар фурудгоҳ, меҳмонхонаву тарабхонаҳо, бозору марказҳои савдо, нақлиёти ҷамъиятӣ, марказҳои фарҳангиву фароғатӣ ва инчунин таҳияи лоиҳаи мукаммалсозии инфрасохтори хизматрасонии сайёҳӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.

Бо мақсади дарк намудани аҳамияти сайёҳӣ дар рушди иқтисодиву иҷтимоии пойтахт ва таҳкими муносибати некбинона бо меҳмонону сайёҳони дохиливу хориҷӣ масъулини сохторҳои марбута ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр муваззаф карда шуданд, ки корҳои тарғиботӣ ва тарбиявию ахлоқиро миёни сокинон тақвият бахшанд ва барои таъмини амнияти сайёҳон мунтазам корбарӣ намоянд.

Ҳамчунин  таъкид гардид, ки  дар кӯтоҳтарин муҳлат дар пойтахт  Шӯро оид ба рушди сайёҳӣ  таъсис дода шуда, аз натиҷаи он  то 1 ноябри соли равон ба Раиси шаҳр гузориш пешниҳод карда шавад.

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз роҳбарон ва масъулини тамоми сохторҳои пойтахт талаб кард, ки ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе дар самти рушду пешрафт, ободонии шаҳр ва фароҳам овардани шароити мусоиди зисту зиндагӣ  ба тамоми қишрҳои ҷомеа бетарафӣ зоҳир накарда, барои  ҳамеша тозаву озода  нигоҳ доштани шаҳр, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ, таъмини фарҳанги шаҳрнишинӣ ва мутобиқ гардонидани сатҳу сифати хизматрасонӣ дар пойтахт мутобиқ ба талаботи муосири шаҳрдорӣ, инчунин бо назардошти чорабиниҳои муҳими сатҳи байналмилалӣ, ки имсол дар шаҳри Душанбе баргузор мегарданд, тадбирҳои мушаххас  андешанд.

Иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе як зумра қарорҳои қабул намудаи Раиси шаҳри Душанберо дар робита ба масъалаҳои муҳими соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ баррасӣ ва тасдиқ кард.

Аз рӯи ҳамаи масъалаҳои муҳокимашуда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Сентябрь 24, 2018 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе бо мақсади тавсеаи фаъолият дар самти кор бо занон ва оила ҷаласаи сайёр баргузор шуд
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе омодагӣ ба ташкили истироҳати кӯдакону наврасон оғоз гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд мулоқот намуданд
Шаҳрҳои Душанбе ва Нарваи Эстония ҳамкориро дар соҳаҳои гуногун тақвият медиҳанд
Лоиҳаи Харитаи электронии шаҳри Душанбе муаррифӣ гардид
Аз 26 апрел дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Рустами Эмомалӣ сокинони шаҳри Душанберо ба муносибати Рӯзи пойтахт табрик намуданд
Ғолибон ва ҷоизадорони Ниммарафони XIV байналмилалии Душанбе муайян шуданд
ДУШАНБЕ — ҶАВҲАРИ ҶИЛОНОК ДАР БАЙНИ КӮҲҲОИ САРБАФАЛАККАШИДАИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт
ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН! Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Ниммарафони 14-уми байналмилалӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад