Дар Кӯлоб муҷассамаи устод Рӯдакӣ дубора қомат афрохт
КӮЛОБ, 22.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ субҳи имрӯз дар назди бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб муҷассамаи сардафтари адабиёти форсу тоҷик, шоири забардаст, султони шоирон Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ки донишгоҳи мазкур ба исми ин абармарди дунёи шеър гузошта шудааст, қомат афрохт.
Тавре хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ҷамъомаде, ки бо ин мақсад доир гардид, раиси шаҳри Кӯлоб Хайруллоҳ Амонуллоҳ, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Абдулло Ҳабибулло, муовини Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Раҳматулло Мирбобоев, шоирону нависандагон, роҳбарону мудирони макотиби олию миёнаи шаҳр, инчунин донишҷӯён ширкат доштанд.
Раиси шаҳри Кӯлоб Хайруллоҳ Амонуллоҳ дар назди иштирокдорони ин ҷамъомад дар бораи аҳамияти осори Рӯдаки барои миллати куҳанбунёди тоҷик ибрози андеша намуд. Номбурда, аз ҷумла, зикр кард, ки осори устод Рӯдакӣ дар замони имрӯза, пеш аз ҳама, дар тарбияи ҷавонони мамлакат, дар дӯст доштани Ватан, эҳтиром гузоштан ба фарҳангу арзишҳои миллӣ, доро шудан ба хислатҳои неки инсонӣ нақши муассир дорад.
Дар ҷамъомад ҳамчунин ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Абдулло Ҳабибулло зикр кард, ки осори Рӯдакӣ на танҳо барои таълиму тарбия, балки барои ба вуҷуд овардани дастурҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ низ ба манфиат хоҳад буд.
«Қомат афрохтани муҷассамаи Устод Рӯдакӣ дар назди донишгоҳи мо шаҳомати ин даргоҳро афзуда, он ҳидоятест ба донишҷӯёну сокинони шаҳр, ки мисли устод Рӯдакӣ ҳамеша тараннумгари андешаҳои инсонпарварона ва номбардори миллат бошанд », — афзуд А.Ҳабибулло.
Ёдовар мешавем, ки баъди сохтмони бинои нави ҳафтошёнаи Донишгоҳи давлати шаҳри Кӯлоб ҳайкали устод Рӯдакӣ баъди навсозӣ дубора дар назди ин донишгоҳ қомат афрохт.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба як қатор фаъолони донишгоҳ, ки дар баланд бардоштани таълиму тарбия саҳм гузоштаанд, ифтихорномаву сипосномаҳо тақдим гардид.








Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид






