Гулгашти хиёбони Рӯдакии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе «Боғи ба номи Аҳмади Дониш» номгузорӣ шуд

Сентябрь 25, 2018 13:15

ДУШАНБЕ, 25.09.2018/АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади ободонӣ ва боз ҳам зебову ҷолиб гардонидани симои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе  гулгашти хиёбони Рӯдакии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар  2,85 гектар «Боғи ба номи Аҳмади Дониш» номгузорӣ карда  шуд. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ  ба имзо расид.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри  Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод  гардида,  дар асоси ҳамин қарор боғи мазкур ба тавозуни  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе гузаронида  мешавад.

Тибқи қарори зикршуда,  муовини Раиси шаҳри Душанбе–сарпарасти соҳа ва раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ якҷо бо сохторҳои дахлдор  вазифадор гардидаанд, ки ҷиҳати фаъолияти минбаъдаи боғи мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд.

 

Сентябрь 25, 2018 13:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид