Гулгашти кӯчаи Ф.Муҳаммадиеви ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба «Боғи фарҳангу фароғатии Восеъ» табдил дода мешавад

Сентябрь 4, 2018 15:35

ДУШАНБЕ, 04.09.2018 / АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади ободонӣ ва боз ҳам зебову ҷолиб гардонидани симои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе  аз 28 апрели соли 2017  гулгашти кӯчаи Ф.Муҳаммадиеви ноҳияи Сино ба «Боғи фарҳангу фароғатии Восеъ» табдил дода мешавад. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расид.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, тибқи қарори мазкур  гулгашти кӯчаи Ф.Муҳаммадиеви ноҳияи Сино дар қитъаи замини масоҳаташ 4  гектар «Боғи фарҳангу фароғатии Восеъ» номгузорӣ шуда, он  ба тавозуни  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе гузаронида  мешавад.

Ҳамчунин тибқи қарори зикршуда, роҳбарони сохторҳои  дахлдор  вазифадор гардидаанд, ки ҷиҳати фаъолияти минбаъдаи боғи мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд.

 

Сентябрь 4, 2018 15:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид