Ифтитоҳи Толори қабули меҳмонони расмӣ дар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе»
ДУШАНБЕ, 26.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. 26 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Толори қабули меҳмонони расмии Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе»-ро ифтитоҳ карданд.
Толори қабули меҳмонони расмӣ бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири дар сатҳи баланд ва тибқи анъанаҳои накуи меҳмоннавозии миллати тоҷик пазироӣ кардани намояндагони расмии кишварҳои хориҷ, аз ҳисоби маблағҳои даромади Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бунёд шудааст.
Корҳои сохтмонӣ моҳи марти соли 2017 оғоз гардида, иншоот моҳи сентябри соли 2018 бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои меъморию сохтмонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Дар рафти сохтмон наздики 600 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори муваққатӣ ва маоши хуб таъмин шуданд.
Толори қабули меҳмонони расмӣ аз 3 ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Дар бинои мазкур барои қабулу меҳмоннавозии мусофирон даҳҳо адад ҳуҷраҳои хуштарҳ ва барҳаво, аз ҷумла бахши қабули аъзоёни ҳукуматҳои кишварҳои хориҷ, ҳуҷраҳои консулгарӣ, маъмурият, хонаҳои кории кормандони сарҳад ва гумрук, ҷойи коркарди бору бағоҷ, 8 адад ҳуҷра барои баргузории мулоқотҳои дуҷониба, 4 адад тарабхонаи замонавӣ, мағозаи фурӯши молу маҳсулот, туҳфаҳо, гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва гумрукӣ бунёд шудааст.
Барои ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ кардани хизматрасонии толори фурудгоҳ 2 адад лифт, 47 камераи мушоҳидавӣ, 1 адад таҷҳизоти муоинаи рентгении бору бағоҷ, системаи ҳозиразамони аз сӯхтор огоҳкунанда ва дастгоҳҳои тозакунии ҳаво насб гардидааст.
Дар ҳудуди ҳавлии иншоот таваққуфгоҳ барои 400 адад мошини сабукрав сохта шуда, таваққуфгоҳи тайёраҳо ва роҳравҳои майдони фурудгоҳ дар масоҳати 12 ҳазор метри мураббаъ азнавсозӣ гардидааст. Дар саҳни ҳавлӣ инчунин як айвони бо нақшу нигори миллӣ кандакоришуда бо 10 ҷойи нишаст барои истироҳати меҳмонони олиқадр сохта шудааст. Ҳудуди Толори қабули меҳмонони расмӣ бо 45 адад сутунпоя ва чароғҳо равшан мегардад. Роҳраву гулгашти атрофи иншооти қабули меҳмонон бо гулу буттаҳои ороишии гуногун оро ёфтааст.
Роҳҳои мошингарди даромади фурудгоҳ аз буриши кӯчаи Мастонгулов то бинои асосӣ пурра азнавсозӣ гардид.
Фурудгоҳ даромадгоҳи ҳар як давлат ба ҳисоб меравад ва таҷассумкунандаи фарҳангу маданияти пазироии меҳмонон аз тарафи кишвари мизбон аст.
Бо бунёди Толори қабули меҳмонони расмӣ, оро додани он бо нақшу нигори миллӣ, кандакорӣ, гаҷкорӣ, оинабандӣ ва овезон кардани мусаввараҳои манзараҳои дилфиреби кишвари биҳиштосои Тоҷикистон имкон фароҳам омад, ки ба ҷаҳониён маданияти баланди меҳмоннавозии давлату миллати тоҷик муаррифӣ гардад.
Толори қабули меҳмонони расмӣ бо тарҳи хеле зебо сохта шуда, намои берунии он аз сангҳои ватанӣ оро дода шудааст.
Баъди шиносоии пурра бо шароиту имкониятҳои қабули меҳмонони олиқадр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ба роҳбарият ва кормандони Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» барои иқдоми шоиста изҳори сипос намуданд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич хатти нави оби полезиро бо дарозии 12 километр мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич ба таври фосилавӣ 12 иншооти гуногунтаъйинотро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич бинои нави беморхонаи марказии №6-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон бо лоиҳаи сармоягузорӣ барои бунёди комплекси сайёҳии Шаҳристон — эко резорт шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон тариқи фосилавӣ 7 иншооти иқтисодию иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Шаҳристон ташриф оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ ба таври фосилавӣ 10 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ Корхонаи истеҳсоли сурмаро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими эҳтиром ва видоъ бо собиқ Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон шуданд
Сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон






