Имрӯз дар Душанбе китоби Абдулҳамид Самад «Печутоби тақдир» рӯнамоӣ гардид

Сентябрь 27, 2018 16:00

ДУШАНБЕ, 27.09.2018. /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон  китоби    ба тозагӣ тарҷумашудаи Нависандаи халқии Тоҷикистон,  дорандаи Ҷоизаи  давлатии ба номи А.Рӯдакӣ  Абдулҳамид Самад «Печутоби тақдир» (“Зигзаги судьбы”)  рӯнамоӣ карда шуд.

Дар  маҳфил ректори Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон  Нуралӣ Солеҳов, проффесорон ва устодону донишҷӯёни донишгоҳи мазкур иштирок намуда, андешаҳояшонро оид ба ин китоб баён намуданд.

Абдулҳамид Самад  дар суҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар» зикр намуд, ки китобро Маркази тарҷумаи иттифоқи нависандаҳои Тоҷикистон  тарҷума ва ба чоп омода намуд.  Дар китоби мазкур  тарҷумаи повесту ҳикояҳои солҳои гуногун ҷамъоварӣ шудаанд. Моҳияти китоб ҳаёти инсон,  печутобҳои тақдир,  пастиву баландиҳои зиндагиро фаро гирифтааст.

Зимни суҳбат дотсенти кафедраи адабиёти ҷаҳони Донишгоҳи славянии Россияву  Тоҷикистон Азимҷон Аминов  зикр намуд, ки «эҷодиёти Абдулҳамид Самад  бисёрҷамба буда, хусусиятҳои хоси худро дорад. Ӯ хислатҳоеро, ки дар ҳаёт мушоҳида кардааст,   дар образи қаҳрамонҳояш инъикос карда, ҳамчунин кӯшиш мекунад, ки онҳоро такмил диҳад.   Эҷодиёти ӯ бисёр ғанист, ки ин кори тарҷумонҳоро як андоза душвор мекунад. Яке аз хусусиятҳои хоси эҷодиёти А. Самад он аст, ки ӯ дар чанд саҳифа метавонад хислати қаҳрамони  нотакрорро  офарад.    Қаҳрамонҳои ӯ аз ҳаёти воқеӣ гирифта шудаанд, аз ин рӯ хонанда  вақти мутолиаи асарҳо онҳоро ба осонӣ  қабул мекунад».

Дар фарҷоми маҳфил миёни иштирокдорон ва масъулин мубодилаи афкор сурат гирифт.

Зикр гардид, ки бо тарҷумаи китобҳо ва ташкил намудани чунин чорабиниҳо ашъори пурғановати  олимону нависандагони мо дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ гардида, дӯстдорон ва аҳли қалам доир ба эҷодиёти шоирону нависандагони машҳури ватанӣ ва ҷаҳонӣ маълумоти бештар хоҳанд гирифт.

Сентябрь 27, 2018 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид