Марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018» ҷамъбаст гардид
ДУШАНБЕ, 25. 09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти марҳилаи якуми Ситоди ҷумҳуриявии амалиёти «Кӯкнор-2018» ҷаласа баргузор гардид.
Мавриди зикр аст, ки бо мақсади амалӣ намудани «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ҳамасола дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду марҳила-аз 20 май то 31 август ва аз 1 сентябр то 30 ноябри соли равон дар ҳудуди ҷумҳурӣ амалиёти «Кӯкнор» гузаронида мешавад.
Тавре аз Агентии назорати маводи нашъаовар ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷаласа намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ иштирок намуда, ҳисоботи сардори шуъбаи фаврӣ-ҷустуҷӯии Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар дар вилояти Суғд ва сардори Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар дар вилояти Хатлон оид ба ташкили гурӯҳҳои корӣ, дуруст ба роҳ мондани кор дар ин самт ва ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор, баргузории чорабиниҳои маҷмӯии таблиғотию пешгирикунанда дар байни аҳолӣ шунида шуд.
Зикр гардид, ки ҳадафи амалиёти «Кӯкнор» ошкор ва нобуд кардани растаниҳои нашъадори худрӯй ва ғайриқонунӣ киштшуда, бастани роҳҳои интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин гузаронидани чорабиниҳои маҷмӯии таблиғотӣ-пешгирикунанда дар байни табақаҳои мухталиф дар қаламрави ҷумҳурӣ мебошад.
Ҳамчунин диққати ҳозирин ба рафъи камбудиҳои ҷойдошта ва ҷоннок намудани фаъолият дар ин самт ҷалб карда шуд.








Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад






