Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангу фароғатии «Дӯстии халқҳо» ба «Боғи фарҳангу фароғатӣ ба номи Абулқосим Фирдавсӣ» табдил дода шуд

Сентябрь 5, 2018 21:14

ДУШАНБЕ, 05.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ аз 4 сентябри соли 2018 Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангу фароғатии «Дӯстии халқҳо»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба «Боғи фарҳангу фароғатӣ ба номи Абулқосим Фирдавсӣ»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иваз карда шуд.

Тавре  аз Раёсати  иттилоот ва робитаҳои  хориҷии дастгоҳи  Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд,  ном ва матни қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 30 октябри соли 2017, №639 «Дар бораи тасдиқ намудани Оиннома, фонди музди меҳнати роҳбарият, басти воҳидҳои корӣ ва музди меҳнати кормандон, Низомнома дар бораи ҳавасмандгардонии ҳайати роҳбарикунанда ва кормандони Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангу фароғатии «Дӯстии халқҳо»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тағйири ном кард.

Мутобиқи қарори мазкур директори Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангу фароғатӣ ба номи Абулқосим Фирдавсӣ» вазифадор гардидааст, ки  ҷиҳати ворид намудани тағйироти зарурӣ ва бо тартиби муқарраргардида дар мақомоти дахлдор ба қайди давлатӣ гирифтани онҳо тадбирҳои зарурӣ андешад.

Сентябрь 5, 2018 21:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад