Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Муовини Сардори Шӯрои марказии ҳарбии Ҷумҳурии Мардумии Чин Сюй Тсилян
ДУШАНБЕ, 5.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми рӯзи 5 сентябри соли 2018 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муовини Сардори Шӯрои марказии ҳарбии Ҷумҳурии Мардумии Чин Сюй Тсилянро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар ҷараёни мулоқот масоили рушду густариши минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Чин баррасӣ гардид.
“Таҳкими муносибатҳо дар соҳаи ҳарбӣ ва ҳарбӣ — техникии Тоҷикистону Чин, яке аз масъалаҳои муҳими ҳамкории кишварҳои моро ташкил медиҳад” — таъкид намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Ҷонибҳо аз ҳамкории давлатҳо, ки характери стратегӣ ва шарикии ҳамаҷониба дорад, қаноатмандӣ намуда, изҳори умед карданд, ки бо талошҳои пайваста он ба таври бемайлон рушд мекунад.
Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии Тоҷикистону Чин, иҷрои созишномаҳои қаблан қабулшуда, саҳми кишвари ҳамсоя баҳри таъмини амният дар сарҳади давлати мо бо Афғонистон ва муборизаи дастаҷамъона бо хатарҳои ҷаҳони муосир — терроризму экстремизм, радикализм, инчунин пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Зимни суҳбати самимӣ, ки дар фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ ҷараён гирифт, инчунин дигар масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ муҳокима гардид.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд






