Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Кумитаи иҷроия-котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев
ДУШАНБЕ, 26.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Кумитаи иҷроия-котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедевро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот масъалаҳои вобаста ба баргузории ҷаласаи навбатии Шӯрои Сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар пойтахти мамалкат шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Тавре таъкид гардид, дар давраи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИДМ кишвари мо барои татбиқи ҳадафҳои консепсияи Иттиҳод фаъолона мусоидат намуда, дар рушди ҳамгироии давлатҳо дар доираи иттиҳод нақши назаррас мегузорад.
Ба нақши Тоҷикистон дар давраи раёсаташ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар рушду тавсеаи муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ, нақлиёт ва инфрасохтори соҳа, муносибатҳои иҷтимоӣ-меҳнатӣ ва гуманитарӣ баҳои баланд дода, ҷонибҳо саҳми кишвари моро дар таҳкими ҳамгироии давлатҳои аъзои иттиҳод дар соҳаи ҳарбӣ, ҳарбӣ –техникӣ, ҳамкории сохторҳои қудратӣ ҳангоми ҳолатҳои фавқулода ва таъмини амнияту бехатарӣ баланд арзёбӣ намуданд.
Сергей Лебедев ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои идомаи татбиқи нақшаи чорабиниҳои ИДМ доир ба марҳилаи сеюми Стратегияи рушди иқтисодии ИДМ барои давраи то соли 2020, муқараротҳои Шартнома оид ба минтақаҳои озоди тиҷоратӣ ва ҷонибдорӣ аз ташаббуси Кумитаи иҷроияи ИДМ вобаста ба эълон намудани шаҳри Душанбе пойтахти фарҳангии ИДМ дар соли 2021 изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуд.
Дар мулоқот ҳамзамон дигар масъалаҳои марбут ба ҳамгироии давлатҳои аъзои Иттиҳод барои давраҳои оянда мавриди баррасӣ қарор дода шуд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд






