Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков
ДУШАНБЕ, 27.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми рӯзи 27 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков мулоқот карданд.
Дар ҷараёни мулоқот масоили рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, илмӣ, техникӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбари давлати ҳамсояро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, изҳори боварӣ карданд, ки мулоқоти имрӯза боз як қадами муҳим дар ҳалли масъалаҳои марбут ба пешбурди муносибатҳои накуи ҳамсоягии Тоҷикистону Қирғизистон хоҳад буд.
Сарони давлатҳо барои густариши муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ, афзоиши гардиши мол, истифодаи имкониятҳои бузурги ҳамкорӣ, баҳрабардорӣ аз захираҳои обию энергетикӣ, татбиқи саривақтии лоиҳаи бузурги дорои аҳамияти минтақавӣ — СASA-1000, таъсиси механизмҳои муштарак барои коркарди меваю сабзавот ва таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёту коммуникатсия, фаъол кардани нақши Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба маҷмуъи масъалаҳои дуҷонибаро амри муҳим маънидод карданд.
Тоҷикистону Қирғизистон дорои сарҳадоти умумӣ мебошанд ва ҷонибҳо ҷиҳати ҳалли ҳар чи зудтари масъалаҳои марбут ба сарҳади давлатӣ ибрози андеша карданд.
Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ карда шуд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд






