Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо прокуророни генералии давлатҳои аъзои ИДМ ва СҲШ
ДУШАНБЕ, 20.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон прокуророни генералии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Ҳамкории Шанхайро ба ҳузур пазируфтанд.
Сарвари давлат дар оғоз ҳамаи меҳмононро хайрамақдам гуфта, ба кори Ҷаласаи 28-уми Шӯрои ҳамоҳангсозии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ҷаласаи 16-уми прокуророни генералии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай, ки дар шаҳри Душанбе баргузор мегарданд, барору комёбӣ орзу карданд.
Президенти мамлакат Прокуратураро яке аз сохторҳои муҳимтарини дастгоҳҳои давлатӣ ва ҷомеаи қонунӣ арзёбӣ карда, изҳори умед намуданд, ки мулоқотҳои имрӯза барои табодули таҷриба ва муайян кардани самтҳои нави кӯшишҳои муштарак ҷиҳати тақвият додани волоияти қонун, амният ва субот дар кишварҳо имкон фароҳам меорад.
Зимни мулоқот масъалаҳои муборизаи муштарак бар зидди ҷинояткорӣ, аз ҷумла шаклҳои трансмиллӣ ва муташаккили он, шиддатнокии таҳдидҳои терроризм, экстремизм, ифротгароии сиёсиву динӣ ва амалҳои харобиовари ҳаракатҳои ифротгаро, ҳамчунин дигар мушкилоти амниятӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар ин зимн Сарвари Давлати Тоҷикистон бо ибрози таассуф аз мавқеъгирии созмонҳо ва ҷонибҳои алоҳида нисбати зуҳуроти терроризм ва экстремизм бо истифода аз меъёрҳои “духура” изҳори нигаронӣ кард.
Таъкид гардид, ки бар асари омили мазкур гурӯҳҳо ва ҳаракатҳои мухталифи террористиву экстремистӣ таҳти парастории иттилоотиву сиёсӣ, молиявӣ ва дигар шаклҳои дастгирии кишварҳо ва созмонҳои алоҳида қарор гирифта, фаъолияти харобкоронаи худро идома медиҳанд.
Аз вазъи мураккаби сиёсӣ дар як қатор кишварҳои ҷангзадаи олам, оқибатҳои фалокатбори муноқишаҳои сиёсӣ ва талафоти ҷонии аҳолии осоиштаи ин давлатҳо изҳори нигаронӣ карда, ҳамгироии муштараки кишварҳои аъзои ИДМ ва СҲШ, барои таъмини амният дар қаламрави давлатҳо ва минтақа зарур шумурда шуд.
Ба нақши калидии Маркази зиддитеррористии ИДМ, Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ ва Ассотсиатсияи байналхалқии прокуророн дар самти муборизаи муштарак бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва аслиҳа, таъмини амнияти иттилоотӣ, мубориза бо ҷинояткории кибернетикӣ ва дигар зуҳуроти барои ҷамъият хавфнок аз масъалаҳои дигару муҳими мулоқот буданд.
Дар мулоқот прокурорҳои генералӣ ва роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои аъзои ИДМ ва СҲШ, аз ҷумла Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷумҳурии Ҳиндустон, ҳамчунин кишварҳои нозир ва шарикони муколамаи СҲШ — Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Халқии Монголия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Непал, Шри-Ланка, Президенти Ассотсиатсияи байналмилалии прокурорҳо Герхард Ярош ва Прокурори генералии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба ҳайси меҳмонони даъватшуда ширкат варзиданд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст






