Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян

Сентябрь 27, 2018 19:21

ДУШАНБЕ, 27.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. 27 сентябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян мулоқот карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Арманистонро, ки бори аввал ба Тоҷикистон ташриф овардааст, хайрамақдам гуфтанд.

Зимни мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, мошинсозӣ, саноати куҳию нассоҷӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, воридоти технологияи муосир дар саноати сабук, таъсиси корхонаҳои муштарак оид ба коркарди сангҳои қимматбаҳо ва истеҳсоли маҳсулоти заргарӣ, технологияҳои телекоммуникатсионӣ, пешниҳоди хизматрасонии молиявию бонкӣ, идораи бахши энергетика, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои робитаҳои гуманитарӣ, фарҳанг, илму маориф, тандурустӣ ва сайёҳӣ зарур шумурда шуд.

Ҳар ду ҷониб оид ба муборизаи муштарак бар зидди терроризми байналхалқӣ, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва дигар таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир табодули андеша карданд.

Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Сарвазири Арманистон даъват ба амал оварданд, ки дар вақти барояшон мусоид ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф оранд.

Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян 27.09.2018

Сентябрь 27, 2018 19:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд