Муроҷиати сокинони шаҳри Ваҳдат ба хоинони миллат

Сентябрь 19, 2018 09:37

ВАҲДАТ, 19.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. «Тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ пахш гардидани изҳороти чанд нафар аъзои ташкилоти мардумфиреби террористию экстремистии ҲНИ  дар Рўзи таҷлили Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон табъи кулли сокинони кишварро ошуфта гардонид», — гуфта мешавад дар Муроҷиатномаи сокинони шаҳри Ваҳдат. Дар он омадааст:.

Онҳо боз аз шеваи дерини худ истифода карда, мардуми тоҷикро аз нав ба доми худ кашида, зиндагии ободи ҳамватанони моро ноором карданианд.

Хушбахтона, имрўз мардуми азиятдидаи тоҷик рӯзҳои сахти ҷанги хонумонсўзи шаҳрвандиро, ки бо айбу гуноҳи ана ҳамин «ватандорони ватанфурўш» сар зада буд, фаромӯш накардаанд ва хуб медонанд, ки  хайрхоҳу дилсўзашон кист.

Бо айби ана ҳамин «ватандўстони истиқлолиятшинос», ки дар асл заррае ба Ватан меҳру муҳаббат надоранду истиқлолиятро  ҳарзагўие беш намедонанд, миллату Ватани азизу маҳбубамон қариб ба  нобудӣ мерасид.

Онҳо соҳибистиқлолиро дар бадномкунии роҳбарон, аз онҳо истеъфо талаб кардан дида, худро дилсўзи Ватану мардумпарвар эълон дошта, оммаро ба қонуншиканиву    бетартибиҳо даъват менамуданд, ки оқибаташ ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонид.

Бо айби ана ҳамин «ватанхоҳону ҳомиёни истиқлолият» кишварамон оғўштаи хун гардид. Ҳазорон бегуноҳон ба ҳалокат расидаву иқтисодиёти кишварамон харобу валангор ва дастгоҳи давлатдориамон фалаҷ гардид.

Шукри Офаридгор, ки оқибат пас аз панҷ соли даҳшати ҷангу сарсонию саргардониҳо дар кишвари тоҷик бахту саодат ва сулҳу субот ҳукмрон гардид, ки ин дастовардҳо барои кулли мардум аз ҷонашон ҳам азизтар аст!

Бахтовару сулҳоварашон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки аз рўи эҳтирому ихлоси бепоён ва арҷгузорӣ барои заҳмату ҷоннисориҳояшон дар ҳифзи миллату давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат ном мебаранд.

Агар ин «ватанхоҳону ҳомиёни истиқлолият» воқеан миллатдўсту ватанпарвар мебуданд, бо назардошти  риояи маърифати баланди гузаштагонамон  дар як кишвари бегона боз забон ба бадномкунии  ҳамватанони хеш намекушоданд.

Бешак, онҳо боз нияти  пиёда кардани нақшаҳои   навбатии худро доранд, ки ин нақшаҳои дар ҳамкорӣ бо душманони хориҷии миллату мамлакатамон тарҳрезишуда ба миллату Ватан ба ҷуз бадбахтӣ чизе намеоваранд.

Аммо мо — сокинони шаҳри Ваҳдат, бахусус, фаъолони шаҳр ба ин ҳамватанони бегонапарастамон бо қатъияти том изҳор медорем, ки дигар касе ба ҳарзаҳои шумо гўш намедиҳад.

Ҳар яки мо кохи сулҳу осоиштагӣ ва ваҳдати саросарии миллатамонро, ки меъмораш Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, бо тамоми ҳастӣ эътироф намуда, дар ҳифзи он ҳастии хешро мебахшем.

Аз шумо, ҳарзагўёни ақлбохта даъват ба амал меоварем, ки ба амалҳои нангини хеш хотима бахшидаву нисбат ба Ватану миллати хеш некнияту хайрхоҳ бошед, то муҳаббати миллату омўрзиши Худованд насибатон  бошад!

Сентябрь 19, 2018 09:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд