НАҚШИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРАИ РАЁСАТАШ ДАР ИДМ. Дар ин бора муовини директори МТС-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» маълумоти муфассал дод
ДУШАНБЕ, 27.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Кумитаи иҷроия-котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедевро ба ҳузур пазирфтанд. Дар ҷараёни мулоқот таъкид гардид, ки дар давраи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИДМ кишвари мо барои татбиқи ҳадафҳои консепсияи Иттиҳод фаъолона мусоидат намуда, дар рушди ҳамгироии давлатҳо дар доираи иттиҳод нақши назаррас мегузорад. Ба нақши Тоҷикистон дар давраи раёсаташ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар рушду тавсеаи муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ, нақлиёт ва инфрасохтори соҳа, муносибатҳои иҷтимоӣ-меҳнатӣ ва гуманитарӣ баҳои баланд дода, ҷонибҳо саҳми кишвари моро дар таҳкими ҳамгироии давлатҳои аъзои иттиҳод дар соҳаи ҳарбӣ, ҳарбӣ –техникӣ, ҳамкории сохторҳои қудратӣ ҳангоми ҳолатҳои фавқулода ва таъмини амнияту бехатарӣ баланд арзёбӣ намуданд.
Самтҳои афзалиятноки раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИДМ-ро муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарида МУМИНОВА зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» чунин шарҳ дод:
Дар доираи раёсати худ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан ҳам фаъолиятҳои зиёдеро сарбаландона амалӣ намуд, ки ба рушди устувору таъмини амният дар ҳар як кишвари аъзо мусоидат намуд.
- Самтҳои афзалиятноки фаъолият дар доираи Раисии кишвар дар ИДМ бештар ба ҳалли чунин вазифаҳо пайваст аст:
- тақвияти робитаҳои корӣ байни кишварҳои ИДМ дар доираи СММ ва дигар ташкилотҳои байналхалқӣ дар амалишавии Ҳадафҳои рушди устувор, аз ҷумла коҳиш додани саҳи камбизоатӣ, таъмини дастрасӣ ба оби ошомиданӣ ва энергияи тоза;
- устуворгардонии муносибатҳо ва алоқаҳои таърихӣ дар байни кишварҳои ИДМ бо таъмини эҳтироми манфиатҳои миллӣ, шарикият дар такмили неру ва устувории рушд;
- баланд намудани нақши ИДМ дар ҳалли масъалаҳое, ки бо таъмини амният ва устуворӣ, аз ҷумла дар сарҳадҳои ҷануби Иттифоқ пайваст мебошанд, такмили фаъолияти мақомоти ИДМ дар самти мубориза ва пешгирии чолишҳои нави амниятӣ;
- таваҷҷуҳ бахшидан ба устуворгардонии ҳамкорӣ дар самти мубориза бо терроризм ва экстремизм, мубодилаи маводи мухаддир бо ба инобат гирифтани нақши СММ дар ҳалли масъалаҳои байналхалқӣ ва таъмини амният дар ҷаҳон;
- устувор гардонидани ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ- техникӣ, аз ҷумла дар амалишавии Консепсияи ҳамкории ҳарбии кишварҳои ИДМ то соли 2020 ва Барномаи ҳамкорӣ дар устуворгардонии амнияти сарҳадӣ барои солҳои 2016-2020;
- тақвияти ҳамкории иқтисодӣ, аз ҷумла дар бахшҳои энергетика, саноат, нақлиёту коммуникатсияҳо;
- инкишофи ҳамкорӣ дар бахши фарҳангию гуманитарӣ.
- Нақшаи чорабиниҳо дар доираи Раисии кишвар дар ИДМ таҳия ва мавриди амал қарор гирифт, ки дар маҷмўъ 42 чорабиниро дар бар мегирад. Дар ин раванд силсилаи вохўриҳо, нишастҳо дар сатҳи баланд, аз ҷумла дар доираи ҷаласаҳои шӯроҳои Сарони кишварҳо ва Ҳукуматҳо, шӯроҳои вазирони корҳои хориҷӣ ва адлия, прокурорҳои генералӣ, шӯроҳо доир ба ҳамкорӣ дар бахши тандурустӣ, илм, ҷавонон ва меҳнат баргузор гардид, ки дар онҳо мубодилаи афкор доир ба вазъ ва самтгирии рушди ҳамкорӣ, иттилооту таҷриба таъмин гардид. Бештари чорабиниҳои мазкур дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Созишномаҳои қабулшуда, дар маҷмўъ, бо таъмини устувории вазъ дар бахшҳои гуногуни рушд, тақвияти чорчўбаи меъёрию ҳуқуқии ҳамкорӣ ва ҳамгироиҳо барои муборизаю пешгирии чолишҳои нав пайваст мебошанд.
- Дар доираи ИДМ Соли 2018 соли фарҳанг эълон гардида буд. Аз ин лиҳоз силсилаи чорабиниҳои байналхалқӣ бо шукӯҳи хосса дар доираи ин бахш баргузор гардид, аз ҷумла:
- чорабиниҳо бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналхалқӣ (март, Душанбе);
- Фестивали байналхалқии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» (апрел, Душанбе);
- Намоишгоҳи байналхалқии китоб (сентябр, Душанбе);
- Форуми 13-уми зиёиён, кормандони бахшҳои фарҳангу илм (июн, Остона).
Пешбинӣ мешавад, ки масъалаи Соли меъморию шаҳрсозӣ эълон намудани соли 2021 дар ИДМ ва пойтахти фарҳангии ИДМ эълон шудани шаҳри Душанбе дар доираи ҷаласаи Шӯрои Сарони кишварҳои ИДМ рӯзҳои 27-28 сентябри соли ҷорӣ баррасӣ мегардад. Ин мояи ифтихору масъулияти баланди ҳар як сокини Душанбе бояд бошад.
- Муҳокима ва баррасии масъалаҳои таъмини амният, фаъолияти дастаҷамъӣ бо терроризму экстремизм ба таъмини устувории рушди иҷтимоию иқтисодии кишварҳои ИДМ заминаи муҳим мерасонад. Фаъолиятҳо дар самти ривоҷи ҳамкории илмӣ, таъмини рушди инноватсионии кишварҳо амалӣ гардид, аз ҷумла созишномаҳои мушаххас доир ба ташаккул ва рушди бозори моликияти зеҳнӣ, консепсияи ҳамкорӣ доир ба рушди инноватсионии энергетика қабул карда шуд. Дар ин раванд лоиҳаи байналхалқии ҷавон «100 идея барои ИДМ» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Баргузории силсилаи ҷаласаҳо доир ба раванди амалишавии Стратегияи «Саломатии аҳолии кишварҳои ИДМ» ба ривоҷи ҳамкорӣ дар бахшҳои пешгирӣ ва табобати касалиҳои саратону қанд, таъминоти тиббӣ – санитарии нақлиёти ҳавоӣ мусоидат намуд. Дар доираи баррасии масъалаҳои шуғл мубодилаи маводи иттилоотию методӣ, меъёрию ҳуқуқӣ, коркарди принсипҳои ягонаи ташаккулу истифодаи стандартҳои касбии кишварҳои ИДМ таъмин гардид.
- Ҳоло марҳилаи сеюми иҷрои Стратегияи рушди иқтисодии кишварҳои ИДМ мавриди амал қарор гирифтааст. Тоҷикистон барои иҷрои нақшаи чорабиниҳои Стратегияи мазкур низ дар давоми сол мусоидат намуд.
Бояд зикр намуд, ки неруи ҳамкории иқтисодии кишварҳои ИДМ бузург буда, ниёз ба такмили механизмҳои амалӣ намудани чунин ҳамкорӣ ҷой дорад. Дар давоми соли ҷорӣ ҳаҷми мубодилаи маҳсулот дар доираи ИДМ нисбат ба соли гузашта дар ҳудуди 15% афзуда, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 84,7 млрд. долларро ташкил намуд (барои муқоиса — дар ҳамин давраи соли 2017 ҳаҷмҳо ба 73,7 млрд. долл. баробар буданд).
Албатта, ҳар як кишвари аъзои ИДМ имконияту манфиатҳои худро дар бозорҳои хориҷӣ амалӣ мегардонад, вале Тоҷикистон дар доираи раисии худ дар иттиҳод кўшиши мусоидат намудан ба инкишофи базаи меъёрию ҳуқуқии ташкили муносибатҳои иқтисодӣ, мутобиқгардонии ИДМ ба вазъиятҳои зудтағйирёбандаи муосирро амалӣ намуд.
Дар маҷмўъ, фаъолиятҳо дар самти баррасии масъалаҳои рушд бо раисии Тоҷикистон дар ИДМ то охири сол идома меёбанд, дар ин самт иҷрои силсилаи чорабиниҳо дар назар аст, ки пайдарҳамии кўшишҳоро таъмин менамояд.
Дар баробари ин, Тоҷикистон давоми ҳамаи солҳои Истиқлолияти давлатӣ иштирокчии фаъол ва бомасъулияти баррасии масъалаҳои муосири рушд дар доираи муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷониба мебошад.