Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми II роҳбарони ҷавони давлатҳои СҲШ ширкат доранд

Сентябрь 21, 2018 14:00

ДУШАНБЕ, 21.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. 20 сентябри соли равон  дар шаҳри Хабаровски Федератсияи Россия Форуми II роҳбарони ҷавони давлатҳои СҲШ расман ба кори худ оғоз намуд. Дар он намояндагони ҷавон аз давлатҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Россия, Беларус, Озарбойҷон, Ҳиндустон, Покистон ва Чин иштирок доранд.

Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар кори форум   намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш сухан гуфта, дар   мавзӯъҳои «Фаъолияти Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар байни ҷавонон, робитаю ҳамкорӣ бо ҷавонони кишварҳои аъзои СҲШ»,     «Як роҳ ва як маром дар кишварҳои СҲШ ва ҳамкории иқтисодии Аврупо» ва  «Меҳмонии ҷавонон ба минтақаҳои Тоҷикистон» маърӯза карданд.

Масъулин зимни сухан гуфтан аз имконоту шароит ва дастгириҳои Ҳукумати кишвар дар самти сиёсати давлатии ҷавонон ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки тавассути сиёсати  иҷтимоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша дар мадди назари давлат ва Ҳукумат қарор дошта, барои рушди малакаи зеҳнии онҳо шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Форуми II роҳбарони ҷавони давлатҳои СҲШ   то 23 сентябр идома меёбад.

 

Сентябрь 21, 2018 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд