НИГОРАҲОИ БЕНАЗИРИ ТОҶИКИСТОН. Вазири фарҳанг Шамсиддин Орубекзода бо намояндагони Осорхонаи Гиме мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 19.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо Сафири Франсия дар Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедар, муҳофизи фонди осорхонавии Осорхонаи «Гиме»-и шаҳри Париж хонум Валери Залески ва сардори шуъбаи намоишгоҳҳои осорхонаи мазкур хонум Кати Молле дирӯз мулоқот намуд.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар мулоқот ҷонибҳо оид ба баргузории намоиши ёдгориҳои таърихиву фарҳангии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллии санъати шарқ-Гимеи шаҳри Париж, ки аз моҳи ноябри соли 2019 то моҳи феврали соли 2020 дар назар дошта шудааст, суҳбат намуданд.
Хонум Ясмин Гуедар иброз дошт, ки барои онҳо намоиш додани нигораҳои таърихии беназири Тоҷикистон мояи ифтихор хоҳад буд.
Дар вохӯрӣ инчунин директори Осорхонаи бостоншиносии Тоҷикистон Саидмурод Бобомуллоев, муовини директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Ғафуров ва корманди шуъбаи Комиссияи миллии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО-и Вазорати корҳои хориҷиии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ифтихор Назаров иштирок намуданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ Валери Залески зикр кард, ки мақсади сафари ӯ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон оғози марҳилаи амалии омодагӣ ба намоишгоҳ, аз ҷумла, санҷидани вазъи нигораҳо барои интиқоли онҳо ба Франсия мебошад.
Зимни мулоқот ҳамчунин масъалаҳои интихоби ширкати ҳавопайпоӣ барои интиқоли нигораҳо ва муҳлати баргузории он мавриди баррасӣ қарор гирифт.








Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид






